«ЭЙ БАРОДАР, СИРАТИ ЗЕБО БИЁР...»

Доир ба маданияти либоспӯшӣ, либоси миллии халқҳои мухталиф ва эътибору эҳтиром ба он борҳо гуфтаем, аммо солҳои охир ба назар мерасад, ки мутаассифона, бе ягон ваҷҳ, либоси миллии мо ба либоси бегона иваз мешавад.

Маданияти либоспӯшӣ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллист ва муаррифгари асосии он бонувон мебошанд. Аз қадимулайём либоси тоҷикон аз дигар халқҳо фарқ дошт ва дорад.  
Сирату сурати инсон бояд якдигарро мукаммал кунанд ва шахс бояд ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран зебо бошад. Беҳуда халқ «хонаву палос, одаму либос» нагуфтааст. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо тарзи либоспӯшиҳои гуногун расм аст. Нафаре мехоҳад, ки либоси аврупоӣ пӯшад, вале дигаре либоси миллиро дӯст медорад.
Барои занҳо интихоби либос ниҳоят зиёд ва ҳарранга аст. Барои мардон бошад, асосан намудҳои гуногуни шиму костюм, куртаҳои остинкӯтоҳу дароз ва пӯстину палтоҳои сохташон гуногун мавҷуд аст.
Либос яке аз унсурҳои ороиши сурати зоҳирӣ – қаду қомат, рангу рӯй аст. Дар гузашта сӯфиён ва дарвешон ҳаёти худро бо як либоси ҷанда гузаронида, шахсонеро, ки ба молу мулк, либосу хона аҳамият медоданд, маҳкум мекарданд.
Баръакс, касоне ҳастанд, ки фақат ба сару либос аҳамият дода, ҳатто ба сару либоси дигарон назар карда, мувофиқи он ба шахс баҳо медиҳанд ё муносибат мекунанд, ба ҷиҳати ботинӣ қариб, ки аҳамият намедиҳанд. Нисбат ба ин гуна одамони либоспараст гуфтаанд:
Эй, ки мекӯшӣ, зеботар аз ҳама бошӣ,
Чаро намекӯшӣ, ки донотар аз ҳама 
бошӣ?!
Либос бояд нишонаи дороиву нодорӣ набошад. Дар ҷамъияти мо барои ҳар як шахс имконияти мувофиқи табъу хоҳиш пӯшидан муҳайёст. Ҳоло ҳар яки мо дар кӯчаю бозор, кинову театр, боғу истироҳатгоҳҳо, маҳфилу маҷлис, идораву мактаб ҳис мекунем, ки аксарияти одамон оқилона, ботамкин ва одоби накӯ ба сару либоси худ ва аҳли оилаашон назар мекунанд.
Саволе ба миён меояд, ки оё либоспӯшӣ ягон меъёру андоза дорад? Оре, масъалаи либосу либоспӯшӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талаботи зиндагӣ буда, ба ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии ҳар фард дахл дорад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳоло дар замони мо одамоне нестанд, ки бо ин мавзӯъ сарукор надошта бошанд ва мувофиқи салиқаи худ либосвориро интихоб нанамоянд. Чунки ин мавзӯъ ба вазъияти иқтисодӣ, оилавӣ, маишӣ, корӣ, ҷамъиятӣ, синну соли ҳар як одам вобастагӣ дорад.
Барои фаҳмо шудани масъала ба ҷиҳатҳои мухталифи он аз назари муосир таваққуф мекунем. Масалан, пеш аз ҳама либос ҳамчун мол барои қонеъ намудани талаботи моддӣ, воситаи ҳимоя намудани аъзои бадани инсон аз ҳодисаҳои табиат аст. Чи тавре ки мебинем, либоси мо фақат аз ҷиҳати зоҳирӣ як чизи оддӣ будааст. Аммо дар вақти бо диққат андеша намудан ин чизи оддӣ дорои вазифаҳои хеле зиёд буда, дар ҳаёти инсон ба худ мақоми хос доштааст.
Инсон соҳиби ақлу хирад, истеъдоду эҷодиёт, андешаву эҳтиром буда, ӯ ба либосворӣ на фақат чун олоти ҳимоякунанда аз гармию сардӣ назар менамояд, балки ҳар шахс мехоҳад, ки либоси ӯ зебо, мувофиқи қаду қоматаш, мутобиқ ба фасли сол, мувофиқи талаботи вақту замон, мавқеву маврид бошад.
Ҳатто ранги либос барои мардумон воситаи ифодакунандаи вазъи руҳӣ, оилавӣ, шодӣ ё андӯҳ гардидааст.
Дар шаҳр вориди нақлиёти мусофиркашон мешавем, ё дар кӯчаю гузар чашмамон ба занону духтарони зебои сар то по сиёҳпӯш меафтад ва беихтиёр табъамон хира мегардад. Гӯё ҳусни зебо, дилбарию нозанинии онҳоро абри сиёҳе пӯшидааст.  
Умуман, интихоби либос ифодакунандаи завқи шахсият ва батанзимдарорандаи доираи тарбия ё маданияти инсон аст. Тамоми либосҳое, ки имрӯзҳо дар мағозаву бозорҳо мавриди пешниҳод қарор мегиранд, мӯду замонавӣ буда, танҳо аз харидорон завқи баланди онҳоро тақозо карда, имконияти васеи интихобро медиҳад. Аммо гуфтан бамаврид аст, ки мо бояд ба бегонагон ва даврони асримиёнагиву таассуб пайравӣ накарда, босалиқа пӯшидани либосро ба ҳамагон талқин намоем.
– Вақтҳои охир бегонапарастӣ ва майл намудан ба фарҳанги бегона зиёд шудааст. Либос ин нишонаи одамият мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳар давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб ёфта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, зеро занро олиҳаи ҳусн меноманд, – мегӯяд мушовири кор бо занону духтарони деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш Гулҳаё Завқиева. – Либос ҳамчун нишонаи фарҳанги миллӣ моро ба дигарон мешиносонад. Имрӯзҳо баъзе занону духтарони мо ба филмҳои туркӣ ё арабӣ тақлидкорӣ намуда, сатр ба бар менамоянд. Сатрро аз матои сиёҳ ё сафед медӯзонанд. Бо як дидан гумон мекунед, ки вай ба муносибати мусибате мотам гирифтааст.  
Гулҳаё дуруст мегӯяд. Либоси сиёҳро бисёртар дар маросимҳои азо ба бар мекунанд. Дар ёдам, модаркалонам, ки 80-сола буданд, ба синну солашон мувофиқ либосвориҳояшон аз матои пахтагин, гулдори ҳаворанг ё сабз буд, Остини куртаашон дарози васеъ, аз болояш яктаҳи рах-рах мепӯшиданд. Аз пешонӣ сарбанди сафед, аз болояш рӯймоли калони гулдори ҳошиядор мебастанд. Модарам ҳам ҳамин хел, вақте амаку тағои модарам аз дунё гузаштанд, як муддат либоси сиёҳу кабуд пӯшиданд. 
– Солҳои охир баъзе занону духтарони намозхон аз сар то по сиёҳ мепӯшанд, доманашон ҳатто кӯчаро рӯфта мегардад, онҳо гумон мекунанд, ки либоси сиёҳ либоси намозхонҳост. Дини ислом дини зебоӣ ва зебоипарастӣ аст. Намуди зоҳирӣ ва ботинӣ, рафтору гуфтор, шарм, ҳаё, инчунин ба бар кардани пероҳани зебою зебандаро вай хоҳ мард бошаду хоҳ зан, талаб мекунад. Либоси сиёҳ пӯшидани занҳо бештар ба омилҳои таърихӣ-фарҳангӣ, инчунин ба иқлими мамлакатҳои араб вобастагӣ дорад. Ривоят мекунанд, ки занону духтарони Расули Акрам (с.а.в.) ва дигар саҳобаҳо аз матои абрешим, пахта, канап, ки рангашон сурх, кабуд, зард, сиёҳранг аст, курта дӯхта мепӯшидаанд. Нақл мекунанд, ки духтари Расули Акрам (с.а.в.) Умма Гулсум (р.а.) пӯшидани либоси рах-рах ва гулдори ҳаррангаро дӯст медоштааст. 
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯзҳо миёни занону духтарон ба бар кардани либоси сиёҳ на пӯшондани шарм (аврат), балки мӯд шуда истодааст. Аммо сар то по пӯшидани либоси сиёҳ дар суннати мо расм нест. Ба бар кардани либоси мардона ва ба онҳо монанд шудани занон низ ба урфу одати мо бегона аст, – дар рафти суҳбат мегӯяд роҳбари гурӯҳи «Занони оқила»-и ноҳияи Сергелӣ Фарида Ёқубова.  
– Дар мактаб, коллеҷу муассисаҳои олӣ низ имрӯзҳо либосҳои хонандагон ҳархела шудааст. Либоси талабаи мактабӣ, донишҷӯ, омӯзгор бояд аз ҳамдигар фарқ кунад. Духтарони хурдсоли мактабӣ ба мактаб бо либосҳои гуногун, рӯймолҳои калон печида меоянд. Доир ба тарзи либоспӯшӣ, фарқи либоси мактабӣ аз кӯчагӣ бо волидони онҳо гузарондани суҳбатҳоро бояд ҷоннок намоем, – мегӯяд муаллимаи собиқадор аз деҳаи Моҷарми ноҳияи Фориш Мавҷуда Усмонова.
Бузургони хирад низ доир ба сурату сирати зебо, либос баёнгари хулқи инсон буданашро чунин ифода намудаанд:   
Сурати зебои зоҳир ҳеч нест,
Эй бародар, сирати зебо биёр.
Одамиро ақл бояд дар бадан,
В-арна ҷон дар колбуд дорад химор. 
(Саъдии Шерозӣ).
Ё Волтер мегӯяд: «Либос на танҳо тарҳи бадан, балки хулқро низ дигар мекунад». 

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: