АРӮСИ ТОҶИКИСТОНӢ

Аҳолии ноҳияи Мингбулоқ бисёрмиллатанд. Қирғизону тоҷикон, корейсу туркманон бо ӯзбекон аҳлу тифоқ умргузаронӣ мекунанд.

Хусусан, дар ин ҷо қариб 500 нафар тоҷикон ҳастанд. 
Ӯғилой Қурбонова тоҷикзани фаъоли ноҳия буда, дар маҳаллаи Бирлашган зиндагонӣ мекунад. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ин ҷо арӯс шуд. Арӯси хушфеълу камтарин ва  чолок ба ҳама – хешу табор, ҳамсояҳо писанд омад. Дар мактаби миёна ҳамчун муаллимаи фанни кимиё-биология фаъолият сар кард. Аз байн қариб 50 сол гузашт. Ҳоло мингбулоқиён ҳурматаш  карда, устод мегӯянд. 
– Тақозои тақдир ба Ӯзбекистон келин шудам, – гуфт ҳангоми суҳбат момои 75 сола Ӯғилой. – Аз қадим халқҳоямон, ки урфу одат ва анъанаҳои муштарак доранд, ҳамеша чун  ҳамсояи наздик, дӯсти қадрдон зиндагонӣ мекунанд. Онҳоро риштаҳои дӯстӣ ва хешутаборӣ ба ҳам мепайванданд. 
Ба ҳам пайваст будани маънавият, адабиёт, мусиқӣ ва тарзи зиндагии ин ду миллат як падидаи беназири таърих аст. Онҳоро таърих, дин, фарҳанг ва анъанаҳои муштарак муттаҳид мекунад. Дар душвортарин давраҳои таърихӣ ҳамдигарро дастгирӣ кардаанд, паҳлӯ ба паҳлӯ истодаанд. Вақтҳое шуд, ки ба дидорбинии падару модар ва наздикон муштоқ шудем. 
Ба шарофати сиёсати дурандешидаи президентҳои ду мамлакат ҳамкориҳои гуногун ва робитаҳои дӯстонаи мо ба зинаи нав баромад. Қудрати дӯстӣ ва ҳамкорӣ боз як иқдоми нек ба ояндаи дурахшон шуд. Орзую армони ду халқи ба ҳам дӯст амалӣ гашт. 
Ӯғилоймомо дар маҳалла маслиҳатгари оилаҳои ҷавон. Ҳаёти худро ба таълим ва тарбияи фарзандонаш ва насли наврас бахшид. Солҳои дароз дар шуъбаи таълими халқи ноҳия услубшинос буд. Меҳнатҳои шоёнаш якчанд маротиба аз тарафи давлат эътироф шуд. Ӯро ба нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ» муносиб диданд. Аз ин ҷо ба нафақа баромад. Ҳоло дар оғӯши фарзандон – Мавлуда, Азиза, Баҳодур, Дилшодбек, Элёрбек ва 15 нафар набераю абера соҳиби эҳтирому эътибор аст.

Шоҳида ДАМИНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: