Имрӯз, 26-уми июл, дар Париж бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ оғоз мешавад ва он то 11-уми август баргузор мегардад.
Ин бори сеюм аст, ки Париж мизбони бозиҳои тобистонаи олимпӣ мешавад. Солҳои 1900 ва 1924 низ мусобиқаҳои олимпӣ дар Париж баргузор гардида буд ва ҳамакнун, пас аз расо 100 сол ин шаҳр бори дигар мизбони бузургтарин бозиҳои варзишӣ хоҳад буд.
Дар деҳаи олимпӣ ба сурати умум ҳудуди 14,5 нафар, аз ҷумла 9 ҳазор нафар варзишгарон зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ-2024 дар дарёи машҳури Фаронса - Сена баргузор мешавад. Яъне бори нахуст дар таърихи бозиҳо ин маросим на дар майдони варзишгоҳ, балки дар пасманзари ёдгориҳои машҳури Париж доир мегардад.
Ҳайатҳои варзишгарони кишварҳо дар қаиқҳо масофаи 6-километраи обгузарро шино мекунанд.