САЛОҲИЯТИ САЙЁҲӢ БАЛАНД МЕГАРДАД

Маълум аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуду манзилҳое ҳастанд, ки бо ин ё он ҷиҳат ҷолибият доранд.

Онҳо торафт бештар таваҷҷуҳи одамонро ба худ мекашанд. Ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани салоҳияти сайёҳӣ, хосса дар ҳудудҳои ҷолиб, масканҳои зебо масъалаи муҳим ба шумор меравад. 
Бинобар ин ҳоло бештар дар деҳоти кӯҳӣ хона-меҳмонхонаҳо таъсис меёбанд. Табиист, ки ба амал баровардани ин гуна корҳои хайру савоб, бунёдкориҳо барои ба ҳадафҳо расидан мусоидат хоҳад кард. Сарвари давлат ҳар бори аз ин боб сухан гуфтан ба кор даровардани имкониятҳои мавҷударо таъкид менамояд. 
Вилояти Ҷиззах низ  имкониятҳои зиёд дорад ва дорои салоҳияти баланди сайёҳӣ мебошад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Зомин тайи ду-се сол иншооти зиёд қад афрохтанд. Бунёди роҳу кӯпруки  танобшакл, меҳмонхонаҳо далели ин гуфтаҳост. Алҳол дар ноҳияи Фориш низ масканҳои зиёди истироҳатӣ ба вуҷуд омаданд. Барои мисол тайи ду-се соли охир се меҳмонхонаи замонавӣ, 15 то хонаи меҳмонии дорои 146 ҷой, чор кемпинге, ки 173 нафар меҳмонро ба истиқбол гирифта  метавонад, арзи вуҷуд карданд.
Шаҳрчаи Хонбандӣ, ёдгориҳои атрофи мамнӯъгоҳи «Нурато», сангнавиштҳои сойҳои Ӯхму Моҷарму Андагин, дарахти якчандҳазорсолаи Арча аз ҳамин ҷумлаанд. Арчаи ҳазорсолаи  Моҷарм 24 метр диаметр дорад, баландиаш 20 метр аст.  Албатта, ин ёдгориҳои таърихӣ сайёҳони хориҷиро мутаваҷҷеҳ месозад.
Ба ғайр аз ин, атрофу акнофи кӯли Айдар ҳам барои тамошои одамон мақбул аст. Ҳоло дар соҳилҳои кӯл маскани истироҳати «Оxus Adventure»  дар ихтиёри мардум аст. Дар ин ҷо бо усули финӣ даҳ хона сохта шудааст. Даҳҳо юрта қад афрохтааст. Ба қатори деҳу маҳалҳои истироҳатӣ Сайёд низ ҳамроҳ шуд. Ба наздикӣ гурӯҳи хабарнигорон ба ин деҳаи наздикӯҳӣ саёҳат намуда, аз шароити объектҳои сайёҳӣ дидан карданд.
Дар ҳудуди мамнӯъгоҳи давлатии «Нурато» 16 гектар замин маҳз барои парвариши гӯсфандони северсев ҷудо карда шудааст. Акнун сайёҳон метавонанд бо чашми худ  аз наздик гӯсфандон (ғурмҳо)-ро бинанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: