Гузари Орифҷонбой аз маҳалҳои хеле қадимаи шаҳри Самарқанд буда, дар ин ҷо зиёиёну маорифпарварон, аз ҷумла Ҳодизодаю Шаҳидӣ, Сиддиқию Исматӣ ва дигарон зиндагӣ карда, барои рушду камоли маънавияти мардум ҳиссаи муносиб гузоштаанд.
Мо дар ин мақола оид ба фаъолияти яке аз аввалин машъалафрӯзони ин мавзеъ бародарон — Қорӣ Осим ва Обид Исматӣ ҳикоя мекунем.
Қорӣ Осим Исматӣ (1892-1950) аз зиёиёнест, ки дар ташкил кардан ва равнақ додани маорифи халқи нимаи аввали асри гузаштаи Самарқанд хеле хидмат кардаанд. Ӯ дар оилаи Исмати Сӯфӣ ном шахси босавод таваллуд шуд. Падараш ба саводнокшавии писараш аҳамият дода, ӯро ба мактаби қориён монд. Осими ҷавон муддати чанд сол Қуръонро пурра ҳифз кард. Аммо аз қоригӣ даст кашид. Чунки дар музофот мактабҳои ҷадидӣ ташкил шуданд ва Осим ба омӯхтани фанҳои дунявӣ ҳавас пайдо намуд. Бо ҳамин мақсад аввал дар мактаби навусули Абдуқодир Шакурӣ дар гузари Шарбатдор таҳсил кард, сипас бо маслиҳати устодаш курси кӯтоҳмуддати муаллимиро бомуваффақият хатм намуда, бо корҳои таълиму тарбияи насли наврас ва ташаккули маорифи халқ машғул шуд.
Бо устодаш Абдуқодир Шакурӣ дар ҳавлии яке аз шахсони сарватманди гузар мактаби на он қадар калони ҷадидӣ кушода, ба фарзандони мардуми гирду атроф таълим дод. Ӯ барои ташаккул додани мактаби худ омӯзгорони соҳибмаърифат Бобо Шарофзода, Муҳаммади Саломзода ва чанде дигаронро ҷамъ карда, аз пайи саводнокии шогирдон шуд. Онҳо дар фаъолияти худ аз китобҳои таълимии «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Таълими алифбо», «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ», «Таҳзиб-ус-сибён»-и Абдуқодир Шакурӣ, Саидризо Ализода, Исматулло Раҳматуллозода, Садриддин Айнӣ васеъ истифода мебурданд. Худи Қорӣ Осим ҳамчун донандаи илмҳои динӣ бинобар қироати Қуръон ва Таҷвид дарс мегуфт. Мактаби ӯро даҳҳо ҷавонони болаёқат аз қабили Муқаддасхон, Аъзамхон, Аъламхон Шаҳидиҳо, бародарон Ҳодизодаҳо ва аз аввалин педагогони солҳои 30-юми асри гузашта Шарофзодаҳо, ки онҳоро аҳли Самарқанд хуб мешинохтанду имрӯз низ ба некӣ ёд мекунанд, хатм намуданд.
Қорӣ Осим Исматӣ барои такмил додани фаъолияти педагогии худ чанд муддат ба курси махсус, ки шуъбаи маорифи вилоят дар омӯзишгоҳҳо ташкил карда буд, дохил шуда, онро бомуваффақият тамом кард ва дар гузари Шарбатдори шаҳри Самарқанд чанд муддат дар мактаби ҷадидии Абдуқодир Шакурӣ дар вазифаи мудирӣ фаъолият нишон дод. Маҳз дар нимаи дуюми солҳои бистуми асри гузашта ин таълимгоҳро ҷавонони соҳибистеъдод Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Кенҷа Ҳомидӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳмон Эгамбердиев ва даҳҳо дигарон хатм карда буданд, ки баъдтар аксарияти онҳо ҳамчун шоир, олим ва нависандагони бузург барои Ӯзбекистону Тоҷикистон хидмат карда, дар рушди адабиёт саҳми бузург гузоштанд.
Солҳои сиюм омӯзишгоҳи педагогии мардонаи Самарқанд, ки Исматулло Раҳматуллозода сарвари он буд, ба муаллимони болаёқат эҳтиёҷи калон дошт. Таҷрибаи ғании Қорӣ Осимро ба назар гирифта, ӯро ба ин омӯзишгоҳ даъват карданд. Вай шогирдонашро дар рӯҳи маънавияту маърифат тарбия мекард. Тӯли солҳои 1931-35 ба таври мунтазам аз Қашқадарё, Сурхондарё, Фарғона, Намангон, Бухоро ва ғайра, ҷавонписарони ташнаи илмро ба омӯзишгоҳи Самарқанд ҷалб намуд.
Қорӣ Осим маорифпарвари навовар буд. Ӯ баробари аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтан оид ба усули нави таълиму тарбия, суханшиносӣ, услубу одоби муаллим, методикаи тарбияи фикрӣ ва рӯҳии таълим ба шогирдонаш маърӯзаҳо мехонд.
Адиб ва фолклоршиноси маъруфи тоҷик Обид Исматӣ, ки додари Қорӣ Осим Исматӣ буда, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон хизмат мекард, бародарашро соли 1934 барои кор ба Душанбе даъват кард. Он солҳо дар Тоҷикистон кадрҳо намерасиданд. Қорӣ Осим аввал дар мактабҳо бо муаллимӣ машғул шуду барои камолоти як қатор омӯзгорон саҳми арзанда гузошт.
Сипас ба шуъбаи маданияти шаҳр роҳбарӣ кард, чун сардори кабинети методӣ ба ташаккулу равнақ ва такмили ихтисоси омӯзгорон саҳм гирифт.
Омӯзгори заҳматкаш чанд муддат дар омӯзишгоҳи педагогии Душанбе ба донишомӯзон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс дод. Қорӣ Осим дилбохтаи санъат буд. Ӯ дар бисёр мактабҳои Тоҷикистон таълими дарси сурудро ташкил кард. Дар маҳфилҳои мусиқӣ санъаткорони ҷавон ба воя расиданд. Вақте ки соли 1937 бародараш Обид Исматиро НКВД бо туҳмати «душмани халқ» ба ҳабс гирифтанд, қорӣ Осим дигар дар Душанбе зиндагӣ карда натавонист. Зеро муносибати баъзе ҳамкорон тағйир ёфт. Бинобар ин ба зодгоҳаш кӯч баст. Ин воқеа дар ибтидои солҳои 40-уми асри гузашта сар зада буд.
Дар Самарқанд мардум дар таҳлукаю тарсу ҳарос буданд, фикру зикри ҳама ба ҷанг буд. Бисёр ҷавонмардон ба фронт сафарбар карда шуданд. Ӯ низ хеле мехост ба майдони ҷанг рафта, бо душман ҷангад. Аммо мебоист ӯ чун омӯзгор бо таълиму тарбияи наврасон машғул шавад. Фармоиш чунин буд. Қорӣ Осим Исматӣ ва дигар омӯзгорон дар давоми дарс нафрати шогирдонро нисбат ба фашистон бедор мекарданд. Баробари ин ба оилаҳои бепарастормонда кӯмак мерасониданд. Ниҳоят ҷанг тамом шуду ҳаёти мардум оҳиста-оҳиста ба маром даромад. Қорӣ Осим дар мактаби рақами 11-уми шаҳр шогирдони босаводу аҳли фарҳангро ба воя расонид. Бинобар дилбохтаи санъат буданаш дар мактаб сурудхонӣ, шабҳои адабӣ, ба саҳна гузоштани намоишҳоро ба роҳ монд.
Машъалафрӯзи маърифат Қорӣ Осим баробари педагоги моҳир будан, дар корҳои ташкилию ободонии шаҳр фаъолона иштирок мекард. Бевосита бо ташаббуси ӯ солҳои баъди ҷанг маркази гузар хеле обод гардид. Аз ҷумла, боғи бузурги дарахтони мевадор, сарҳавзи васеи соя бунёд шуда, солиёни зиёд ба мардуми гузари Орифҷонбой хидмат кард.
Дар боғи ӯ санъаткорони машҳури Самарқанд зуд-зуд меҳмон мешуданд. Мардум то ба ҳамин қарибиҳо ин мавзеи хушбоду ҳаворо Боғи Қорӣ Осим мегуфтанд.
Хулоса, тавре ки дар урфият мегӯянд, аз некон боғ мемонад. Аз ин марди фарҳангдӯст натанҳо боғи мевазор, балки боғи илму дониш низ боқӣ монд, ки дар он аз ҳамон солҳо то имрӯз олимони забардасту санъаткорони овозадор парвариш ёфта, ба камол мерасанд.
Ҳамза ҶӮРА,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон.