РОҲНАМОИ ШОГИРДОН

Вақти иштирок ба олимпиадаи вилоятӣ наздик мерасид.

Муаллими забон ва адабиёти тоҷик Равшан Амалов, ки ба ман дар озмунҳои фаннӣ ҳамеша роҳбаладӣ менамуд, пеш аз сафар наздаш хонд. 
– Маълум нест, ки дар олимпиада ҳайати доварон кадом мавзӯъҳоро пешниҳод мекунанд, аммо як чиз мусаллам аст, ки ҳамаи мавзӯъҳои пешниҳодшуда аз доираи барномаи таълимӣ берун нахоҳанд буд. Танҳо мавзӯи озод аз ин раванд истисно мебошад. Аз ин лиҳоз, агар он иншоҳои навиштаатро як бор аз назар гузаронӣ, дар зеҳнат нақш хоҳанд баст, – гуфт муаллим.
Баъд маро итминон дод, ки дониши хуб дорам ва ҳатман дар олимпиадаи вилоятӣ яке аз ҷойҳои ифтихориро ба даст хоҳам овард. Натиҷа мисли гуфтаи муаллимам шуд. Дар олимпиада ҷои аввалро ишғол кардам ва ҳуқуқи иштирок дар зинаи ҷумҳуриявиро ба даст овардам. То баргузории он пайваста машқ кардам, дар мавзӯъҳои гуногун иншо навиштам. 
Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни баргузории маҳфилҳои адабӣ муаллим Равшан Амалов маро ба ҳайси баранда ё ровии он интихоб мекард. Мегуфт, ки агар ҳарчи бештар дар маҳфилу чорабиниҳо баромад кунам, забонам равону фасеҳ хоҳад шуд. 
Озмуни зинаи ҷумҳуриявии забон ва адабиёти тоҷик фаро расид. Он дар шаҳри Самарқанди бостонӣ гузашт. Сатҳи донишу маҳорати иншонависиам низ бо рақибонам дар як сатҳ қарор дошт, бо вуҷуди ин аз рӯи натиҷагириҳо ҳайати доварон бо фарқи камтар аз ним хол ҷои чорумро ба ман лоиқ донистанд. Аз чунин ранг гирифтани ҳол ҳаргиз рӯҳафтода нашудам ва талош ба харҷ додам, ки то имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактаби олӣ худро тайёр кунам.
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 28-уми ноҳияи Сӯхро бо медали тилло хатм кардам. Ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавӣ паси сар шуданд ва бо гранти давлатӣ ба гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона дохил шудам. Ҳоло аз курси дуюм ба курси сеюм гузашта, ба таътил баромадам.
Дар манбаъҳои гуногун омӯзгор нишондиҳандаи роҳи нек ва саодати умри инсон арзёбӣ шудааст ва ин рисолаташро дар замони касби истиқлоли кишвар низ бо сарфарозӣ анҷом медиҳад. Ҳоло давлат ва ҳукумати ҷумҳуриамон барои кормандони соҳаи мактабу маориф дари имкониятҳои васеъро боз намудааст.  
– Омӯзгорӣ кори саҳлу сода нест, зеро  он пешаи хеле заҳматталаб аст. Соҳиби ин касб барои ҳар як дарс китоб варақ мезанад ва пухта тайёрӣ мебинад, лозим ояд, аз манбаъҳои зиёд истифода мебарад, – мегӯяд Равшан Амалов.
Вай аз омӯзгорони фаъоли мактаби рақами 28-ум мебошад ва аз фанни забону адабиёти тоҷик сабақ медиҳад. Талош меварзад, ки шогирдонаш ҳар сол дар олимпиадаҳои фанни забон ва адабиёти тоҷик ширкат кунанд. Чанде муқаддам яке аз шогирдони ӯ – Шодиёна Собирҷонова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷои дувум гардид. 
Рафтору гуфтор, муомила ва дарсгузарии ӯ барои шогирдони зиёд мояи ифтихору пайравист. Ҳамсараш Наргис Ҳакимова ҳамеша ёвару мададгори ӯст. Ҳарду меҳру муҳаббати маро нисбати фанни забон ва адабиёт бедор намудаву сӯи амалӣ намудани орзуҳоям раҳнамун сохтаанд.  
То ифтитоҳи мактаби рақами 28, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақир, фарзандони сокинони маҳаллаи нави ин ҷамоат дар мактаби рақами 14 таҳсил мекардем. Наргис Ҳакимова дар ин мактаб ба мо аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Ӯ аз ташаббускорони баргузории чорабиниҳои гуногун, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои китобхонон маҳсуб меёфт. Падари ӯ – шодравон Мирзоҳотам Ҳакимов низ солҳои дароз аз забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон дарс додааст. Вай бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сазовор гаштааст. Як писару ду духтар пайрави касби падари худ мебошанд. Наргис Ҳакимова низ барои кори пурмаҳсули худ ба ин нишон соҳиб шудааст.
Ҳар вақт ба деҳ оям, аввал ба дидани муаллимони азизам меравам. Онҳо маро бо хурсандӣ истиқбол мегиранд ва аз таҳсилу муваффақиятҳоям пурсон мешаванд. Бо ифтихор мегӯям, ки дар баробари таҳсил ба навиштани мақолаҳои гуногун низ машғулам ва бархе аз он дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Янги Фарғона» мунташир ёфтаанд. Ҳатто як мақолаи илмиам дар Туркия ба нашр расид, ки боиси сарфарозиям мебошад. 
Албатта, устодонам Равшан Амалов ва Наргис Ҳакимова аз шунидани ин хабар хурсанду хушҳол мешаванд. Ҳарду таъкид меварзанд, ки бештару беҳтар мероси адибони классикиву муосирро омӯзам ва ба умқи навиштаҳои онҳо сарфаҳм равам. Инчунин хоксориву фурӯтанӣ зеби инсон аст ва ин хислатҳоро низ дар худ дошта бошам. 
Бешак, ин сатрҳо дар бораи Равшан Амалов ва Наргис Ҳакимова барин устодони азизи мо навишта шудааст:
Сари таъзим фуруд орам 
ба устод,
Ба мо аз илму ирфон 
бештар дод.
Ба ҷамъи устодони накӯном,
Шараф боду шараф боду шараф 
бод! 

Фархунда МАНДОНОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи 
давлатии Фарғона. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: