ПАРТОВҲО БА ЭНЕРГИЯ ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАНД

ё худ ҳамкорӣ бо Чин

Ба гуфтаи коршиносон  ба роҳ мондани низоми ба энергия табдил додани партовҳо  на танҳо дар соҳаи идоракунии партовҳои дурушти маишӣ инқилоб ба вуҷуд меорад, балки барои коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим низ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

China Everbright Environment Group Limited бузургтарин интиқолдиҳандаи таҷҳизот оид ба сӯзондани партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсолкунандаи пешбари системаҳои ҳамгирошудаи идоракунии партовҳои дурушт дар Чин мебошад. Ширкати дорои таҷрибаи ғанӣ ва технологияҳои пешрафта ба корхонаҳои замонавиеро, ки аз партовҳои дурушти маишӣ энергия истеҳсол менамоянд ва обҳои партовро аз нав коркард мекунанд,  сармоя ворид месозад, бунёд менамояд ва аз онҳо истифода мебарад.
Дар Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим бо намояндагони ширкати пешрафтаи фаромиллии Ҷумҳурии Мардумии Чин, China Everbright Environment Group Limited мулоқот баргузор гардид. 
Дар он намояндагони вазорат, Маркази ҷумҳуриявии ташкили корҳои санитарӣ ва Сарраёсати идоракунии партовгоҳҳо ширкат доштанд.
Зимни вохӯрӣ ба ҷониби Чин дар бораи корҳо оид ба ислоҳоти низоми коркарди партовҳо дар ҷумҳурӣ, инчунин як қатор мушкилоте, ки дар ин самт бояд ҳал карда шаванд, маълумот дода шуд. Аз ҷумла, дар бораи таркиби морфологӣ, ҳаҷм ва суръати сӯзонидани партовҳо, инчунин дар бораи шароити мусоид ва имтиёзҳои кафолатнок барои сармоягузорон дар соҳа маълумоти умумӣ дода шуд.
Дар навбати худ, шарикон ба ислоҳот дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода, қайд карданд, ки ширкат омода аст дар ҳалли мушкилот саҳм гузорад.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ҳайати Чин аз таҷрибаи Ветнам дар соҳаи коркарди партовҳо мубодилаи афкор намуда, ба масъалаҳои ба даст овардани энергия тавассути сӯзонидани партовҳо дахл карданд. 
Дар асоси таҷрибаи Ветнам барои дар мамлакати мо сохтан ва ба кор андохтани сехи партовсӯзонӣ мӯҳлати 30-солаи инвеститсионӣ пешниҳод шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ меҳмононро бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии ташкили корҳои санитарӣ ва Раёсати марказии диспетчерӣ ва мониторинги онлайн шинос карданд.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки намояндагони ҳайати Чин бо фаъолияти партовгоҳҳо ва иншооти коркарди партовгоҳҳо дар вилоятҳои Бухоро, Андиҷон, Фарғона ва Намангон шинос шаванд.

Муҳайё ТОШҚОРАЕВА,
мухбири  ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: