ОИЛА – ҚАЛЪАИ МУҚАДДАС

Мақолаи хабарнигори «Овози тоҷик» Зоҳир Ҳасанзода бо номи «Танзими анъанаҳои миллӣ – тақозои замон» (шумораи 47-48, «Овози тоҷик»,15 июн, 2024), ки ба фарҳанги тӯй ва дигар маросими мардумӣ бахшида шудааст, дар идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Самарқанд муҳокима гардид.

Таъкид гардид, ки гуфтаҳои муаллиф доир ба  эҳёи расму русуми  аҷдодӣ дар  давлатдории Ӯзбекистони Нав айни муддаост. 
Бузургон оиларо ҷамъияти хурдтараки мӯъҷаз, шоҳасари табиат, дурру гавҳари давлат  гуфтаанд. 
Боиси хушнудист, ҳукумати Ӯзбекистон, сарвари оқил ва дурандеши  кишвари мо бобати тарғибу ташвиқи ҳаёти солим ва  ҳифзи оилаҳо ғамхории доимӣ зоҳир  менамоянд. Аммо, сад афсӯс, ки бо вуҷуди тарғибу ташвиқи доимӣ ҳанӯз ҳам дар байни  ҷавонон бекор шудани ақди никоҳ бисёр ба назар мерасад. Чӣ ҷойи руст кардан аст, ки мутаассифона, ноҳияи Самарқанд дар ин масъала дар вилоят ҷои дуюмро  ишғол менамояд. Тасаввур кардан душвор нест, ки дар натиҷа садҳо тақдир  шикаста, садҳо оила вайрон, садҳо  арӯсу навдомод дар нимароҳ монда. Боз чи қадар кӯдакон зиндаятим ҳастанд, ки ба меҳру муҳаббат, парастиш эҳтиёҷ доранд...
Сабаби ба чунин вазъи ногувор афтодани ҷавонон тӯй ва дигар маросими мардумӣ аст. 
Журналист Зоҳир Ҳасанзода як  қисми муаммоҳои мавҷудро навиштаасту халос. Муаллиф дар бораи маъракаҳои занона қариб, ки ҳеҷ ҷизе нагуфтааст, гарчанде гап хеле бисёр мебошад. 
Агар аз рӯйи адолат ҳарф занем, барои пурдабдаба гузаштани тӯй ва дигар маросими мардумӣ занҳо низ гунаҳкор. Онҳо ҳамсари худро маҷбур мекунанд, ки «дар маъракагузаронӣ аз дигарон кам набояд шуд». Дар натиҷа, оилаҳои камбизоат то гардан ба қарз ғӯта зада, таъсири он ба рӯзгори мардум хоҳад зад. 
Дуруст, дар вайрон шудани ақди никоҳ омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, нашъамандӣ ва ё истифодабарии нӯшокиҳои спиртӣ, беморӣ, дахолати шахсони савум ва хиёнат низ мавҷуд. 
Дар омади гап ба баъзе ҷавонони пулмаст, шавҳатпараст, кӯтоҳандеш байти пандомезро хотиррасон мекунем:
Набошад ёр чун ёри нахустин, 
На ҳар маъшуқ чун маъшуқи пешин.
Бинобар ҳамин  бе ёри вафодор на аз умр лаззате ҳаст ва на дар зиндагӣ роҳат.
Вақтҳои охир хоҳарон, модарон ва ҳатто бибиҷонҳо ба ҷои китоб хондан, ба фарзандону наберагон афсона гуфтан, телефонбозӣ мекунанд, ки таассуфовар  аст. 
Дар роҳи андӯхтани маънавияту маърифат мо – ходимони идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ, пешвоёни дин, мӯйсафедони гузару маҳаллаҳо низ масъул мебошем. 
Фаромӯш набояд кард, ки агар зани фарҳангсозу солиҳа ба кадом хона, ки  бошад, рӯшноӣ ба рӯшноӣ меафзояд, оилаҳо вайрон намешавад, маъракаҳо дар  рӯҳияти замон, камхарҷ хоҳад гузашт. 

Ситорабону РАШИДОВА, 
нозири калони идораи сабти ҳуҷҷати ҳолати  шаҳрвандии 
ноҳияи Самарқанд. 

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: