Фахриддини Роҷӣ аз шоирони маорифпарвари Мовароуннаҳр буда, фаъолияти ӯ асосан ба нимаи аввали асри ХХ рост меояд.
Ӯ дар оилаи шоир Нуриддини Ҳодӣ дар гузари Зингарони шаҳри Самарқанд соли 1880 таваллуд шуда, маълумоти ибтидоиро аз падари бузургвораш мегирад. Бинобар он ки падараш хаттоти хеле хушхат буд, Роҷӣ аз давраи бачагӣ ин ҳунарро низ мукаммал меомӯзад. Баробари ин бо кумаки падар аз илми шеъру шоирӣ ва олами ислом баҳравар мешавад.
Дар ибтидои солҳои 1900-ум дар музофотҳои Самарқанд бо ташаббуси маорифпарварон мактабҳои навусул ташкил ёфта, дар онҳо фарзандони мардуми маҳаллӣ баробари илмҳои динӣ фанҳои дунёвиро низ меомӯхтанд. Роҷӣ соли 1912 мадрасаро хатм карда, чанд муддат бо фаъолияти мактабҳои ҷадидии маорифпарварон Абдуқодир Шакурӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ ва дигарон, ки дар маҳалҳои гирду атроф амал доштанд, ошно шуда, дар маркази гузари худ – Зингарон мактаби усули ҷадид мекушояд ва аз пайи саводомӯзии наврасон мешавад. Мактаби Роҷӣ қариб даҳ сол фаъолияти пурсамар нишон дода, даҳҳо нафар наврасонро бо илмҳои дунёвию динӣ мусаллаҳ мекунад. Баробари ин вай мунтазам аз пайи эҷоди шеър мешуд. Мактабу маориф, таълиму тарбия ва ғайра мавзӯъҳои асосии ашъори ӯ буданд.
Тавре ки зикр шуд, Роҷӣ хушнавис – хаттоти моҳир ҳам буд, ашъори баъзе шоирони давраи худро китобат мекард. Дар маҳфилҳои адабӣ, ки устодаш Васлӣ ва дигарон ташкил мекарданд, фаъол иштирок менамуд. Дар ин гуна шабнишинҳо барои пешрафти кори мактабҳо, баланд бардоштани савияи маърифат ва маданияту ҳунармандону деҳқонон сухан мегуфт. Барои дар Самарқанд ташкил намудани нашрияҳо ба забони тоҷикӣ пешниҳодҳо мекард. Дар ин бора шеърҳои оташин менавишт. Ӯ ҳимоятгари озодии халқи меҳнаткаш ва истиқлолияти ватани азизи худ буд.
Ниҳоят дар таърихи 1-уми апрели соли 1919 дар Самарқанд бо номи «Шуълаи инқилоб» нахустин маҷаллаи тоҷикӣ нашр гардид. Дар он Саидризо Ализода сармуҳаррир, Козимзода ҷонишин, Фахриддини Роҷӣ котиби масъул таъин шуданд. Дар сармақолаи шумораи аввали ин маҷалла вазифаҳои асосии он чунин муайян шуда буданд: «Ягона мақсад ва маслаки мо ба Ватан хизмат кардан аст. Мо қалам меронем барои озодӣ ва осоиштагии ранҷбарон ҷиҳати ба даст омадани ҳуқуқи поймолшудаи мазлумон. Барои расидан ба мақсади муқаддаси худ мо қалами худро тез карда, бо душманон ва мухолифон то охири нафасамон мубориза мебарем ва дар ин роҳ аз ҳеҷ гуна мавоқеъ (монегиҳо) ва таҳдид заррае намеандешем. Маслаки мо ҳақ ва мо фидои ҳақ ҳастем. («Шуълаи инқилоб», 1919, № 1).
Фахриддини Роҷӣ аз аввалинҳо шуда шеъру мақолаҳои баҳсталаби худро интишор мекард. Устод Айнӣ, ба Самарқанд кӯч баста буд, бо Роҷӣ алоқаи дӯстона пайдо карда, ба кори ҷамоаи маҷалла аз наздик кумак мерасонд. Шеъри «Ҷаҳони нав»-и Фахриддини Роҷӣ, ки ба озодии Ватан ва дӯстии халқҳо бахшида шуда буд, бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:
Эй туӣ муддаои ҳар миллат,
Эй туӣ муддаои ҳар уммат!
Офтобе шудаву шуъла задӣ,
Шудӣ имрӯз ҳокими абадӣ.
Яке аз вазифаҳои муҳими назми солҳо 20-уми асри гузашта шинохтан ва эътироф кардани синфи меҳнаткаш, дар навбати аввал синфи коргар буд, ки бунёдкори ҳаёти нав, барҳамзанандаи дунёи куҳнаву асоси зулм, барпокунандаи осоиштагии инсонӣ мебошад. Оид ба ин мавзӯъ дар «Шуълаи инқилоб» Садриддин Айнӣ, Ализода, Аҷзӣ, Қурбӣ, Ҷомеъ, Мунзим ва дигарон низ шеърҳои пурмазмун эҷод мекарданд.
Фахриддин Роҷӣ дар маҷаллаи номбурда аз аввали таъсис то аз тарафи душманони миллат баста шудани он (21-уми декабри соли 1921) ҳамчун котиб-хаттот виҷдонан кор карда, 91 шумораи «Шуълаи инқилоб»-ро хаттотӣ ва дар матбааи сангӣ чоп намудааст.
Бо ташаббуси арбоби ҷамъиятӣ, шоири маорифпарвар Абдуқаюми Қурбӣ, устод Садриддин Айнӣ ва Саидризо Ализодаву чанде равшанфикрон 25-уми августи соли 1924 шумораи аввалини рӯзномаи «Овози тоҷик» аз чоп баромад. Роҷӣ дар он ҳамчун муҳаррири адабӣ фаъолияти худро давом дод, барои чоп ва паҳн кардани рӯзномаи мазкур корҳои зиёд кард. Дар назди таҳририяти рӯзнома маҳфили адабӣ ташкил намуда, ба он сардорӣ кард. Ҷавонони шоиртабъу шеърдӯстро дар атрофи худ ҷамъ намуда, асрори шеър ва шеърнависиро омӯзонид.
Дар итидои солҳои сиюми асри гузашта бо таклифи Вазорати таълими халқ, аввал дар курси муаллимтайёркунӣ ва баъдтар дар омӯзишгоҳи педагогии дар Самарқанд будаи Тоҷикистон кор кард, барои тайёр кардани кадрҳои педагогӣ дар мактабҳои Самарқанду Бухоро ва Бухорои Шарқӣ (Тоҷикистони имрӯза) саҳми арзанда гузошт.
Нависандаи ин сатрҳо бо пасовандони имрӯзаи Фахриддини Роҷӣ, аниқтараш бо абераи шоир, ки Зайниддин ном дораду дар гузари Чақар – ҳавлии бобоӣ зиндагӣ мекунад, дер боз ошноӣ дорам. Рӯзе ӯ ба ман ёддоштҳои олими забардаст, доктори фанҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозодаро дод, ки дар зер аз он иқтибос меорам.
«Ман бо Роҷӣ шинос будам. Дар дорулфунуни Ӯзбекистон (Донишгоҳи давлатии Самарқанд. – Ҳ.Ҷ.) мехондам ва дар техникуми педагогии тоҷикии духтарона кор мекардам. Ҷойи корамон дигар-дигар буд. Ман ӯро бештар дар Растаи Нав медидам, ки дар сар телпак, дар даст асо аз техникуми педагогии писаронаи шаҳр ба хона ва аз хона ба техникум мерафт. Ману Баҳром Ҳоҷизода (баъд дотсент вафоташ соли 1936), студент будем. Соли 1933 дар даромадгоҳи гузари Чақар дар ҳавлии берунии Роҷӣ иҷорашин будем. Пагоҳиҳо вомехӯрдем. Бисёртар шабонгоҳ 2-3 соат нишаста, аз шеъру шоирӣ ва эҷодиёти классикон ва илми хаттотӣ суҳбат мекардем. Ба саволҳоямон аниқу боварибахш ҷавоб медод. Он солҳо шеърҳои Фахриддини Роҷӣ дар нашрияҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» хеле бисёр рӯйи чопро медид. Муаллим ва хаттоти хуб, нозиму мухаррири нағз буд».
Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки Роҷӣ ба олими забардаст Холиқ Мирзозода ва Баҳром Хоҷизода ҳаққи устодӣ доштааст. Баъдтар ҳар дуи онҳо ба пешрафти илми адабиёт ва забоншиносӣ хидматҳои бемисл карданд.
Сад афсӯс, ки чун садҳо қурбониёни маориф Роҷӣ ҳам бо туҳмати аксулинқилобчӣ соли 1937 таъқиб шуда, дар маҳбусхонаҳои дурдасти Русия ба муддати даҳ сол азобу шиканҷа кашид ва берун аз хоки ватани азизаш ҷон дод.
НАМУНАҲО АЗ АШЪОРИ РОҶӢ
Эй, туӣ муддаои ҳар миллат,
Эй, туӣ муддаои ҳар уммат!
Офтобе шудиву шуъла задӣ,
Шудӣ имрӯз ҳокими абадӣ...
Эй ҷаҳони нав, эй умед биё,
Парда аз рух бияфкану
бинамо!
Кураи арз ҷумла хоҳонанд,
Ҷумлаҳое, ки ҷумла медонанд.
Ба каломи ту ҷумла гӯш
диҳанд,
Деги ин маъниро ба ҷӯш
диҳанд.
Ватан
Барои мову ту ҳам меваю таом
диҳад,
Барои хастагии мо даво ҳавои
Ватан.
Ватанпараст набошӣ,
намешавӣ одам,
Агар ту одамизодӣ, бишав
фидои Ватан!
Барои ҳифзи Ватан миру аз
Ватан магзар!
Бирез хуну ситон, яъне
хунбаҳои Ватан.
Ҳамза ҶӮРА,
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон.