ДАР БОРАИ ВАСЕЪ ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ 200-УМИН СОЛГАРДИ ШОИР ВА МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ҚАРОҚАЛПОҚ АҶИНИЁЗ ҚӮСИБОЙ ӮҒЛИ

Шоир ва мутафаккири бузурги қароқалпоқ Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли бо эҷодиёти нотакрор ва хеле пурмуҳтавои худ дар рушди фарҳанг ва адабиёт, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ ва ғояҳои нек, таҳкими дӯстии таърихӣ ва ваҳдати халқҳои ӯзбеку қароқалпоқ саҳми муносиб гузоштааст.

Нуқтаи назари инсонпарварона ва фалсафии шоири соҳибистеъдод, ки дар шеъру достонҳои вай инъикос гардидаанд, дар қалби мардуми мо мақоми муҳим доранд. 
Он чиз боиси эътибори махсус мебошад, ки ин арбоби шинохтаи адабӣ, ки дар мадрасаҳои машҳури Шерғозихон ва Қутлбимурод иноқи Хива таълим гирифтааст, ба сифати шоири воқеан халқӣ, олим ва мураббии номӣ, хаттоти тавоно, нафақат дар кишвари мо, балки дар тамоми минтақа шуҳратёр гардидааст. Осори зебои ӯ дар байни хонандагони туркман, казоқ, қирғиз, намояндагони халқҳои бародари дигар низ бо муҳаббат суруда мешаванд. 
Ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнии ЮНЕСКО ворид карда шудани таҷлили 200-умин солгарди зодрӯзи Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли низ шаҳодат медиҳад, ки мероси эҷодии ӯ аҳамияти умумиинсонӣ дорад. 
Ба мақсади минбаъд васеъ омӯхтан ва оммавӣ кардани мероси нодири адабии Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли, сазоворона ҷашн гирифтани 200-умин солгарди мавлуди ӯ:
1. Пешниҳоди Вазорати фарҳанг, Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Фарҳангистони бадеӣ ва намояндагони ҷомеаҳо бобати дар мамлакат васеъ таҷлил намудани 200-умин солгарди Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли маъқул дониста шавад. 
2. Мувофиқи замима бобати ҷашнгирии 200-умин солгарди Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли Кумитаи ташкилӣ (минбаъд – Кумитаи ташкилӣ) таъсис дода шавад. 
3. Ба Кумитаи ташкилӣ (А. Арипов) супурда шавад, ки дар муҳлати як ҳафта Барномаи чорабиниҳоро бобати ҷашнгирии 200-умин солгарди Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли тасдиқ кунад ва саривақту босифат татбиқ сохтани он, ҳамчунин тарғибу ташвиқи васеи эҷодиёти ӯро таъмин намояд, ки инҳоро пешбинӣ мекунад: 
Интишори маҷмӯи «Осори мунтахаб»-и шоир ба забонҳои ӯзбекӣ ва қароқалпоқӣ, бознашри асарҳои бадеӣ, илмию оммавии ба ҳаёту фаъолияти ӯ бахшидашуда, ҳамчунин баргузор намудани муаррифии онҳо;
дар асоси супориши давлатӣ офаридани асарҳои саҳнавӣ ва филми бадеиву публитсистии «Аҷиниёз», бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли, ҳамчунин гузарондани рӯнамоии онҳо;
дар шаҳри Нуқус баргузор кардани озмуни ҷавонони  соҳибистеъдоди мамлакат дар мавзӯи «Айт сен Ажиниёзнинг қушиқларидан» («Сурудҳои Аҷиниёзро бисаро»), ҳамчунин озмуни иншо бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли дар байни хонандагони мактабҳои эҷодӣ;
моҳи сентябри соли 2024 дар Толори марказии намоишгоҳҳои Фарҳангистони бадеӣ баргузор намудани намоиши китобҳо, асарҳои санъати тасвирӣ ва халқиву амалӣ, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли;
моҳи октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишери Навоӣ баргузор кардани Конфронси байналхалқии илмиву амалӣ бинобар омӯхтани мероси адабии Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли;
ташкил намудани  осорхонаи шоир дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус ба номи Аҷиниёз;
ободонсозии марқади Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли дар ноҳияи Мӯйноқ ва устувор кардани ёдгорӣ, бунёд намудани хиёбони экологии ба номи Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли дар ноҳияи мазкур;
дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус, касбӣ, таълими умумии миёнаи мамлакат, ҷамоаҳои меҳнатӣ ва маҳаллаҳо баргузор намудани вохӯрӣ ва шабнишиниҳои адабӣ бахшида ба 200-умин солгарди Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли бо иштироки нависандагон, шоирон ва олимони шинохта;
моҳи ноябри соли 2024 дар Театри калони давлативу академии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ ва дар Театри давлатии академии Қароқалпоқистон ба номи Бердах баргузор кардани шабнишиниҳои мутантани адабиву бадеии хотиравӣ бахшида ба 200-умин солгарди Аҷиниёз Қӯсибой ӯғли.
4. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 200-умин солгарди Аҷиниёз Қӯсибой ӯғлиро васеъ равшан намоянд.
5. Муқаррар карда шавад, маблағи чорабиниҳое, ки қарори мазкур пешбинӣ менамояд, аз ҳисоби маблағҳои буҷа, ки аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дахлдор, ҳамчунин аз маблағҳои ғайрибуҷавӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохта мешавад. 
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
16 июли соли 2024.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: