ФОРУМИ СОҲИБКОРОН БА ВУҚӮЪ ПАЙВАСТ

Дар Кохи вилоятии театру консерти ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона бо иштироки намояндагони доираҳои соҳибкории вилоят ва Шоҳигарии Таиланд форуми соҳибкорон баргузор гардид.

Ҳайати Шоҳигарии Таиландро директори департаменти Вазорати корҳои хориҷӣ дар умури Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Африқо Псусист Вонгсурават роҳбарӣ намуд. Дар форум ҳудуди 20 нафар намояндагони ҳафт ширкати бонуфузи он ширкат варзиданд, ки дар соҳаҳои тиб, сайёҳӣ, тиҷорат, нақлиёту логистика ва энергетика фаъолият мекунанд.  
Дар чорабинӣ муовини ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмадов суханронӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки миёни вилояти Фарғона ва Шоҳигарии Таиланд равобити наздики дӯстӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст, ки беш аз пеш рӯ ба рушду нумӯъ меоварад.
– Дар солҳои охир бо иштироки сармояҳои Шоҳигарии Таиланд дар вилояти мо чор корхона таъсис додаву ба фаъолият оғоз намуд. Ширкати «Royal Thai Group» аз шумораи ҳамин корхонаҳо мебошад. Маблағе, ки сармоягузорони Шоҳигарии Таиланд барои корхонаҳои марбути саноати нассоҷӣ ва соҳаи сайёҳӣ ворид кардаанд, 28,5 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, – гуфт Хуршедҷон Аҳмадов.
Дар ҷараёни форум соҳибкорон ба фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкориҳо миёни палатаҳои савдо ва густариши робитаҳои шарикӣ миёни доираҳои соҳибкории вилояти Фарғона ва Шоҳигарии Таиланд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Гузашта аз ин, байни соҳибкорон перомуни татбиқи лоиҳаҳои муштараки амиқгардонии робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва таҷрибаивазкунӣ дар соҳаи хидматрасонии сайёҳӣ низ табодули назар сурат гирифт.  
Барои иштирокчиёни форуми мазкур муаррифии рушди устувори иқтисодиёт, салоҳияти инвеститсионӣ, шабакаҳои асосии саноат, мушаххасоти сармояҳои хориҷӣ ва нишондодҳои савдои беруна, минтақаҳои озоди саноатии вилоят  низ хеле хотирмон буд.
Дар чаҳорчӯби форуми соҳибкорон меҳмонони таиландӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли вилоят шинос шуданд. Инчунин дар доираи он мулоқотҳои В2В низ баргузор гардид, ки барои роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои азим фароҳам хоҳад овард.

Мирасрор АҲРОРОВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: