Дар паҳлуи дар борониашро ба бар карда истода, ба сӯйи бонуяш абрӯ боло кашид.
Наварӯс лабханд зад. Ҷавон ҳам бо табассум нӯки ангушташро оҳиста ба бинии ӯ расонид ва ба дуои вай, ки «нағз рафта биёед» гуфт, бо мамнуният сар ҷунбонда, ба берун баромад.
«Ана шуд, – бо худ гуфт Ҳамида, – ба кор гусел кардем, ак-нун ме-ра-вем суроғи корҳои дигар...»
Писаракаш аз хоб хест. Аз самти кӯча садои баланди занаки ошнои ширфурӯш баланд шуд: «Шир, ҷурғот, қаймо-о-оқ!» Пас аз фурсате худи ӯ омада, занги дарвозаро зада, тибқи маъмул, ба муштариёни ҳамешагиаш зарфҳои плостикии ширро дода рафт. Бо ҳамин рӯзи нав чеҳра боз кард.
Фикру хаёлҳои наварӯс дар хусуси омад-омади баҳору паси сар мондани боду ҳавои сард хушҳолии имрӯзаашро бештар кард. Табиат ҷомаи сабз ба сар мекашад! Билахира, минбаъд дар асорати ин чордевор намемонад, писаракаш камтар сармо мехӯрад, ба ӯ дигар қабат-қабат либос намепӯшонад, сари даст бардошта гаштанаш осон мешавад, худаш низ аз шарри ин палтои дардисар наҷот меёбад. Наварӯс палтои вазнину дарозашро, ки гиребони самурӣ дошт, як лаҳза бар тани худ тасаввур карда, мисли ин ки бори гароне бар дӯшаш нишаста бошад, китфонашро вазнин ҳис кард. Аз ҷойи истодаш кӯрпаҳоро як сӯ гирифта, сандуқашро кушод. Бо боридани барф либосҳои баҳориашро таҳ карда, бо эҳтиёт дар дохили он рахт зада буд. Ана, ин ҳамон пероҳанест, ки бо ҳошияҳои зардӯзишудаи гиребону остину доманҳояш ҳаваси арӯсони ҳамсояро меовард. Ин ҳам камзӯли қаймоқрангест, ки бо алоқаи зиёд онро мепӯшид. Ин пероҳани қирмизрангро ҳоло ҳам мешавад ба бар кард? Калонӣ намекунад? Охир, хеле вақт аст, ки онро напӯшидааст. Баҳори соли гузашта дуҷон буд, рӯзаш ба либосҳои якрост дӯхташуда монда буд, ки ҷуссаашро пинҳон карда тавонад. Азбаски бо шиками калони худ дар назди падаршӯ хиҷолат мекашид, модараш чунин пероҳан дӯзонида буд.
Наварӯс аҳволи он замонҳоро ба ёд оварда хандида монд. Агар сода набошад, магар бо пӯшидани пероҳани васеъ дуҷонии ӯро падаршӯю додаршӯяш намефаҳмиданд... Боре дар хона вақте, ки куртаҳояшро ҳилпиррос занонда мегашт, шавҳараш бо мазоқ гуфта буд: «Эҳ-ҳа, ба киштии сербар монанд шудаӣ-ку, буғурсоқ». Ӯ бошад, қаҳр карда, бо гиря ба хушдоманаш шикоят бурда буд. Оҳ, он замон модаршӯ адаби писарашро чунон дод, ки ҳеч аз ёдаш намеравад!
...Пас аз нонушта писарашро дар гаҳвора баст, чанд муддат ба тифли маъсум, ки кам-кам ба хоб мерафт, маҳлиё гашт. Сипас болопӯши гаҳвораро баста аз ҷо хест. Дар муқобили оинаи қаддӣ истода, шонаашро ба даст гирифт. «Э во-ой, ба пардозгар рафтан лозим будааст, пудраи рӯям ҳам қариб тамом шудааст».
Либосҳояшро як-як пӯшида ба андозагирӣ сар кард. Шояд каме фарбеҳ шудааст, ки пероҳани қирмизранг ба танаш тангӣ кард. Камзӯли қаймоқранг соз, обирангаш ҳам бад нест, мешавад таҳаммул кард... фақат... як қисмати домани он ғалатӣ менамояд...
Куртаи охиринро дар оварда, бо ҳоли гирифта бар рӯйи гилем нишаст. Баҳор, баҳоре, ки бо умед дар орзуи дидораш буд, ҳамроҳ бо хурсандӣ мавҷи ғусса низ меовард. Ҳамида дигар он арӯси химчамиён нест!
Оҳе кашиду либосҳояшро ҷамъ карда ба ҷевон андохт. Ба ҳаммом гузашта, ба шустани эзорҳои бачааш азм кард. Дигар худро азият додан нахоста, аз фикр гузаронд: «Ҳамааш хаёлҳоест, ки аз бекорӣ ба майнаи сар меоянд»...
Ба ин тарз, Ҳамида дубора ба корҳои маъмулиаш банд шуд. Гӯё ки ҳаёти минбаъдааш фақат ба ҳамин ривол хоҳад буд, бо ҷидду ҷаҳд чизҳоеро тоза мекард, мешуст, медӯхту мебофт, дарзмол мекард, мепухт...
Танҳо ҳангоми ранг кардани абрувонаш каме истироҳат мекард, беихтиёр вусмаашро гирифта, дар муқобили оинаи қаддӣ истода, ҳусни худро аз мадди назар мегузаронд: бо дидани тану тӯши рӯ ба фарбеҳӣ ниҳода, ғабғабҳои сапедаш, ки торафт бештар овезон мешуданд, аз худ хӯсида мемонд.
Мирсоат бошад, тағйироти ҳолати ҳамсарашро ҳеч пай намебурд. Зоҳиран, дигаргуние рух намедод. Ҳар гоҳе, ки вақти шом ба хона меомад, хӯроки бегоҳиро омода медид, пероҳану шалвори кориаш барои рӯзи дигар соф утузада ва ҷуробҳояшро таҳхӯрда, бар рӯйи дасторхон ҳам лаълию пиёлаҳо мураттаб меистоданд. Мирсоат аз ниҳояти хурсандӣ ду кафи дастонашро ба ҳам молида нигоҳе ба дегча меафканд, ҳамсараш бошад, мисли ин ки бачаи хурдакеро ба гап медаровард, бо ҷилва мегуфт: «Дар як дам, то иваз кардани либосҳоятон хӯрокро ба коса мекашам, гузаред».
Ҳамин ки дар ростои телевизор паҳлӯ мезад, Ҳамида низ оҳиста омада дар канораш менишаст. Аз он пас оинаи нилгун аз ёди ҳар ду мерафт, таваҷҷуҳашонро писараки ноз-нозӣ, ки дар рӯ ба рӯяшон ба болои кӯрпа дасту по мезад, ҷалб мекард. Азбаски вай зӯр зада ба макидан талош мекард, ҳар ду ба завқ меомаданд.
Осудахотирии шомгоҳон бо мурур дар дили торикии шаб ғарқ мешуд. Шаб аз пайи хӯйи ба ҷонаш «сироятшуда» даме бо осоиш мезист ва онро ба дасти субҳ мерасонд. Наварӯс чашм кушода чанд муддат ба сукунати атроф гӯш меандохт, ҳамоҳанг бо осмоне, ки дари қалбашро ба рӯшанӣ мекушод, аз оромӣ сар мебардошт. Вақте ки тирезаро боз карда рухсорашро дар кафи шаббодаи саҳарӣ мегузошт, боди бомдод хафифу мулоим ӯро навозиш медод. Худро сабук ҳис карда, ба айвон мебаромад, ғунчаҳои ниҳоли зардолуро, ки майли шукуфтан доштанд, мушоҳида мекард. Равшан медид, ки осмон чӣ гуна ба фурӯғ мерасад, ранги абрҳои канораи осмон чӣ тавр чеҳра боз мекунанд, замин то куҷо хурраму соф мешавад...
Дар яке аз чунин рӯзҳо бонуи ширфурӯш ду сумкаи калонро бардошта омад.
– Уф-ф, нафасам гирифт-е, – зан дар канори остона нишаст, – қурбонат шавам, як пиёла об те.
Ҳамида як лаҳза ба бонуи ширфурӯш, ки чойи ширгармро дам мекашид, дида дӯхт: ҷуссаи пухтаи лоғар, чеҳраи офтобхӯрда ба монанди кулчаи аз танӯр канда, гунаҳои сурху сиёҳфом, ки тоза дарз бардоштанианд...
– Ба наздикӣ он кас ба паҳлуи говамон ду сар гӯсфандро низ гирифтанд, – дар ҳавои кордӯстӣ гуфт ширфурӯш. – Агар бонӣ карда фурӯшем, бар замми ширу ҷурғот пули гӯсфандон ҳам барои ман будааст. Камукостиҳоям бисёр, бо ин ҳамаашро дуруст мекардам... Духтар баровардан кори осон не, як дунё чизу чора даркор! Насиб кунад, пас аз хатми таҳсилаш...
Наварӯс беихтиёр пурсид:
– Духтаратон дар куҷо мехонад?
– Ба ҳисобдорӣ. Ҳамин касб барояш маъқул омадааст, мехонам гуфта ду пояшро дар як мӯза кард. Имрӯз аз пешаҳои баобрӯ будааст, мегӯянд ҳолдонҳо. Ҳеч гап не, хонад, обрӯйи маҳаллаамон... Пули таҳсила додош медиҳад, занҷираш ба уҳдаи ман, – зан ба мисли касоне, ки аз кори худ мамнун мешаванд, дар худ болид. – Аз хонаатон пӯсту пӯчоқ барояд, бегона накунед, худам рӯз дар миён ҷамъ карда мебарам. Ҳар чӣ...
...Бо рафтани ширфурӯш наварӯс перомуни хона боду бӯйи саҳроро ҳис кард. Вақти рӯфтани роҳрави вурудӣ дар назди остона чашмаш ба барги гиёҳи хушкшудае афтод. Рӯйи каф гирифта, мисли ин ки чизи ноёберо ёфта бошад, ба он зеҳн монда ба фикр фурӯ рафт: «Шояд аз сумкаи ҷурғотҳои холаи ширфурӯш афтидааст, ё ба зери калӯшаш часпида омадааст?»
Рисолат ҲАЙДАРОВА