СЕХИ НАВИ МАҲАЛЛА

Бо мақсади ба амал татбиқ кардани қарори Президент аз 21 сентябри соли 2022 «Дар бораи чораҳои иловагии афзун гардондани бо кор таъминшавии занону духтарон ва мустаҳкам намудани саломатии онҳо» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навбаҳор»-и ноҳияи Қаравулбозор сехи нав ба кор даромад.

Соҳибкори ҳудуд Гулбаҳор Ҷӯраева дар хонаи бекорхобидаи бинои маҳалла бо ҳуқуқи истифодабарии бемузд фаъолияти дӯзандагии худро ба роҳ монд. 
Дар натиҷа дар ин ҷо ҷомаҳои миллии халқҳои Ӯзбекистону Туркманистон, кофта (нимча), кӯрпаю болин ва либосҳои бонувон истеҳсол карда мешавад. Дӯзандаи моҳир Г. Ҷӯраева панҷ нафар бонувонро  шогирд гирифта, ба онҳо ҳунар меомӯзад.
Аҷибаш дар он ки худи вай чанд сол муқаддам шомили «Дафтари бонувон» буду дар асоси субсид ба ӯ мошини дарздӯзӣ инъом карда буданд. Азму кӯшиш ниҳоят Гулбаҳорро комёб кард. Вай бо аҳли оилааш барои ин ғамхорӣ аз сарвари давлат сипосгузор аст.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: