Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бо мақсади таъмин намудани тайёркунии кадрҳои дорои маълумоти олӣ дар самтҳои таҳсилоти бакалавриат ва магистратура, ки дар соҳаҳои тараққиёбанда ва бахшҳои иқтисодиёт серталабанд, васеъ намудани имкониятҳои ҷавонон барои гирифтани маълумоти босифат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин барои мақсаднок равона намудани омодасозии кадрҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории соҳавӣ, минтақавӣ ва мақсаднок:
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 майи соли 2024 № ФП-81 «Дар бораи такмил додани низоми қабул барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷойгиркунии фармоишҳои давлатӣ»:
тартиби тасдиқи параметрҳои фармоиши давлатӣ аз рӯи самтҳои таълими бакавлариат ва ихтисоси магитратура аз рӯи шакли таълими рӯзона ҷорӣ карда шуд;
ҳангоми тақсими квотаҳо аз рӯи фармоишҳои давлатӣ афзалият ба соҳаҳои дониши муҳандисӣ, тиб, илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дода мешавад;
ба ташкилотҳои ғайридавлатии таълими олӣ, ки қабули донишҷӯёнро мувофиқи тартиб ва шартҳое, ки барои муассисаҳои давлатии таълими олӣ муқаррар шудаанд, анҷом медиҳанд, иҷозат дода шудааст, ки дар тақсимоти фармоишҳои давлатӣ иштирок намоянд;
аз соли таҳсили 2024/2025 сар карда имтиҳонҳо оид ба қабул ба муассисаҳои давлатии таълими олоӣ аз рӯи тамоюли «аввал тест, баъд интихоб» гузаронда мешаванд.
2. Параметрҳои фармоиши давлатии қабул ба таҳсил дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олӣ барои соли таҳсили 2024/2025 тибқи тартиби зайл тасдиқ карда шаванд:
тайёр кардани бакалаврҳо аз рӯи шакли таълими рӯзона – ба андозаи 34 838 нафар мувофиқи замимаи №1;
тайёр кардани магистрҳо — ба миқдори 9365 нафар мувофики замимаи № 2.
3. Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия ба Комиссияи давлатии қабул ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд Комиссияи давлатӣ) инҳоро пешниҳод намояд:
а) дар давоми се рӯз:
рӯйхати ташкилотҳои ғайридавлатии таҳсилоти олӣ, ки хоҳиши иштирок дар тақсими фармоишҳои давлатиро дошта, қабули донишҷӯёнро бо тартиб ва шартҳои барои муассисаҳои давлатии таҳсилоти олӣ муқарраргардида анҷом медиҳанд;
пешниҳод оид ба параметрҳои умумии қабул дар қисмати муассисаҳои таълими олӣ, шакл ва забонҳои таҳсил барои соли таҳсили 2024/2025 дар асоси пешниҳоди муассисаҳои давлатии таълими олӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии таълими олӣ, ки дар тақсимоти фармоиши давлатӣ ширкат мекунанд;
б) дар давоми як ҳафта пешниҳод оид ба тақсимот:
1200 гранти давлатӣ, ки барои муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ва филиалҳои онҳо, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатии таълими олии дар ҷумҳурӣ фаъолият нишондиҳанда ҷудо карда шудаанд;
2000 гранти давлатӣ, ки барои занон ҷудо карда шудаанд – якҷоя бо Кумитаи оила ва занон;
30 гранти давлатӣ, ки барои ҳамватанони ҷавоне, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, хоҳиши таҳсил аз рӯи самтҳои «забон ва адабиёти ӯзбек», «таърих», «фарҳанг», «санъат ва ҳунар»-ро доранд, ҷудо карда шудаанд.
4. Комиссияи давлатӣ дар мӯҳлати як ҳафта барои соли таҳсили 2024/2025 инҳоро тасдиқ кунад:
а) аз рӯи қабул ба самти таҳсилоти бакалавриат:
андозаҳои умумии қабул дар қисмати муассисаи таълими олӣ, шакл ва забонҳои таҳсил;
параметрҳои иловагии қабул барои довталабоне, ки имтиёз доранд;
ҳадди ақали хол барои дохилшавӣ ба таҳсил аз рӯи гранти давлатӣ ва дар асоси пуливу қарордодӣ бо назардошти холи миёнаи дохилшавӣ дар соли таҳсили гузашта оид ба самти дахлдори таълими бакалавриат;
квотаҳои мақсадноки қабул ва тақсимоти ин квотаҳо дар қисмати ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар доираи андозаҳои умумии қабул дар асоси гранти давлатӣ барои таъмини эҳтиёҷоти минтақаҳо, соҳаҳо ва шуъбаҳо ба кадрҳои маълмоти олидор мувофиқи фармоишҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ки дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавӣ) ҳиссаи давлат 50 фоиз ва аз он бештарро ташкил медиҳад;
ҳиссаи квотаи гранти давлатӣ дар параметрҳои умумии қабул ба ташкилотҳои таълими олӣ аз рӯи ҳар як самти таҳсил дар қисмати соҳаи таълим (самти таълими бакалавриат);
б) параметрҳои қабул ба ихтисоси магистратура бо тақсимот дар асоси гранти давлатӣ ва пулию қарордодӣ дар қисмати муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва забонҳои таълим.
5. Муқаррар карда шавад, ки агар довталабоне, ки дар шакли холҳои иловагии ба миқдори муайяни холҳои ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба даст оварда дода мешаванд, имтиёз доранд, аз рӯи ихтисоси интихобкардаи таҳсилоти соли 2024 холҳои муайяни гузаштан ё бештар хол гирифта бошанд, ба донишҷӯӣ аз рӯи гранти давлатӣ ё дар асоси пулию қарордодӣ дар доираи квотаҳои иловагии мутобиқи холҳои ҷамъоварда тавсия карда мешаванд.
6. Ба зиммаи вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия К.А. Шарипов масъулияти шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои ин фармоиш гузошта шавад.
Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. К. Абдурахмонов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
шаҳри ТОШКАНД,
19 июли соли 2024.