Ӯзбеку тоҷик халқҳоянд, ки аз ҷиҳати мазҳаб, тарзи зисту зиндагонӣ ва урфу одат бо ҳам наздик буда, муносибати хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва адабию маданӣ низ доранд.
Дӯстии байни Ҷомиву Навоӣ ба рафоқати азалии ин халқҳо мисоли равшан аст.
Дар вилояти Намангон зиёда аз 300 ҳазор тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Дар ноҳияҳои Чуст, Поп ва Косонсой, ки асосан тоҷикон ба сар мебаранд, барои бо забони модариашон таълим гирифтани онҳо мактабҳои тоҷикӣ низ фаъоланд. Хурсандиовар аст, ки рӯзномаҳои «Чуст ҳақиқати», «Поп тонги» ва «Косонсойнома» саҳифаҳои тоҷикӣ ҳам доранд.
Дар бораи рӯзнома ва нақши он дар ҷамъият фикру андешаҳои зиёд гуфта шудаанд. Баъзе онро чун обу ҳаво зарур ҳисобанд, дигарон баръакс дар замони тараққии илму техника нодаркор мешуморанд. Вале бояд гуфт, ки иқтидор ва таъсири сухани бадеӣ, ки рӯзномаву маҷаллаҳо доранд, дар воситаҳои техникии ахбори умум нест.
Ҳар як маводи чопӣ, хоҳ хабари хурд бошад, хоҳ очерку эссе ва мақолаҳои калонҳаҷм, натанҳо воқеоту ҳодисотро ихчаму муфассал бо тарзи бадеӣ ифода менамоянд, балки боз солҳои дароз дар китобхонаҳову музейҳои таърихӣ мемонанд. Таъсири чопии ахбори умум дар шакли оммафаҳм, ба муштариён расонидани навигариҳои гуногун дар ҷамъият ҳоло ҳам мавқеи пойдору устувор доранд. Ба душворию мураккабиҳои ташкили кори расонаҳои ахбори чопӣ нигоҳ накарда, онҳо мавҷудияти худро нигоҳ доштаанду ҳоло чун минбари дастраси омма фаъолияти худро идома медиҳанд.
Хусусан, рӯзномаи дӯстдоштаи косонсойиён – нашри ҳокимияти ноҳия «Косонсойнома» низ, инак соли 92-юмин аст, ки чун ифодагари навигариҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии ноҳия, чун тарғибгари ғояву мақсадҳои истиқлол ва тарбияи насли наврас дар рӯҳи садоқат ба Ватани мустақил, ба мардум хизмат карда меояд. Бо талабу таклифи тоҷикзабонон аз 17 ноябри соли 1988 ин ҷониб як саҳифаи рӯзнома бо забони тоҷикӣ чоп шуда, ба муштариён пешкаш мешавад. Кормандони фаъоли ҷамоатии рӯзнома Муҳаммадҷон Акрамов, Асрорхон Аълохонов, Инъомҷон Пӯлодов, Абдулло Зарипов ва бисёр дигарон дар рушду равнақи матбуоти чопии ноҳия, хусусан, саҳифаи тоҷикӣ саҳми арзанда гузоштаанду ҳоло фаъолияти кории худро имрӯз низ идома медиҳанд.
– Ҳаёт бо шиддат давом дорад, илму техника низ бо чунин суръат пеш меравад, – мегӯяд узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, асосгузор ва масъули саҳифаи тоҷикӣ Абдулвоҳид Нуриддинов. – Ҳарчанд журналистикаи интернет ҳоло мақоми воло дорад, рӯзнома бо факту рақамҳои асосноку боварибахш дорои мавқеи муҳим аст. Барои ҳамин ҳам дар ҷамъият мавҷудияти рӯзнома хеле зарур аст.
Алҳол номи фахриёну рафтагон ва дар қайди ҳаёт будаи матбуот, ба монанди Бозорвой Каримов, Саидаҳмадхон Насимхонов, Пӯлодҷон Қаҳҳоров, Каримҷон Охунов, Муҳаммадалӣ Эргашев, Иброҳим Усмонов, Ёқубҷон Дадаҷонов, Муҳаммадхон Акрамов, Муҳиддин Имомадиев, Ҳамида Эргашева, Анорбой Олимов, Мирмӯҳсин Мирзокиров ва Абдулвоҳид Нуриддинов барин журналистони собиқадору ҷавони рӯзномаи «Косонсойнома»-ро бо ҳурмату эҳтиром ба забон мегиранд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.