САБЗАВОТИ ҶОПОНӢ ДАР ВОБКАНД

Мардуми деҳаи Наршахи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Латифсобунгар»-и ноҳияи Вобканд ҳамдеҳаашон Ботир Болтаевро ҳамчун деҳқони асил эҳтиром мекунанд.

Ӯ баробари самаранок истифода бурдан аз қитъаи наздиҳавлӣ  дар ду сотих гармхона сохта, он ҷо маҳсулоти сабзавоту полиз мерӯёнад. 
Агар фасли баҳор картошка, помидор, бодиринг, пиёз, қаламфури булғор рӯёнад, дар гирду атроф ошкаду, боимҷон, лаблабу, лӯбиё, сабзаҳои истеъмолӣ барин зироатро нашъунамо медиҳад. Солҳои охир вай ӯ бо мадади фарзандон дар гармхона таҷрибаи рӯёндани зироати ҷо-понӣ: помидор, бодиринг, харбуза ва ҷувориро аз озмоиш гузаронд ва комёб гардид. Даромади имсола аз помидор ва қаланфури ҷопонӣ қариб ба 16 миллион сӯм расид. Хонадон соҳиби 6 сотих боғ низ мебошад. Дар ин ҷо дарахтони мевадор, токҳои гуногун ғарқи ҳосиланд. Себу нок, хурмою шафтолу барин меваҳои бозоргир ба даромади хонадон даромад зам мекунанд.
Дар натиҷа орзую умедҳои аҳли оила ба рӯи об мебарояд. Фарзандон соҳиби касбу кори дилхоҳ мегарданд. Аз ҷумла писари хонадон Беҳрӯз дар Ҷопон таҳсил гирифта, соҳиби касб шудааст. Ӯ ҳоло дар шаҳри Танеговаи Ҷопон ҳамчун барномасози технологияҳои ахбор фаъолият дорад. Дар хонадони Болтаевҳо истеҳсол гардидани зироати ҷопонӣ беҳуда нест. Сарвари хонадон назди фарзандашон ба Ҷопон рафта, тухмии онҳоро оварда, дар гармхонааш корид ва ба натиҷаи дилхоҳ соҳиб гардид. Ҷараёни афзоиш додани ҳосил дар гармхона ва озмоиши хурмои ҷопонӣ он ҷо бо муваффақият идома дорад.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: