ҲАМҶИҲАТИИ БАЙНИ МИЛЛАТҲО МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Назар ба маълумотҳои СММ дар кураи Замин қариб ду ҳазор миллат ва халқият умр ба сар мебаранд ва онҳо бо ҳафт ҳазор лаҳҷа гуфтугӯ мекунанд.

Дар низомномаи ин созмони бонуфуз таъкид гардидааст, ки ҳамаи халқияту миллатҳои мухталифи давлатҳои ҷаҳон дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ зиндагӣ кунанд. Аз ин бармеояд, ки ҳамҷиҳатии байнимиллӣ барои тараққиёти давлатҳою минтақаҳои олам, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ хидмат менамояд.
Дар дунёи муосир мавҷудияти ҳаргуна хавфу хатар, бархӯрдҳои геосиёсӣ масъалаҳои марбут ба ҳамҷиҳатиро мураккаб мегардонад. Дар ин ва ё он ҳудуд ва минтақаи муайян зиндагӣ кардани халқиятҳои гуногун, миёни онҳо ба мушоҳида расидани ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру оқибат, меҳмоннавозӣ, эҳтироми тарафайн ва ба ҳамин монанд асоси маънавият ва ҳамҷиҳатии онҳоро ташкил медиҳад. Ӯзбекистон дар чорроҳаи Роҳи абрешим мавқеъ гузидааст, аз ин рӯ дар вуҷуди халқи мо фазилатҳои неки фарҳанг, урфу одат, анъана ва арзишҳои  дигар халқҳои ҳамватани худро ҳурмату эҳтиром намудан нуҳуфтааст. Ин фазилат аз азал дар ниҳоди одамон мустаҳкам ҷой гирифтааст. Аз ҳама муҳимаш ин чиз баҳри рушду инкишофи сивилизатсияи дунё хидмат менамояд. Ин самти устувор ва асосии сиёсати Ӯзбекистони Нав мебошад.
Дар кишвари офтобии мо беш аз 130 миллату халқиятҳо дӯстона, дар фазои ҳусну тафоҳум зиндагӣ ва кор мекунанд. Бо мақсади нигоҳ доштани урфу одат, анъана ва қадриятҳои намояндагони ин миллатҳои гуногун 153 маркази миллӣ-фарҳангӣ созмон дода шудааст. Тайи солҳои истиқлолият зиёда аз 500 нафари намояндагони ин марказҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, ба 14 нафари онҳо унвони олии «Қаҳрамони Ӯзбекистон» дода шуд. Ин маъниҳо дар қонун ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ифодаи худро ёфтаанд. Дар моддаҳои 4 ва 8-уми Сарқонуни Ӯзбекистон рӯшан ва возеҳ инъикос ёфтааст. Саросари ҷумҳурӣ ба 14 забон гуфторҳои радио ва барномаҳои телевизион пахш ва намоиш мегардад. Бо 12 забон нашрияҳо ба табъ мерасанд. Ҳар сол 30-юми июл ба сифати иди дӯстӣ таҷлил карда мешавад. Солҳои охир бахшида ба ин сана ҳафтаинаи «Дӯстӣ» ва фестивали «Дӯстии халқҳо» гузаронида мешавад.
Дар қаламрави ноҳияи Фориш ҳам намояндагони 12 миллат, аз ҷумла тоҷикон бародарвор зиндагӣ ба сар мебаранд. Тоҷикон асосан дар маҳаллаҳои Ӯхм ва Дӯстӣ маскунанд. 

Рашид КАРИМОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Фориш тонги».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: