Мардуми мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд.
Таассуфовар аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо таҳрифоти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.
Дар «Овози тоҷик» (№ 47-48, 15 июни с. 2024.) мақолаи хабарнигори рӯзнома дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода таҳти номи «Танзими анъанаҳои миллӣ – тақозои замон» рӯйи чопро дид ва бешубҳа, хонанда онро хонда ба андеша фурӯ мениҳад.
Дар давраҳои гузашта низ яке аз мушкилоти ҷомеа масъалаи харҷу исрофи зиёд дар тӯй, азо ва маросими мухталиф буд, ки дар аксари навиштаҳои маърифатпарварони мо ин мушкилоти рӯз ифодаи худро ёфтаанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки бояд дар ҷомеа ҷашну маросимро ба танзим дароварда, харҷҳои зиёдатӣ барҳам дода шаванд.
Яке аз онҳо Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ мебошад, ки чун равшангари замон дар оғози садаи бист маъруф буд, дар боби ин масъала навиштаҳои зиёд дорад. Ӯ аз он ҳама харҷу исроф ва амалҳои зиёдатӣ дар ҷомеа ба ҳайрат омада, чунин мегӯяд:
«Ҳар чи қадар маблағе дар даст дорем, дар тӯю азо беҳуда харҷ менамоем. Бо қарз тӯй мекунем..., бой мешавем..., исроф менамоем».
Беҳбудӣ мегӯяд, ки сабаби аслии исрофкории зиёди мо дурӣ аз илму дониш ва бемаънавиятӣ аст. Чунки агар илм медоштем, ҳисобро низ мефаҳмидем, фоидаву зарарро дарк мекардем ва аз ин корҳо даст мекашидем.
Дар мақолае бо номи «Бойи зӯракӣ» Беҳбудӣ дар бораи урфу одати зиёдатӣ дар ҷомеа, дар бораи давутози як бойи бечора, ки барои тӯйи бодабдаба дар охир зери қарз монда ва бо қарзи калон бо аҳли оилааш дар ба дар мегардад, ёдовар шудааст.
Дар боби харҷу исрофи зиёд дар маводи дигаре «Аъмоламон, ё ин ки муродамон» Беҳбудӣ ба аламу дарди зиёд дар боби орзуву аъмоли инсонӣ ҳарф зада, мегӯяд, ки меҳнати шабурӯзӣ ва машаққат кашидан барои оянда аст. Бояд ҳар кас барои ояндаи дурахшон талошу ҷадал намояд. Бино ба гуфти Беҳбудӣ, бечора косиб шабу рӯз 18-20 соат кор мекунад, баҳри он ки писарашро тӯй намояд. Он ҳама подоши заҳмати бистсола дар се рӯзи тӯй тамом мешавад. Боз Аҳмади порина, ҳавлӣ ва хонаи куҳна.
Беҳбудӣ чун равшангари машҳури давр наметавонист, аз инҳо чашм пӯшад ва бо алами зиёд аз он нигаронӣ менамояд: «Имрӯз бархе барои додани қарзашон кӯрпаву либоси бечора келину домодро мефурӯшанд… Аҳли оила дар ба дар мешаванд. Ҳой, ин чӣ? Як навъи девонагӣ не-мӣ? Субҳоналлоҳ, қарз гирифта, ба халқ ош додан беақлӣ нест магар?»
Ба андешаи Беҳбудӣ, то ин ҳама тӯю маросим танзим нагарданд, рушду пешрафти ҷомеаро орзу намудан маънӣ надорад.
Ба ибораи дигар, метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки осори равшангарон аслан ба некӯаҳволии мардум, аз ғафлату ҷаҳолат ва нодонӣ раҳо сохтани онҳо нигаронида шуда буд.
Зоҳир Ҳасанзода дар мақолаи худ менависад: «Маъракагузаронӣ дар дигар гӯшаву канори кишварамон ба чӣ тартиб аст, бехабарем, аммо дар Самарқанд рӯз то рӯз мусобиқаи «ман аз фалонӣ кам не!» авҷ мегирад. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тадбири ошхӯракон ба ҳар як қудошаванда аз ҷониби домод ҳадя гардидани ангуштарӣ мардумро дар ҳайрат гузошт. Ба рӯйи дастархон, ки ғайр аз шири мурғ ҳама чиз қабат-қабат гузошта буданд, боз овардани ҳафт хел таомро чӣ хел эзоҳ додан мумкин аст?». Ё ки Ҳасанзода таъкид менамояд, ки дар Самарқанд як маъракаи занонаи «Бибисешанбе»-ро мегузаронанд, ки ғайр аз исрофкорӣ дигар аҳамияте надорад. Бибихалифа, ки як зани нохондаи бесавод аст, оятҳои Қуръонро кӯр-кӯрона хонда, аҳли маъракаро ба худ ҷалб менамояд.
Ба қарибӣ дар тӯйи як хешамон, ки дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, иштирок кардам. «Шаҳри якчашма равӣ якчашма шав!» – хешамон низ тӯйро чун самарқандиҳо бодабдаба гузаронд. Баъди хӯрдани хӯроки сеюму чорум ба ҳар як нафар ҳабдоруи «Мезим»-ро гузошт. Ҳабдоруро хӯрда, дубора боз ба «диссерт» часпиданд. Ангушти ҳайрат газидам, ин қадар исрофкорӣ барои чӣ? Аз телевизору шабакаҳои интернет мебинем, ки дар баъзе мамлакатҳои хориҷӣ гуруснагӣ, камбизоатӣ, беобӣ, гармӣ ҳукмрон, дар натиҷаи обхезию заминҷунбиҳо ҳазорҳо нафар инсонҳо ҳалок мешаванд. Бехонаю дар монда, дар саҳрою кӯҳҳо паноҳ меёбанд. Дур рафтан чӣ ҳоҷат, дар худамон низ оилаҳои серфарзанд, камбизоат ё ки шахсоне ҳастанд, ки гирифтори бемориҳои вазнин буда, барои табобати он маблағе надоранд, – мегӯяд муаллимаи собиқадор аз деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Мавлуда Боймуродова. – Ё ин ки оилаеро медонам, ки сару пои арӯсашро бо матоъи қиматбаҳо, тилловорӣ, мебели ошхонаю меҳмонхона пур кард. Тӯйи фотиҳа, тӯйи калон, қудоталабону домодталабонро дар тарабхонаҳои бошукӯҳ гузаронд. Гӯё ҳама ҳавас кард. Баъди шаш моҳ фаҳмидем, ки арӯс «қаҳр» карда ба хонаи падар омадааст. Барои чӣ? Барои он ки хушдоман аз гардану дастони арӯс тилловориҳои туҳфакардаашро «инҳо ҳама «прокат» буданд» гуфта, кашида гирифтааст. Боз «ҷиҳозҳое, ки падарат барои ту фиристодааст, ба як пул намеарзад, ҳамааш истеҳсоли худамон», гӯён арӯсро паст мезадааст. Боз баҳонаҳои дигару дигар. Оқибат баъди моҷароҳои дурудароз ин оилаи ҷавон пароканда шуд. Боз бамаврид аст, ки як чизро таъкид намоям. Дар тӯйҳои арӯсиву суннатии деҳаҳои кӯҳпояи Нурато ба наздикон, хешон, меҳмонон «миёнбанд» медиҳанд. «Аз тӯй, ба ҳама расонад» гуфта. Як соҳиби тӯйро медонам, ки ба миқдори ду миллион сӯм «миёнбанд» харидааст. Баъди тӯй «миёнбанд» дар куҷое хоб меравад, ё даст ба даст гашта кӯҳна мешавад. Ба пули «миёнбанд» оё ягон чизи муҳимро харидан хуб нест?
Муаллима рост мегӯяд, чунин худнамоиҳо ба чӣ лозим, калонсолон, масъулони маҳалла, падару модарони пурдида ба куҷо нигоҳ мекунанд?
– Ҷиҳози арӯсии ман аз як сандуқи чӯбин, як намад ва кӯрпаю болишт иборат буд. Дар танам куртаи чити гулдор, дар сарам рӯймоли калони сафед, ба поям кафшу маҳсӣ дар асп ба хонаи шавҳарам бурда буданд. Ба камию норасоии рӯзгор сабр кардем. Дертар бо меҳнати ҳалоли худ хонаю ҳавлӣ сохтем, фарзандонро ба воя расондем, – мегӯяд ҳангоми суҳбат Тӯхтагулмомои куҳансол аз деҳаи Моҷарми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах. – Ба қарибӣ тӯйи ду ҷавонро хеле камхарҷу зебо гузарондем. Ҳама хурсанд. Аммо, баъди 3-4 моҳ фаҳмидем, ки ба сари арӯсак домод даст бардоштааст. Сабабаш ҳамин, ки хушдоман гуфтааст: «Ҳама ҳам як даҳон худнамоӣ карда ба падару модари духтар мегӯяд, ки гилам, парда, мебелу дигар ҷиҳозҳои хона лозим нест, ҳамаашро дорем. Духтаратонро диҳед шуд. Падари шумо магар орзуву ҳавас надорад? Ақаллан, як гилам ҳам накард». Ин гуна таъназаниҳои хушдоман арӯсро маҷбур кардааст, ки ба падар арзи ҳол кунад. Падару модари духтар баъди тӯй мебелу сандуқу дигар ҷиҳозро ба духтарашон туҳфа намуданд.
Шаби тӯй пурдидаҳо, куҳансолон даст ба дуо бардошта, ба арӯсу домод «хушпир шавед» мегӯянд, дигарон низ шеърҳо хонда, ба навхонадорон бахту саодат, хушиҳои зиндагиро таманно менамоянд. Шоир Паймон фармудааст:
Бахт мехоҳам бароят,
духтарам,
Тахт мехоҳам бароят,
духтарам.
Аз муҳаббат, аз садоқат,
аз вафо,
Рахт мехоҳам бароят,
духтарам...
Барои ба тартиб даровардани тӯю маросимҳо, барои пешгирӣ кардани низоъҳои оилавӣ, хушбахтона зиндагӣ кардани оилаҳои ҷавон ҳар яки мо масъул ҳастем.
Саодат БЕКНАЗАРОВА, хабарнигори
«Овози тоҷик».