Инсон ҳамеша ба пешрафти маънавии худ ниёз дорад.
Рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, китобҳои бадеӣ метавонанд дар ин бобат хидматгори беминнат бошанд. Инҷо бояд гуфт, ки мутолиа низ аз шахс салоҳият, завқу шавқ талаб менамояд. Агар ба мо барои нерӯи ҷисмонӣ гирифтан ғизо зарур бошад, барои ғанӣ намудани камолоти маънавиамон мутолиа зарур аст. Аз ин лиҳоз рӯзнома раҳнамои мост. Имрӯз беҳтарин воситае, ки метавонад дастраси ҳамагон бошад, чун хазинаи маънавӣ хидмат кунад, ин рӯзнома аст.
«Овози тоҷик» ягона рӯзномаи тоҷикист, ки сар то сари ҷумҳурӣ паҳн мегардад, яъне минбари озоди мо – тоҷикон аст. Пас мо ба ин рӯзнома на фақат ниёз дорем, балки бо он бояд ифтихор намоем. Барои дар як чаҳорчубаи муайян шакл гирифтани ҷаҳонбинии мо «Овози тоҷик» мавқеву нақши алоҳида дорад. Пеш аз ҳама, тавассути ин рӯзнома омӯзиши забони адабӣ имконпазир мегардад. Шумо маълумот, ё ки саҳифаи дилхоҳи худро мехонед. Табиист, ки бо тарзи ҷумлабандӣ, вожаҳои нофаҳмо дучор меоед. Аз рӯйи мазмуни ҷумла мазмуни онро дарк хоҳед кард ва ин боиси ғанӣ гардидани таркиби луғавии шумо мешавад. Дигар ин ки тарзи сухангӯиро ёд мегиред, зеро ҳама мехоҳад дар лаҳзаҳои зарурӣ сухани зебо ва пумаънӣ гӯяд. Баъзан аксар метарсанд, ки дар ягон маврид сухани хато гӯянд ва боиси тамасхури омма шаванд.
Дар ин бобат рӯзнома метавонад ёрирасон, ба таъбири устод Турсунзода «мушкилосонкун»-и мо бошад.
Шумо барои забономӯзӣ аз он маводи дилхоҳи худро метавонед пайдо кунед. Саҳифаи «Адабиёт ва санъат» писанди ҳамагон аст. Аз ин саҳифа бо шеъру ҳи-кояҳои адибону шоирони худиву бурунмарзӣ ошно мегардед. Ин ҳам боиси мукаммал гаштани дониши шумо мешавад.
Алалхусус, мақолаҳое, ки ба пешвози 100-солагии «Овози тоҷик» бо рукнҳои «Ёди ёдҳо» ва «Ёдбуд» дарҷ гардиданд, шахсро ба хештаншиносиву маърифатпарварӣ даъват намуда, дар пешрафти маънавияти волоямон нақши муҳим мебозанд.
Аксар омӯзгорон гӯшаи «Суханони ҳикматомези бузургон»-ро меписанданд ва дар рафти дарсҳо аз он истифода мебаранд. Алалхусус, дар соатҳои тарбиявӣ. Ба ғайр аз ин рӯзнома қарору фармонҳои рӯзмарраи ҳукуматро ба забони тоҷикӣ сари вақт тақдими мо месозад. Муаррифии чеҳраҳои нави адабӣ, шиносоӣ бо ашъори онҳо, порчаҳо аз қиссаву ҳикояҳои бадеии адибон низ ба мақсад мувофиқ аст. Зеро дар хонанда хислатҳои пайравӣ ба қаҳрамони мусбӣ ва нафрат аз қаҳрамони манфиро шакл медиҳад ва ин боиси худтарбиякунӣ мегардад. Яъне рӯзнома дар рушду камоли маънавиёту ҷаҳонбинии мо дастёри беминнат аст. Агар мо хоҳем ҳамқадами замон бошем, бояд рӯзнома хонем. Зеро ҳоло дар замоне ҳаёт ба сар мебарем, ки рушди ҳамаи соҳаҳо бошиддат аст ва маҳви забонҳо ҳам аз эҳтимол дур нест. Пас мо бояд забонамонро ҳифз намоем ва онро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем, омӯзем. Ин вазифаи ҳар як соҳибзабон аст. Дар ин ҷода рӯзномаи «Овози тоҷик» ёрирасони мост. Ҳаминро бояд ёдрас намуд, ки баъзеҳо аз забони рӯзнома шикоят мекунанд, ки гӯё мураккаб аст. Қудрати сухане ба сухан зам кардан надорему аз худ алломатарошӣ мекунем.
Ҳофиз мегӯяд:
Чу бишнавӣ сухани аҳли
дил магӯ, ки хатост,
Суханшинос наӣ,ҷони
ман, хато ин ҷост!
Хулоса, рӯзномаи «Овози тоҷик» аз он рӯзе, ки арзи вуҷуд кард, то имрӯз вазифаи худро бошарафона иҷро менамояд. Ин рӯзнома худ таърих аст, фарҳанг аст, ки берун аз марзи мо ҳам мақом дорад. Зеро инак тӯли як аср ба дилу хонадони соҳибзабононаш бо саҳифаҳои рангинаш нури зиё мебахшад. Дар ин муддат рӯзнома мавқеву нақши худро мустаҳкам карда тавонист. Аз дигар рӯзномаҳо «як сару гардан» боло буду поён не. Яъне рӯзнома барои камолоти маънавии мо, луғатомӯзии мо, васеъ гаштани ҷаҳонбинии мо, тарбияи маънавию худшиносии мо нақши муҳим дошт ва дорад.
Тамоми коркунони рӯзнома ва мухлисони онро ба муносибати 100-солагии арзи ҳастии нашрия самимона муборакбод менамоям. Бошад, ки Худованд шуморо тандурусту сарбаланд нигоҳ дораду мададгор бошад. Ҳеҷ гоҳ дар кори эҷод хаста набошед, парчамбардорони миллату забони ноби мо!
Сулаймон СОДИҚ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби №-9,
ноҳияи Бӯкаи
вилояти Тошканд,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон
ва Тоҷикистон.