Дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ҳам мисли Зомин аз имкониятҳои сайёҳӣ ба тадриҷ истифода мебаранд.
Дар ин ҷо низ хона-меҳмонхонаҳо таъсис медиҳанд. Имкони фаро гирифтани шумораи меҳмонон, чӣ сайёҳони хориҷӣ ва чӣ дохилӣ торафт афзун мегардад. Дар соҳили кӯли Ҳайдар маҷмӯаҳо ифтитоҳ меёбанд. Манзараҳои рангин, кӯҳу кӯталҳои зебо ҳар як бинандаро ба худ мутаваҷҷеҳ месозанд.
Албатта, ташкилотҳое, ки ба сайёҳӣ марбутанд, сари амалӣ гардонидани лоиҳаҳои нав ба нав кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ба қарибӣ дар деҳаи Моҷарм, воқеъ дар маҳаллаи «Дӯстлик»-и ноҳияи Фориш аз рӯйи аксияи «Ба Фориш саёҳат намо!» таҳти номи «Дурнамои сайёҳӣ дар нигоҳи ҷавонон» семинари илмиву амалӣ баргузор гардид. Дар он раисони як қатор маҳаллаҳо ширкат ҷустанд.
Бояд гуфт, ки ин семинар бо саъйи ҳокимият ва филиали Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дар Ҷиззах ташкил карда шуд. Доктори улуми техникӣ Равшан Мусурмонов, доктори илмҳои таърих, профессорон Акбар Бобобеков ва Аваз Эрматов, сарвари садорати сайёҳӣ Фаёз Қучқоровҳо ба сухан баромада, дар бораи истиқболи соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ҳарф заданд. Дар суханрониҳо гап бобати объектҳои сайёҳии самти «Фориш – Нурато – Моҷарм», сифати хидматрасонии онҳо рафт.
Дар деҳаҳои доманакӯҳ хона-меҳмонхонаҳо бунёд меёбанд. То ба он ҷо хати интернет кашида мешавад. Роҳҳои дохилӣ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад, қисми калони онҳо асфалтпӯшанд. Ин имкониятҳо даст медиҳад, ки селаи сайёҳон афзун шаванд.
Дар чорабинӣ баромади дастаи фолклории «Боғдон» ба ҳозирин завқу шавқ бахшид.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.