ДАР ОРЗУИ РӮШНОӢ

Нарзулло духтур рӯйи ду қабат кӯрпача хобидааст.

Аз қаъри вуҷудаш як найчаи резинӣ зардоби танашро берун мекашад. Баъди ҷарроҳии вазнин, инак аз бемористон ба хона баргаштааст. Он рӯзҳо вазъаш хеле сангин буд, гоҳ ба ҳуш ояд, гоҳе мадҳуш хоб мекард! Ҳоло аз шарофати талошҳо, ба қавле аз он дунё баргаштаву дар ҳалқаи фарзандон ва наберагон қарор дорад: – нафасгириаш мураттаб, иштиҳояш барқарор шудааст. Ба ин тартиб, неруи танаш ҳам меафзояд... Аммо гоҳ-гоҳ фишорбаландӣ азият медиҳад, ки аз дардҳои куҳнаи ӯст. Хоса дар айёми гармо зуд-зуд тағйир ёфта, то ба эътидол расидан азоб мекашад. 
 – Умедамонро билкул канда будем, ака! Муллои деҳа ду бор «Ёсин» фаровард. Аҳли оила тараддуд медиданд. Ҳамдеҳагон гӯшбақимор буданд... Аммо, шукр, ҳамин шабону рӯзон ҳолашон хуб аст. Пас, ба бахти мо, ҳанӯз умрашон боқист, – гуфт Суҳроб ва радиоро ноаён хомӯш кард, ки беист ғингос мезад. Баъд  рахтхобу либосҳои беморро мураттаб сохт. Суҳроб, писари хурдии хонадон буда, бештари вақти худро дар парастории қиблагоҳаш сарф мекунад. Ба як ҳисоб, беморбон аст.
Гуфтугузори мо ба гӯши Нарзулло духтур нишаста, чашм кушод. 
– Кӣ омад?  
Овозаш равшан аст, «нигоҳи» дидагони оҷизаш ба ҳар самт рафта, дар «торикӣ» моро меҷӯяд. 
Вақте хиҷолат кашида баландтар ҳарф задаву худро шиносонидам, чунон шод шуд, ки... 
– Э-ээ, ман садқаи қадамҳотон. Писари ҳамсинфам-ку. Аз ҳамин қадар роҳи дур омадед-а? – гӯён бо вуҷуди муқобилати ман дикак нишаст. Суҳроб зуд ба кӯмаки падар шитофта, ба пушташ болишти иловагӣ гузошт.
Ба сар то ба пояш нигоҳ давонда, ба таассуф аз дил гузаронидам:
Духтури аввалини деҳаи мо пир шудааст. Як замонҳо, ҳатто зери барфу борон, ё сармоҳои шадиди зимистон... дар ба дари мардуми корафтода мегашт. 
Вай ҳар киро аз пайвандони падарам дар ёд дошт, батафсил пурсид ва ногоҳ чашмонаш ғарқи об гаштанд, сахт ба риққат омада, хеле оби дида рехт. Ин дам аз дили ғамгусораш чӣ мегузашт, намедонам. Пас аз фурсате боз ба забон омад.
– Бо падарат – Абдухалил дӯстони ҷонӣ будем, кӯдакиву наврасиамон дар ҳамин кӯчаҳо гузаштанд, даҳ сол дар як синф таҳсил гирифтем. Вай ҷони одам буд. Вақте пеши Худо рафт, сад дареғ.., гӯё нисфи диламро бо худ бурд. Эҳ-ҳаа...  Агар ҳоло зинда мебуд, рӯзе ду маҳал аз ҳолам хабар мегирифт.
Духтур боз мил-мил оби дида рехта, дубора ба сухан омад: 
– Аёдати бемор аз як ҷаъбаи пури дорую даво беҳтар аст! Шумо аз дар даромадеду ман ҷон гирифтам.  Аммо ба чунин расми аҷдод имрӯз завол расидааст. Ҳама шояд дар ғами молу манол афтодаанд...
«Рост...» – мегӯям дар дил ва аз худ хафа мешавам, ки чаро пайрави содиқи ин суннати ниёкон нестам! 
– Як ҳамсоя доштам, – ба ишораи сар самти зисти ӯро нишон медиҳад. – Ду ҳавлӣ фарозтар зиндагӣ мекард. Номаш Тӯрабой... 
– Мешиносам. 
– Ҳамон бандаи қобили Худо мисли ман оҷиз буд – чандин сол дар шабистон мезист. Вай аз шаш иқлим сухан карда, маро зиқ шудан намегузошт. Дар вуҷуди хурдакаки ӯ ин қадар гапи дунё чӣ хел ҷой гирифта буд, дар тааҷҷуб мемондам! Ду мӯйсафеди нобино, аммо чашми диламон равшан... аз саҳар то дари бегоҳ дар кӯча нишаста, суҳбат мекардем. Ҳатто аз овозаш мешинохтем, ки ҳоло аз назди мо мошини кадом ҳамдеҳа убур кард. Аммо афсӯс, ки ҳамсояи ман – Тӯрабойи зарофатгӯ ҳам зуд рахти сафар баст... Ҳоло танҳоии маро ҳамин радиои серҷоғ мезудояд. Ман ин радиочаи хурдакакро ба шарафи ҳамсояи раҳматиам «Тӯрабой» ном гузоштаам, – беозор механдад ӯ. – Вай ҳам беист гоҳ ахбори ҷаҳонро ба гӯшам резад, гоҳ бо сурудҳои дилнишин хотири ошуфтаамро таскин мебахшад. Ин тавр, мефаҳмам, ки шаб фаро расидаву пас аз фурсате рӯз меояд. Ҳаёт дар муҳити деҳа меҷӯшад, аммо ман  ҳамоно дар торикӣ ба сар мебарам, аз кулли нишот маҳрум ба зиндагии худ идома медиҳам.    
Духтури бемор аз пешу бар дастрӯймол кофт ва чун Суҳроб ба дасташ қапонд, оҳиста ба чашм бурдаву оби дидагонашро пок кард. Ман аз дидани акнун нотавониҳои ин духтури деҳаамон, ки аз барои табобат чандин касро ҳатто то худи шаҳри Маскав роҳбалад гашта буд, дарун-дарун ғусса хӯрда, чун таомул ҳол пурсидаву бо чанд ҳарфи гарм дилбардорӣ намудам.
Ноаён лаб газид ва як табассуми сард гирди лабонаш пайдо шуд. Ду даст рӯйи ҷогаҳ ҳамвор сохта, китф дарҳам кашид – мурод, шояд ин тавр бесадо гуфтан мехост, ки ҳамааш дар дасти Парвардигор, агар изн диҳад, боз чанд сол хоҳам буд, вагарна... 
– Муллову духтур аз марг наметарсанд, – гуфт ниҳоят хандида. – Чунки дар ҷараёни ҳаёт назар ба дигарон аз ҳақиқати кори Худо бештар огоҳ мешаванд. Яъне медонанд, ки фарҷоми зиндагӣ оқибат марг аст... Бинобар ин рӯҳан ба ин ҳақиқати кулл омода мешаванд ва ҳаргиз ваҳмеро дар дил роҳ намедиҳанд. Ман ҳам аз фариштаи ҷонситон – Ҷабраил чандон боке надорам. Бигзор, дер ё зуд, аз пайи амонати Аллоҳ ба сарам ҳозир шавад...
Дар миён боз сукут меафтад. Ҳар кадоме аз мо ба дарёфти мағзи суханҳои духтур андармон мешавем. Ман ба чинҳои ҷабини ӯ мутаваҷҷеҳ шуда, дафтари умри ин духтури ҳамеша ҳозиру нозири деҳаро оҳиста варақгардон мекунам...
Нарзулло Худойқулов соли 1948 дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун таваллуд шуд. Падари ӯ Худойқул Ёдгоров аз сарбозони ҳақиқии Ватан буд. Вай дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат варзидаву қаҳрамонона душманро то худи боргоҳаш – Берлин саркӯб кардааст. Вақте аз барои дидору мулоқот ба дабистони мо меомад, сари синаи ин марди майдон аз медалҳо пур буд... Модарашро Норхол мегуфтанд. Вай як бандаи ятимпарвар буд. Дар он замони сахт қатори фарзандони худ чандин бачаи бепарасторро калон карда, аз чанголи марги беамон наҷот додааст. Онҳо то охири умр ин зани дар меҳр ягонаро модари худ меҳисобиданд. Нарзулло ҷигарбанди чунин шахсони биҳиштӣ буда, пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 5-уми ноҳияи Бойсун солҳои 1964-1966 дар шаҳри Қаршӣ чун коргари санитарию техникӣ кор кард. Он солҳо дар Бойсун омӯзишгоҳи тиббӣ кушода мешавад. Нарзулло ин омӯзишгоҳро хондаву соҳиби диплом мегардад. Дар ҷараёни таҳсил ба Зиёда Холназарова ном ҳамсабақи худ дил мебандад. Онҳо соҳиби се фарзанд мешаванд. Фарҳоду Рустаму Суҳроб меваҳои ширини дарахти умри эшонанд... 
Нарзуллоро дар бемористони марказии ноҳия ба кор қабул мекунанд. Зиёда – арӯси нозанини хонадон дар бахши баклабораторияи бемористон ба кор шурӯъ мекунад. Нарзулло ҷамъулҷамъ 42 сол кор карда, қариб ба ҳар хонадони мардуми Бойсун чандин бор даромада, ба беморон кумаки аввалия расонидааст. Ин аст, ки бошандагони аксари деҳаҳо хуб мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд. 
Завҷаи дар меҳр ягонаашро низ бошандагони деҳаи Бибиширин хеле дӯст медоштанд. Мутаассифона, соли 2015 Зиёдаапаи меҳрубон ва шарики дамҳои ғаму шодии Нарзуллои духтур ба ҷавори Ҳақ пайваст. Ин талафот ва андӯҳи гарон камари духтури деҳаро шикаст. Вай як муддат аз ҳаёт дилхунук шуд... 
– Ишқи авалин ва вопасини ман буд Зиёда. Фариштаамро хеле пазмон шудам, – мегӯяд духтур ва овозаш меларзад.
Ва... боз оби чашм мерезад. 
Фаҳмидам, ки  духтур сенздаҳ сол боз дар иҳотаи зулмати махуфе умр ба сар мебарад ва дар орзуи дидани рӯшноӣ ҳар саҳар чашм мекушояду ногузир худро дар шабистони бетаке меёбад. Комилан оҷиз аст духтури мӯйсафед! Нури дидагонашро дар гирудори ҳаёти бешафқат бохтааст. Ҳоло шабу рӯз барояш ҳукми яксон доранд – тираву тор! На ба дидани ҷамоли офтоб муяссар мегардаду на ба тамошои шукуфтани ситораҳою маҳтоб! Ба ҷуз аз дарди бедармони пирӣ боз сад маризии дигаре ба тану ҷонаш таҳдид мекунанд ва ӯ ҳар кадоми онҳоро дар орзуи дидани рӯзи рӯшан мардонавор таҳаммул месозад. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: