Маълум аст, ки бино ба Баённомаи Ассамблеяи генералии СММ аз соли 2011 ба мақсади беҳдошту қавитар гардондани робитаи байни кишварҳо, пойдории сулҳу ваҳдат ва рушди дӯстии халқҳо 30 июл «Рӯзи дӯстии халқҳо» эълон гардида буд.
То рӯ овардани як ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ба чунин иқдоми нек дар кишвари мо масъалаи дӯстии халқҳо, таҳаммулпазирӣ чун ҳамеша дар маркази диққату эътибори ҳукумат буд. Албатта, дар баробарию бародарӣ умр ба сар бурдани миллату халқиятҳои зиёд дар саросари мамлакатамон, нақши фармон ва қарорҳое, ки бобати баробарҳуқуқии онҳо қабул шудаанд, муҳим аст. Дар таҳрири нави Қонуни Асосии мо, ки ба сифати Сарқонуни халқ эътироф шудааст, тамоюли «Ӯзбекистони Нав – давлати иҷтимоӣ» қатъиян муайян гардидааст, ки беҳуда нест. Зеро дар пояи «давлати иҷтимоӣ» ғояи олиҷаноби гиромидошти қадри инсон нуҳуфтааст ва он маънои кафолати ҳуқуқ ва озодии ҳар як шаҳрванд, манфиатҳои қонунӣ ва миллии онро дорад.
Бояд эътироф намуд, ки дар мамлакати мо ҷиҳати омӯхтан, ҳифз намудан ва рушди фарҳанг, урфу одат, анъанаҳои миллии миллатҳои гуногун маказҳои милливу фарҳангӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки дар Самарқанд қасри «Дӯстии халқҳо» бунёд гардида, дар ин ҷо беш аз 10 маркази миллию фарҳангӣ фаъолияти худро идома медиҳанд, ки яке аз онҳо маркази фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд буда, мақсад ва мароми он низ пойдору устувории анъанаҳои неки дӯстӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва пос доштани расму оинҳои аҷдодӣ аст.
Танзими анъанаҳои миллӣ – тақозои замон. Он дастовардҳои маънавию маърифатие, ки инсоният дар тӯли фаъолияти дуру дарози таърихӣ ба вуҷуд овардааст, фарҳанг меноманд. Метавон эътироф намуд, ки як қисми ҷудонопазири фарҳанги беназири тоҷикон дар Самарқанди куҳан ба вуҷуд омадааст ва ҳоло низ ривоҷу равнақ меёбад. Сарвари давлатамон дар ҳар як баромади худ таъкид мекунад, ки фарҳанг ифодагари рӯҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар як халқу миллат аст. Омилҳое, ки ба пешрафти фарҳанг мусоидат мекунад, зарурияти такмил додан мебошад. Маркази фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки хосатан забони модарӣ дар асоси чорчӯбаи қонун густариш ёбад.
Барои пешравии фаъолияти марказ хизмати шоиста ва беминнати фидоиёни миллату забони модарӣ лоиқи таҳсину ситоиш аст. Масалан, адиби номдори тоҷик Адаш Истад дар хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ мушовир, журналистони номӣ Шаҳло Аҳророва ва Собирҷон Бурҳонов чорабиниҳои фарҳангиро дар «оинаи нилгун» ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд.
Муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон барои хотирнишон гузаштани анҷуманҳои гуногуни марказ вақти хешро дареғ надошта, кӯмаки беғаразона мерасонад. Дар чорабиниҳои фарҳангиву маърифии марказ ҳофизу санъаткорон А. Атоуллоев, М. Мавлон, О. Аҳмадова, М. Наимов, Ҳ. Ҳамроқулов, шоиру нависандагон Н. Каримзода, А. Шукуров, С. Саидмурод, О. Ҳамидзода, Д. Насимӣ, олимон С. Саъдиев, А. Солеев, А. Қамарзода, А. Шарофитдинова ва дигарон ҳамфикру ҳамдили моён ҳастанд.
Дар Самарқанд мактабҳои таҳсилоташ ба забони тоҷикӣ бисёр буд ва ҳоло бо баъзе сабабҳои гуногун шумораи онҳо коҳиш ёфтааст. Фаъолони марказ бо дархости падару модарон барои кушодани синфҳои тоҷикӣ кӯмаки беғарази хешро дареғ намедоранд. Шикоятҳои кам шудани вақти барномаи тоҷикӣ дар ширкати симо ва садои вилоят ба гӯш мерасад. Мо бо ин масъала низ машғул мешавем.
Дар нақшҳои мо таҷлили рӯзҳои таваллуди арбобони давлатӣ, пешвоёни илму фарҳанг, рӯнамоии китобҳои тозанашри ҳамзабонҳо, вохӯрӣ бо аҳли фарҳанг, шоирону нависандагон, меҳмонон аз Тоҷикистон ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Боз як иқдоми нек – муносиб пешвоз гирифтани ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Дар ин тадбири бошукӯҳ аҳли маркази мо баробари вакилони миллатҳои дигар фаъол иштирок мекунанд. Барномаҳои консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, вохӯрӣ дар гузару маҳаллаҳои тоҷикнишин ба нақша гирифта шудааст.
Хуллас, сутунмӯҳраи фаъолияти Маркази фарҳангии тоҷикон, чун фазилатҳои неки инсонӣ – дӯстӣ, садоқат, ваҳдату ягонагӣ ва эҳтироми қадрияти ҳамаи миллатҳои Ӯзбекистон ва халқи дунё хоҳад монд.
Шӯҳрат САМАДОВ,
раиси Маркази фарҳангии
тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд.