Сию се сол муқаддам дар шароити мураккаби таърихӣ мо соҳиби истиқлолияти миллӣ шудем, ки алҳол тамоми халқи сермиллатамонро моро дар роҳи мақсади бузурги бунёди Ӯзбекистони Нав муттаҳид менамояд, барои забти комёбиву қуллаҳои нав рӯҳбаланд месозад.
Маҳз ба шарофати истиқлол кишвари мо мустақил шуд, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ гардид. Аҳли олам бори дигар моро шинохт ва эътироф кард. Дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳо ва халқҳои мухталиф вусъат меёбад, нуфузи Ватани мо дар арсаи байналхалқӣ меафзояд.
Дар ҷараёни ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ, ки солҳои охир дар мамлакат татбиқ карда мешаванд, мо ба хусус амиқ дарк менамоем, ки соҳибистиқлол, давлати барои ҷаҳон рӯшод будану дар оилаи халқҳои озод мақоми сазовор доштан, ба сатҳи рушди замонавӣ муваффақ гардидан ин бахту саодат ва шарафи бузург, ҳамчунин масъулияти азим аст.
Тағйироти кунунӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки ба таъмин сохтани манфиатҳои миллӣ, муваффақ шудан ба натиҷаҳои амалӣ нигаронида шудаанд, дар ҷомеаи байналхалқӣ эътироф ва дастгирӣ карда мешаванд.
Комёбиҳои мо дар роҳи бунёди ҳаёти нав, ҷомеаи нав, ки дар он инсон, манфиатҳои ӯ, шаъну шарафи вай арзиши олӣ ба шумор мераванд, ҳама ҳосили меҳнати фидокорона, иқтидори зеҳниву созандагии халқи мард, тавоно ва ҳимматбаланди мост, ки ба ғояи рушди мустақил содиқ аст ва мо аз он ифтихор дорем, ки писарону духтарони ин халқ мебошем.
Ба мақсади мувофиқи суръати кунунии рушди мамлакат сазоворона истиқбол намудани санаи пуршараф – сиюсесолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун ҷашни умумихалқӣ:
1. Таркиби Комиссияи ҷумҳуриявӣ бобати тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сиюсесолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Комиссияи ҷумҳуриявӣ) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ (А. Арипов) супурда шавад, ки:
дар муҳлати як ҳафта Барномаи ташкиливу амалӣ, чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ, ки ғояи асосии «Танҳо бо ваҳдат – мо халқи ягона, танҳо якҷо – мо кишвари муқтадир!»-ро таҷассум менамояд, тасдиқ карда шавад. Барномаи мазкур мувофиқ бо Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ҳамчунин Барномаи давлатии «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» омода карда шавад;
ҷашнгирии сазовори сиюсеюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Ҷашни истиқлол) дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳо, деҳа ва овулҳои мамлакат таъмин карда шавад;
аз ҷумлаи арбобони машҳури илм, фарҳанг ва санъат, варзишгарон, намояндагони ҷомеаҳо гурӯҳҳои сайёр ташкил карда шуда, онҳо барои дар минтақаҳо дар байни табақаҳои васеи аҳолӣ босифат гузаронидани анҷуманҳои маънавиву маърифатӣ, вохӯрии «се насл», шабнишиниҳои адабиву бадеӣ, рӯзҳои кинои миллӣ, сайру саёҳатҳо, чорабиниҳои маданӣ ва варзишӣ, ҷашнвораҳои хӯрок, бахшида ба Ҷашни истиқлол, ҳамчунин таъмин намудани фаъолияти онҳо дар пояи нақшаи мушаххас сафарбар карда шаванд;
дар ҷамъомадҳояшон ҳисоботи роҳбарони ҳар кадом минтақа, вазорат ва идораҳо бобати дар сатҳи олӣ ташкил намудани тамоми чорабиниҳои бахшида ба Ҷашни истиқлол мунтазам баррасӣ шаванд.
3. Ба омодасозии барномаҳои асосии чорабиниҳои ҷашнӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гурӯҳҳои эҷодӣ дар ҳайати устодони машҳури ҳунар ва коргардону таҳиягарони ботаҷриба, шоирону нависандагон, оҳангсозон ва балейтместерҳо, рассомони саҳна, намояндагони санъати мақом ва бахшигӣ, иҷрогарони соҳибистеъдоди ҷавон васеъ ҷалб карда шаванд.
4. Ба мақсади дар маҳалҳо дар сатҳи олӣ гузаронидани Ҷашни истиқлол ба масъалаҳои зерин эътибори махсус дода шавад:
дар маҳалҳо, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоаҳои меҳнатӣ гузарондани вохӯрӣ ва суҳбатҳои маърифатӣ, ки дар онҳо мазмуну моҳияти корҳои таърихии дар мамлакат бобати бунёди давлат ва ҷамъияти иҷтимоиву воқеан халқӣ, ки таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳо, шаъну шарафи инсон дар мадди аввал қарор доранд, ҳамчунин натиҷаҳои хуб, ки ба шарофати иқтидори азими созандагии халқи меҳнатдӯсту кушодадили мо ба даст меоянд, инъикос менамоянд;
дар мисолҳои мушаххаси ҳаётӣ васеъ равшан кардани барнома ва лоиҳаҳои васеъмиқёсе, ки солҳои охир татбиқ шуда, ба куллан беҳ сохтани муҳити сармоявӣ ва тиҷоратӣ дар мамлакат, ҳамаҷониба вусъат додани имкониятҳо барои соҳибкорӣ, гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» ва рақамӣ нигаронида шудаанд;
минбаъд пурзӯр намудани корҳои иттилоотиву маънидодкунӣ дар бораи чораҳои ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқ, ободонии шаҳру деҳот, баланд бардоштани нақш ва масъулияти идораи маҳалла ва натиҷаҳои бадастомада;
дар асоси таҳлили амиқ маънидод кардани он, ки ба шарофати таҳкими муҳити дӯстӣ ва ҳамдилӣ дар мамлакат, некҳамсоягӣ дар минтақа, сиёсати сулҳхоҳонаи хориҷӣ нуфузи Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳон баланд мегардад, сафи дӯстон ва шарикони мо вусъат пайдо мекунад;
равшан кардани самаранокии низоми ба писарону духтарон омӯзондани касбҳои замонавӣ, таъмин сохтан бо шуғл, истироҳати пурмазмун ва дастгирии иҷтимоӣ – аз ҳисоби ғамхории ҳамаҷонибаи давлат нисбати насли ҷавон, ки ояндаи Ӯзбекистони Нав ба шумор мераванд;
равшан кардани ҷараёни татбиқшавии барномаҳои иҷтимоӣ бинобар рушди соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, илм, маданият ва санъат, варзиш, эътибори доимӣ ба эҳтиёҷоти собиқадорон ва занон, ҳифзи оила, модару кӯдак, таъмин сохтани баробарии гендерӣ;
васеъ маънидод кардани корҳои вобаста ба баланд бардоштани иқтидори ҳарбӣ ва ҷангии Неруҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки кафили муътамади истиқлолияти давлат, амният ва якпорчагии ҳудуди он ба шумор меравад;
баргузор намудани чорабиниҳои хайрия ба муносибати Ҷашни истиқлол барои ҳурмату эҳтироми куҳансолон, аз ҷумла иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадорони фронти меҳнат, зиёрат кардан ва расондани кумакҳои моддиву маънавӣ ба шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои «Меҳрубонлик», «Саховат» ва «Мурувват» зиндагӣ доранд, ҳамчунин ба онҳое, ки ба дафтарҳои ҳифзи иҷтимоӣ дохил карда шуда, ба дастгирӣ ниёзманд мебошанд;
татбиқсозии чорабиниҳо бинобар абадӣ гардонидани хотираи қурбониёни табъиди сиёсӣ дар даврони сохтори томфармоӣ, ки фидокорона мубориза бурда, ҳаёти худро барои истиқлолияти Ватан ва озодии халқ бахшидаанд.
5. Ба Вазорати фарҳанг (О. Назарбеков) супурда шавад, ки:
якҷо бо Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди нависандагон дар зарфи як ҳафта барнома ва намоиши театрикунонидашудаи консертиро дар шаҳри Тошканд бахшида ба Ҷашни истиқлол кор карда барояд, ҳамчунин бобати дар сатҳи баланди ғоявиву бадеӣ тайёр кардани он чораҳо андешад;
якҷо бо Фарҳангистони бадеӣ, Иттиҳоди нависандагон ва Иттиҳоди журналистон гузаронидани озмунҳои анъанавии «Симои Ватан аз назари рассом», «Зиндагӣ барои Ватан!», «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз»-ро таъмин намояд;
якҷо бо Иттиҳоди оҳангсозон ва бастакорон, Иттиҳоди нависандагон давраи ниҳоии озмуни барои беҳтарин суруд ва асари мусиқиро, ки истиқлолияти мамлакатро васф мекунанд, баргузор кунад;
номи ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои мазкурро эълон намояд ва мукофотонии онҳоро дар арафаи Ҷашни истиқлол дар вазъи тантанавӣ гузаронад.
6. Муқаррар карда шавад, ки харҷҳо барои гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ:
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои маҳаллӣ, ҳамчунин маблағҳои хайрияи ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ;
дар шаҳри Тошканд – бо ҳиссаи баробар аз ҳисоби маблағи буҷаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии шаҳри Тошканд мувофиқи сметаи харҷҳое, ки Комиссияи ҷумҳурӣ тасдиқ намудааст, сарпӯш карда мешаванд.
7. Тавсия дода шавад, ки Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллиии иттилоотии Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ кори вобаста ба тайёрӣ дидан ва баргузор кардани Ҷашни истиқлолро васеъ равшан намоянд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Қ. Абдураҳмонов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
шаҳри Тошканд, 18 июли соли 2024