«... ҲАЗОР СОЛ БИЗӢ,...»

Инсон дар шоҳроҳи ҳаёт тавассути дониш, одоб, касбу ҳунари худ соҳиби обрӯву иззат мегардад.

Омӯзгорӣ касбест бошарафу машаққатнок. Кам андар касон муносиби ин касб шуда метавонанд. Зеро омӯзгор пайваста бояд мутолиа намояд ва созгори замон бошад. Муҳаммадсаид Холиқов аз зумраи омӯзгор-устодонест, ки ҳам дар кори таълиму тарбия ва ҳам дар ободонии деҳа саҳми назаррас дорад. М. Холиқов соли 1954 дар деҳаи Валиғунди ноҳияи Масчоҳи Кӯҳии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Бо амри тақдир  солҳои 1963-65-уми асри гузашта ба ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд муҳоҷир шуда меояд. Аҳли муҳоҷирон дар макони нав бо номи Навобод деҳае бунёд месозанд, ки имрӯз дар миқёси ноҳияву вилоят шӯҳрати алоҳида дорад. Қаҳрамони мо маҳз дар ҳамин деҳа кору фаъолият бурдааст. Ҳанӯз охирҳои солҳои 70-уми асри гузашта баъди хатми мактаби 8-солаву адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти омӯзгории худро оғоз намудааст. Шуъбаи ғоибонаро аз рӯи ихтисоси география дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон хатм намудааст. Наздик 40-сол аз рӯи ин ихтисос ба шогирдон сабақ омӯхт. Шогирдони муносиби сазовор ба ин касбро ба воя расонд, ки имрӯз кори устодро давом медиҳанд. Қаҳрамони мо дар давоми фаъолияти омӯзгории худ борҳо дар вазифаҳои пурмасъулияти ҷонишини директор оид ба корҳои таълим адои вазифа намудааст.  Донандаи касби худ, ки буд, ҳар як дарсро бо дарки масъулият босифат мегузашт. Аз рӯи ҳикмати «Нахуст устод бояд, в-он гаҳе кор, Ки ҳар кор бувад бе устод душвор» амал менамояд. Пас аз ба нафақа баромадан аҳли деҳа устодро ҳамчун шахси кордону фидоӣ ба вазифаи раиси маҳаллаи Навобод интихоб намуданд. Устод тавонист тӯли чанд сол ин вазифаро низ муносиб иҷро намояд. Дар корҳои сари вақт бо газ таъмин кардани аҳолӣ, дар вақташ додани кӯмакпулиҳо, ба саёҳати шаҳрҳои таърихӣ бурдани куҳансолону ҷавонон ва ғайра ғайрати хуб нишон медиҳад. Имрӯзҳо бошад, устод Холиқов ҳамчун раиси нурониёни деҳа фаъолият дорад. Аллакай дар тӯли ду соли охир кӯҳансолонро ба зиёрати шаҳрҳои қадимаи Бухоро, Самарқанд, Хоразм фиристод. Ин кори савоб боиси хурсандии кӯҳансолон гардид. Ба ғайр аз ин чанд нафар аз кӯҳансолон ба истироҳатгоҳҳо рафта истироҳат намуданд. М. Холиқов ба наздикӣ 70-сола мешавад. Ба устод саломатии бардавом, хонаободиву саодати рӯзгорро таманно дорем. Бигзор солҳои сол дар хизмат бошаду ин нерӯву мадор мудом ҳамроҳаш гардад. Аз номи шогирдон гуфтанием:
Ҷуз ин дуот нагӯям, 
ки Рӯдакӣ гуфтааст,
Ҳазор сол бизӣ, сад 
ҳазор сол бизӣ!

Сулаймон СОДИҚ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми 
ноҳияи Бӯка. 

Вилояти ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: