МАРДЕ АЗ ШАҲТУТ

Доси тез дар дасти деҳқони пир сабук ба ҳаракат меомад.

 Ба ҳар бори омаду рафт дарза-дарза алафро ба рӯйи замин хобонда, пеши роҳ мунтазам ҷой холӣ мекард. Вай ба сангчаҳои хурд бархӯрда, даравгарро огоҳ месохт, ки ҳушёр бошад, зеро замини кӯҳистон серсанг аст. Аммо Барот Мергани Шаҳтутӣ ҳушёр буд. Чунки дар муҳити кӯҳистон сабзида хеле пухтааст. Садои «ширт-ширт» бурида шудани пояи алафҳои ҳанӯз нарму сабз дар гӯши бобои Барот монои мусиқии форам менишаст. Мӯйсафед дар ин боғи сердолу дарахт, ки ҳатто дар нимаи рӯз ҳам сояву салқин буд, бароҳат кор мекард. Бароти Шаҳтутӣ панҷоҳ қадам дуртар аз ин ҷо, дар канори ҷӯйбори обаш зулол қуттиҳои зиёде гузошта, занбӯри асал низ парвариш мекунад. Ин ҷонварони ниҳоят озода фасли сармо дар хонаҳои гарми худ қиёми шакар хӯрдаву нишинанд ҳам, ҳоло дар мавсими гул аз мақоми худ – қуттиҳои дорои тоблуҳои ширин ба парвоз омада, дар ҷустани қути ҳалол ба чаҳор самт пар кушодаанд.
Боғбон ин боғи ободро аз падар мерос гирифтааст. Наврӯз Эгамов ном дошт қиблагоҳи бошарафи ӯ. Модарашро Шарифа мегуфтанд, ки дар меҳнат аз ягон марди деҳа кам намеомад. Онҳо ҳашт фарзандро ба дунё овардаву соҳиби хонаву ҷой сохтанд. Падараш ҳам деҳқон ва ҳам чорводори чашми кордон буд. Барот Наврӯзов дар хонадони ҳамин шахсони меҳнаткаш, ки зодагони хуштолеи деҳкадаи Шаҳтут буданд, 15 марти соли 1957 ба дунё омад. Шаҳтут якҷо бо деҳкадаҳои Назарӣ, Айлонгар ва Туркмантала, ки куллан тоҷиктабор ҳастанд, шомили ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Хоҷаидод»-и ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё мебошад. Ин деҳкада тақрибан 40 адад хоҷагӣ дорад, ки дар ду бари дарёи шӯхоби ин қаламрав ватан кардаанд. Барот Мерган ҳоло як марди 67-сола аст ва бо ҳамсараш – холаи Рӯзигул Каримова як рӯзгори обод ва бофароғате доранд. Онҳо соҳиби 10 фарзанд, ҳафт писари таҳамтану се духтари нозанин мебошанд. 
Пас аз он ки Барот Мерган як қитъа замини ободро аз падар мерос гирифт, ба зарби каланду белу зоғнӯл атрофи онро аз сангҳо тоза намуда, заминҳои нав кушод. Ҳоло он дар тахмини худаш аз ним гектар зиёдтар аст. Дар кӯҳистон ин қадар замин доштан, ки аз об таъмин бошад, бахт ва иқболи фурӯзон аст. Вай дуртар аз ин замин, дар дараи Чапнова боз миқдоре замин кушода, онро ба биҳишт мубаддал сохтааст. Дар он радда–радда дарахтони чормағз, себу нок, шафтолуву зардолу, гелосу олу... парвариш мекунад ва ҳосили фаровон мегирад. Дар ҳошияи заминҳо тақрибан 1000 адад дарахти сафедор ҳам парвариш мекунад. 
Барот Мерган ба сатҳи боғи саросар сабз нигоҳи навозиш давонда, лаб ба сухан кушод:  
– Як сол пеш дар лаби ҷӯйбори Баланд 200 бех ниҳоли чормағз шинонидам. Чормағзҳо одӣ не, балки пӯсташон нафиси хушхӯр ва харидоргир мебошанд. Назирашро дар ин обрав кам дучор меоед! Замини мо ба осонӣ таслим намегардад. Зӯриатро нишон медиҳиву қанд мехӯрӣ, вагарна таассуфу фанд! – бо ифтихор қомат рост мегирад Мергани солхӯрда ва ба нақли худ идома медиҳад: 
–  Меҳнати тоқатфарсоро таҳаммул накарда, кадоме аз писарҳо норизо шуд, ки: «– Ин қадар дарахтро чӣ кор мекунед, додо?» 
Медонед ман чӣ ҷавоб додам?
Ва ӯ посухи маро мунтазир нашуда, худ ҷавоб медиҳад: 
«Чӣ кор ҳам мекардам, бачем. Вақташ расад, пуштора карда бо худ ба он дунё мебарам!» – гуфта, сахт ба рӯяш нигоҳ андохтам. Писар сухани беҷои худро фаҳмид магар, ки то дами бегаҳ дар бари ман истода, хуб меҳнат кард. То охир белро аз даст нагузошт. Кунун он ниҳолҳо бехато дарахт шудаанд. Ҳоло ҳар кадом ҳадди ақал даҳкилогӣ чормағз медиҳанд. Пеши чормағзҳои куҳнаи мо яксентнерӣ ҳосил медиҳанд. Ана даромад, мана бо чӣ роҳ бояд рӯзгорро обод кард!
Боғбон мегӯяд, ки солона 30-40 тонна себ, 5 тонна гелос, 2 тонна чормағз ва аз 70 оилаи занбӯри асал, ки дар қуттиҳо ҷой доранд, ҳудуди 1 тонна асал ҳам мегирад.   
Бароти Шаҳтутӣ аз пешомади корҳои деҳқонӣ ва чорводории худ хушбин ва ба барори кораш мутмаин аст. Аммо аз тапутези ҷавонҳои имрӯза дилпур нест.  
– Писари хурдӣ як вақт пар кушод, ки ба Русия меравад. Дар мавзеи бобоӣ рӯзаш беҳ намешудааст. Ана гап! – ба нақли худ идома дод мусоҳибам. – Аз  бозуяш қапида, боғро давр занондам ва ба пеши ҳар дарахт бурдаву аз судаш сухан кушодам, оқибат ба назди як харсанги сатҳаш ҳамвор овардам, ки аз рӯзи азал дар миёни боғ меистаду шояд замоне селоб аз бағали кӯҳҳо ҷудо карда, ба ин ҷо овардааст, зеро одамизод ба ин кор қодир нест. Ҳамон санги бузургро нишон дода гуфтам, ки – қурбонат шавам, агар муҳаббати ҳамин санги безабонро сазовор гардӣ, дили сахташро ба ҳунаре нарм сохтаву ба даст оварӣ, туро ғании даврон хоҳад кард. Фақат ақлу хирадро кор фармудан лозим! 
Ин дам момои Рӯзигул дасторхону як шаҳкоса асалро рӯйи суфа гузошт. Пасон боз, чандин бор рафтаву омада, рӯйи хонро пур кард. 
– Ватани мо маъқул шуд? – пурсид вай. 
– Ҷаннати ҳақиқӣ, – посух додам филфавр. 
– Агар «Уқоби ман» заҳмат намекард, ҳо аз он санглохи адир тафовуте намедошт, – гуфт холаи Рӯзигул ва сарбанди хушгули худро ба пешонӣ кашида, ба соҳиби сараш нигоҳи меҳрбор афканд. Барот Мерган тоқии чустии худро нағзтар ба сар монда, атрофашро бо рӯймоле сахтакак печонд ва аз суханҳои ҳамсараш шод гашта, як навъ тааҷҷуб ҳам кард. 
– Як умр корро наметонӣ гуфта, танқид мекардӣ-ку, кампир! Лекин росташ ин суханҳоят мӯмиё барин форид, – гуфт хандида.
Холаи Рӯзигул дигар гап назад, гунаҳояш андак арғувонӣ канор рафт 
– Ҳамин асал деҳқонии мо! Ку чашида бинед.
Дар шаҳкосаи пур асали аввали баҳоронро оварда буданд, ки чун оина соф буду ҷило медод. Таъми гулу гиёҳи кӯҳистон ҳис мешуд.
Барот Мергани Шаҳтутӣ гоҳ аз деҳқониву боғбонии бобарораш, гоҳе аз чорвопарварии бомуваффақаш, муддате аз асалпарварии дар ҳадди инкишофаш... сухан ба миён оварда, ҳамаро аз шарофати неруи бозувон, меҳнату ғайрати ҳафт шаҳписари нексиришти худ медонад. Онҳо – Фахриддин, Наҷмиддин, Зиёвуддин, Қурбонназар, Тоҳир ва Зокир ҳафт наҷми дурахшони падар ҳастанд, ки тариқи ҳалоли рӯзгордориро аз ӯ омӯхта, ҳоло пайваста дар фикри ободии боғи хонадон умр ба сар мебаранд.
Баъдан Барот Наврӯзов шарҳ дод, ки чаро ӯро Мерган ном мебаранд. Аз нақлҳои баҳарорати ӯ дарёфтам, ки вай нишонзани хуби ин обрав ба ҳисоб мерафтааст. Ҳанӯз ягон сайд аз тири туфанги ӯ ҷон ба саломат набурдааст.  
Барот Мерган ба ин қарибӣ ба зиёрати Хонаи Худо ҳам мушарраф гашт ва пас аз адои Ҳаҷҷи акбар, инак дар дил нақшаи дигаре дорад. Агар Худованд умр диҳад, минбаъд низ барои ободии Шаҳтут – деҳкадаи дар ҳусн беҳамтояш саъй хоҳад кард. 
 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: