Санҷишҳои тест барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ аз 14-уми июли соли ҷорӣ оғоз ёфтанд.
Дар вилояти Самарқанд 84 ҳазору 255 нафар довталабон ҳуқуқи иштирок дар тестҳоро доранд.
– Барои гузаронидани санҷишҳои тест дар шаҳри Самарқанд 7 бинои пӯшидаи калон, асосан толорҳои варзишӣ интихоб шуда, 3540 ҷойи нишаст омода карда шуд, – гуфт сарвари шуъбаи вилоятии Агентии баҳодиҳии дониш ва таҷриба Воҳид Сирлибоев. – Дар ин масканҳо довталабон дар ду баст имтиҳон месупоранд. Ҳама толорҳо бо кондитсионерҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз шудаанд, ки ҳарорати ҳаворо мӯътадил нигоҳ медоранд. Барои довталабон захираи оби ошомиданӣ ва ручкаҳо омода карда шудааст. Бо мақсади одилона ва шаффоф гузаштани ҷараён дар биноҳо аз рӯи шумораи гурӯҳҳо камераҳо, дастгоҳҳои идентификатсия ва сабти видео гузошта шуданд. Инчунин, барои падару модарон майдончаҳои интизорӣ омода карда шуда, барои назорат кардани раванд мониторҳои калон гузошта шуданд.
Дар факултети забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд бошад, аз рӯйи самти журналистикаи байналмилалӣ имтиҳонҳои эҷодӣ гузаронида шуданд. Имтиҳонро ҳайати комиссия аз Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон гирифтанд.
– Имтиҳони эҷодӣ дар ду марҳила гузаронида шуд, – гуфт дотсенти Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон, номзади фанҳои филологӣ Ферхан Алламбергенова. – Донишгоҳи мо муассисаи таълими олии такягоҳӣ ба ҳисоб рафта, нахуст дар асоси мавзӯъҳои тасдиқшуда имтиҳони хаттӣ гирифтем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти
Самарқанд