Ҳайати соҳаи тандурустии вилояти Самарқанд ба ноҳияи автономии Шинҷон–Уйғури Чин рафтанд.
— Ҳоло Хитой аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки соҳаи тиб хеле рушд кардааст, — гуфт сарвари садорати ҳифзи тандурустии вилоят Сӯҳроб Зайниев. — Дар ин кишвар аз таҷҳизоти замонавии тиббӣ босамар истифода намуда, амалиётҳо тавассути технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст. Ҳамзамон, солҳои охир табобати халқӣ ривоҷ ёфта, беморонро ба ҷойи дорувориҳои кимиёвӣ, бо маҳсулоти табиӣ табобат мекунанд. Дар коллеҷи тиббии Шинҷон омодасозии кадрҳо аз рӯйи табобати халқӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти мулоқот бо ҷонишини раиси Шӯрои машваратии сиёсии халқии шаҳри Қорамой Ли Гуо Луан, роҳбари Кумитаи ҳифзи тандурустии шаҳри Қорамой Чжу Хуа ва дигар масъулон масъалаҳои беҳсозии сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, телемедитсина, роҳандозии ҳамкорӣ дар табобати халқӣ, бозомӯзии фосилавии кадрҳо ва фароҳам овардани имкониятҳоро барои табодули таҷриба баррасӣ карданд.
Дар анҷоми муҳокимаҳо байни Кумитаи ҳифзи тандурустии шаҳри Қорамой ва Садорати ҳифзи тандурустии вилоят, инчунин, шифохонаи марказии шаҳри Қорамой ва Маркази тиббии бисёрсоҳаи вилоят меморандумҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.