Рӯзе бобоям аз кӯча бо чеҳраи гирифтаву димоғи сӯхта вориди ҳавлӣ шуданд.
Ман саҳни ҳавлиро рӯфта, хоку хасрӯбаҳоро ҷамъ мекардам. Дарҳол ҷуръат накардам пурсам, ки чӣ ҳол рух додааст. Аз чойнаки болои кат як пиёла чойи хунук рехта, ба бобоям дароз кардам. Бобоям бо ҳамон димоғи сӯхта чойро нӯшида, камтар ба худ омадагӣ барин шуданд. Маълум буд, ки кори касе дар кӯча ба он кас нафоридааст.
– Магар шуморо касе хафа кард, бобоҷон? Охир, дар ин маҳалла ҳама аз рӯи ҳурмат ба шумо муносибат мекунанд, – оҳиста ба бобоям наздик шуда, меҳрубонона, пурсидам. Ба ин васила хостам, ки озурдагиашонро андак рафъ кунам ва аз аспи ҷаҳл фарорам.
– Ҳайронам, ки чаро баъзе мардҳо беадабии писаронашонро дидаву дониста онҳоро аз роҳи бад намегардонанд. Ҳатто як даҳан «Ин корат дуруст не, писарам. Рав, аз пайи корат шав, ҷангу муноқиша кори одами боақл нест!» намегӯянд, – дил кафонд бобоям.
Аз рӯи гапи он кас фаҳмидам, ки дар гузари маҳалла байни ду ҷавон муноқиша сар задааст. Баъд ин муноқиша аз даҳанакӣ ба занозанӣ гузаштааст. Падари яке аз ҷавонон ин ҷанҷолро мушоҳида карда, лом-мим нагуфтааст. Шояд гумон кардааст, ки писараш зӯри маҳалла аст ва дар як он ҳарифашро ба замин хобонидаву лагадкӯб мекунад. Аммо кор ранги дигар гирифтааст ва писари «зӯр»-и вай аз дасти рақиби худ нағзакак шатта хӯрда, рӯ ба гурез овардааст.
– О, дадош-е, ду ҷавон байни худ ҷанг кунанд, ба шумо чӣ? Бе ҳамин ҳам фишори хунатон гоҳ-гоҳ ноором мекунад, агар чунин ҳодисаҳо аз пешатон бароянд, дарҳол худро дур кунед, – гуфт бибиҷонам бо меҳрубонии ба худ хос. Баъд афзуд, ки хӯрок тайёр шудааст ва ҳама сари дасторхон ҳозир шавем.
Бибиҷонам барои кашидани хӯрок ба ошхона даромад ва ман аз оринҷи бобоям дошта, ҳамроҳашон сӯи кати рӯи ҳавлӣ рафтем.
Бобои ман бисёр одами хубанд, манманиву калонгариро намеписанданд. Он кас тамоми умр ронанда шуда кор кардаанд ва бо меҳнати ҳалол панҷ фарзандро хӯрондаву пӯшонидаанд. Шукр, ки дар байни мардуми деҳу маҳалла сазовори обрӯву эҳтиром ва эътибор ҳастанд. Ҳамеша моро ба боадаб, ботамиз ва боақлу фаросат будан даъват мекунанд.
Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:
Ҷон дар тани марди беадаб
ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ,
арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад
нарасад,
Зеро, ки адаб тоҷи сари
мардон аст.
Ман беҳуда ҳолати бобоямро мисол наовардам. Устодонамон дар мактаби миёна ва ҳоло, дар донишгоҳ батакрор мегӯянд, ки барои адаб омӯхтан китоб низ хондан шарт ва зарур. Зеро адабро донишмандон нури илоҳӣ арзёбӣ кардаанд.
Дар донишгоҳ баъзан духтарон аз сахтгапӣ ва шилқинии як идда ҷавонон шикоят мекунанд. Ин гуна ҷавонон номи донишҷӯро доғдор месозанд. Шояд дар хонавода падару модар барояшон дарси дурусти одоб наомӯхтаанд ва панду насиҳат накардаанд, ки одоб ҳусни онҳоро меафзояд. Ин маънӣ дар факулта рӯзҳои чоршанбеи ҳар ҳафта зимни мулоқот бо одамони касбу кори гуногун, хусусан аҳли адабу фарҳанг ба такрор гӯшрас мешавад.
Бадриддини Ҳилолӣ фармудааст:
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.
Ба назари мани ҳанӯз ҷавон чунин менамояд, ки ҳар як байту гуфтори адибони маъруф, мисли Абӯабдулло Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Шоҳин ва чанд тани дигар саршор аз панду ҳикмат ва насиҳат иборат аст ва моро ба сӯи камолот ва равшангароӣ ҳидоят мекунад. Дар бораи одобу ахлоқ Шамси Табрезӣ фармудааст:
Пеши арбоби хирад мояи имон
адаб аст,
Лоҷарам пешаи мардони сухандон
адаб аст.
Хондани китоб ҳамеша ҷомеаро ба пеш мебарад. Шахси китобхон бофарҳанг, ё ба истилоҳи мардуми омӣ, шахси бомаданият ҳисоб меёбад. Шоирону нависандагон китобҳои зиёд таълиф ва бо машаққат онро интишор мекунанд, вале теъдоди китобхонҳо ангуштшумор аст. Дар гулгашту хиёбонҳои шаҳри Фарғона кас ҷавонеро дучор намешавад, ки машғули китобхонӣ бошад. Дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ вазъият чунин аст.
Момои модариям – Шаҳрихон солҳои дароз китобдори мактаб шуда кор кардаанд. Бино ба нақлашон то хатми мактаби миёна китобҳои «Самаки айёр», «Саёҳати Синдбоди дарёгард», «Афсонаҳои халқи тоҷик» ва дастикам бист роману повест ва ҳикояҳои адибони муосир, мисли устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев ва амсоли онҳоро хондаанд. Касбу коре, ки машғули он ҳастам, тақозо мекунад, ки бештар китоб хонам. Зеро китоб мояи рушди маънавии инсон ва омили ҳамаи пешравиҳои ӯст.
Фархундаи РАВШАНЗОДА,
донишҷӯ.
Вилояти ФАРҒОНА.