Татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026, ба сатҳи нав баровардани ислоҳоти бунёдӣ, баланд бардоштани ҳуқуқу манфиат, шаъну шарафи инсон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Ба туфайли саъю ҳаракат ва эътибори роҳбари давлатамон дар минтақаҳо барномаҳои нави сармоягузорӣ амалӣ мегардад. Хусусан, дар ноҳияи Поп, ки дар вилоят саноаташ торафт вусъат меёбад, ислоҳот ба ҳаёт татбиқ мегарданд.
Дар ин ҷо корхонаи нав, ки маҳсулоти брикети ангишт истеҳсол мекунад, фаъолияти худро сар кард. Ба ин муносибат бо иштироки ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов заводи «Tashkent Trade Center» кушода шуд. Роҳбари вилоят ба сухан баромада, аҳамияти ин лоиҳа ва корхонаи саноатиро таъкид кард.
Дар корхонае, ки қувваи истеҳсолиаш аз 100 ҳазор тонна зиёд аст, ба 150 нафар ҷойи корӣ барпо гардид. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба давлатҳои Аврупо экспорт карда мешавад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.