Солҳои охир дар мамлакати мо ваколатҳои Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ оид ба ҳалли масъалаҳои таъхирнопазири тараққиёти иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ васеъ гардонда, ислоҳот оиди пурра ба рӯи об баровардани ҳокимияти халқӣ пай дар пай идома дорад.
Аз ҷумла, дар таҳрири нави Конститутсияи мо тасдиқ карда шудааст, ки ба Шӯрои депутатҳои халқ бояд раисе роҳбарӣ кунад, ки аз ҷумлаи депутатҳои он мувофиқи қонун интихоб карда шудааст ва шахсе, ки вазифаи ҳокими вилоят, ноҳия, шаҳрро иҷро менамояд, дар як вақт вазифаи раиси Шӯроро ишғол карда наметавонад. Вазифаи аввалиндараҷаи минбаъда масъалаи дар қонунгузорӣ инъикос намудани кафолатҳои конститутсионии принсипи тақсимоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва намояндагӣ буд.
Бо назардошти ин, гурӯҳи вакилон лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба баъзе санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти маҳаллии давлатӣ дар таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро дар асоси ҳуқуқи ташуббуси қонунгузорӣ таҳия намуда, дирӯз дар палатаи поёнӣ дар хониши якум қабул кард.
Бо ин лоиҳаи қонун як қатор тағйироту иловаҳои муҳим ба қонунгузории амалкунанда пешниҳод карда мешавад.
Якум, тибқи Конститутсия дар таҳрири нав ваколати ҳокими вилоят, ноҳия ва шаҳр оид ба идоракунии ҳокимияти намояндагӣ дар қаламрави дахлдор барҳам дода шуда, роҳбарӣ кардан танҳо ба ҳокимияти иҷроияи вилоят, ноҳия ва шаҳр пешбинӣ шудааст.
Дуюм, ҳангоми дар Шӯроҳои дахлдори депутатҳои халқӣ дида баромадани номзадҳои ҳокимони вилоят, ноҳия ва шаҳр меъёри нави пешниҳод намудани барномаи пешомадноки ба тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят пешбинишуда ворид карда мешавад.
Сеюм, бо меъёри нав пур карда шудааст, ки як шахс наметавонад бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай ҳокими як вилоят, ноҳия, шаҳр таъин шавад.
Чорум, ваколатҳои ҳокимони вилоят ва шаҳри Тошканд оид ба ҳуқуқи моликияти замин ва истифодабарии он бекор карда мешаванд. Мустаҳкам карда мешавад, ки онҳо ҳуқуқ доранд қитъаҳои заминро танҳо дар мавридҳо ва тартиби пешбининамудаи қонун барои истифодаи доимӣ диҳанд.
Дар баробари ин дар лоиҳаи Қонун як қатор нормаҳои нав инъикос ёфтаанд, ки ба баланд бардоштани роли Шӯроҳои маҳаллӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави назорати намояндагӣ, пурзӯр намудани масъулият ва ҳисобдории ҳокимон дар назди Шӯроҳои маҳаллӣ нигаронида шудаанд. Мувофиқи он ба фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ раисе, ки аз байни депутатҳо интихоб шудааст, роҳбарӣ мекунад. Инчунин, дар лоиҳа шумора ва мӯҳлатҳои даъват намудани сессияҳои Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоят, ноҳия, шаҳр низ инъикос ёфтаанд. Яъне ифтитоҳи иҷлосияи аввал ва тартиби раёсати он муайян карда мешавад.
Илова бар ин, ба раиси Шӯро ва роҳбари гурӯҳи ҳизби сиёсие, ки дар интихобот бештари курсиҳоро ба даст овардаанд, ваколати раисии ҷаласаҳо дода мешавад. Ба Шӯроҳои маҳаллӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси маҳалҳо то 5 (дар амал 8) комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ ташкил кунанд ва ваколатҳои комиссияҳо низ пешбинӣ карда шудаанд.
Бо лоиҳаи Қонун доираи салоҳияти Шӯроҳои маҳаллӣ васеъ мешавад. Аз ҷумла, шунидани ахбори намояндаи минтақавӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Олий Маҷлис (Омбудсман), қабулгоҳҳои халқии Президент ва баррасии ҳисоботи роҳбарони Агентии кор бо ҷавонони вилоят аз ҷумлаи инҳост.
Пешбинӣ шудааст, ки имкониятҳои Шӯроҳои маҳаллӣ дар татбиқи тадбирҳои назорат бо роҳи ҷорӣ намудани ниҳодҳои самарабахш, амсоли «Пурсиши шӯро» ва «Тафтишоти шӯро» васеъ карда шаванд.
Бар замми ин, мустаҳкам карда шудааст, ки ҳуҷҷатҳои қабулшавандаи Шӯрои маҳаллӣ ва ҳоким дар низоми ягонаи электронии таҳия, созиш ва бақайдгирии қарорҳои қабулшавандаи мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ (e-qaror.gov.uz) аз рӯйхат гузаронда шавад.
Нуқтаи дигари муҳим ин аст, ки қоидаҳои марбут ба ҷудо кардани вазифаҳои ҳоким ва раиси Шӯрои маҳаллӣ дар ин ҳуҷҷат дар вилоятҳо ва шаҳри Тошканд аз рӯи натиҷаҳои интихоботи соли 2024, ноҳия ва шаҳрҳо аз 1 январи соли 2026 амалӣ карда мешавад.
Мухтасар ифода намоем, лоиҳаи Қонун дар пурра ба рӯи об баровардани тамоюли тақсимоти ҳокимиятҳо дар маҳалҳо, пурзӯр намудани назорати намояндагии Шӯроҳои маҳаллӣ ва депутатҳои онҳо аз болои мақомоти иҷроия, ба «овоз»-и ҳақиқии халқ табдил додани онҳо нақши муҳим мебозад. Муҳимаш он аст, ки он ба татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ, ки дар кишварамон амалӣ карда мешавад, хизмат мекунад.
Инъомҷон ҚУДРАТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис