3000 КАС БО КОР БАНД МЕШАВАД

Вилояти Намангон яке аз ҳудудҳои саноаташ ривоҷёфта ба шумор меравад.

Дар ин ҷо нафақат корхонаҳои маҳаллӣ, балки корхонаҳои хориҷӣ низ бисёранд. 
Хусусан, корхонае, ки либосҳои трикотаж истеҳсол мекунад, яке аз ҳамин хел  корхонаи фаъоли маҳаллӣ   ба шумор меравад. Дар «Ифтихор кийим саноат»  асосан  либосҳои мардона ва занона тайёр карда шуда, ба экспорт бароварда мешавад. 
Корхона бо давлатҳои хориҷӣ низ ҳамкорӣ дорад. Маҳсулоташро ба якчанд давлат экспорт мекунад.  
Дар ҳудуди « Янги Ӯзбекистон» аз тарафи ҳокимият пештар ба корхона бо мақсади пӯшидани бино барои бофтан, ранг кардани матоъ, дӯхтан ва ташкил кардани комплекси тайёркунии трикотаж  боз 17 гектар замин ҷудо карда дода шуда буд. Лоиҳае, ки қиматаш 181 миллион евро аст,  бо муваффақият давом дорад. Ҳоло корхона ба фаъолияти амалии аввалин шурӯъ намуд ва қабули коргаронро сар кард. Баъди фаъолияти пурра 3000 кас бо кори муқим таъмин мешавад. Ҷараёни ҷойгиркунии дастгоҳҳо, ки аз хориҷ оварда шудааст, дар авҷ. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: