ШОҲДУХТАРИ МУЛКИ ФАҚР

Ӯ духтари шоҳ Аврангзеби Гурконӣ (аз силсилаи Темуриёни Ҳинд) аст ва ҳам аз шоирони хуби форсигӯйи Ҳинд. Модараш – Дилрасбону (аз шоҳзодагони Машҳад), хуросонӣ ё худ тоҷик аст.

Дар такомули шахсияти ин орифаи зебокалом метавон ду вижагии умдаро муассир хонд, ки ҳар як бартару афзалу ибратомӯзтар аз дигарист. Аввалӣ – қаробату рафоқати том ба мулки муаззами донишу дин, ки маншаъ аз нахустин ояи Қуръони маҷид (Бихон (ай Муҳаммад) – сураи Алақ) ва дастури номоварони соҳибфазл (Туро донишу дин раҳонад дуруст! – Ҳаким Фирдавсӣ...) гирифта. Дигар дурӣ гузидани ӯ бувад аз ҷавори таҷаммулоти козибу маъсиятзой ва пур аз фитнаи дарбор ва паноҳ бурданаш ба гӯшаи қаноат. Ӯ маҳз дар ҳамин гӯшаи қаноат ва бӯстони мунаввари адабу ирфон сафои қалб ёфт. Ҳол он ки ин шоҳдухти соҳибиззат аз бузургтарин имконоту шароите бархурдор буд. Метавонист ба мақоме дилхоҳ даст ёбад, дар боргоҳҳои фохира ман-манию худнамоӣ кунад ва ё ҳамчун фарзанди яке аз императорҳои бузург умре фахру кибр фурӯшад. Аммо ба ин роҳ нарафт. Балки ӯро бардошти маънавию ирфонияш во дошт, ки аз сароби бадномӣ бипарҳезад. Зеро пеши хирадмандон (аз ҷумла худи ӯ) аён будааст, ки шоҳону ҳокимон ағлаб ба бехирадӣ, бераҳмӣ, худраъйӣ, худкомагӣ, ҳарисӣ, шаҳватпарастӣ, амволи мардумро ғасбуғораткунӣ, хунхорӣ, юришу таҷовузу қатлиомкунии бечорагони бегуноҳ ва амсоли ин бадноманд. Мисоли сода: дар ҳазор соли таърихи охири мо аз сарварон ба ҷуз Исмоили Сомонӣ киро ба некӣ ном мебаранд, ки ростпиндору росткору додгару адолатпеша буда? Аммо Исмоили Сомонӣ ҳам натавонистааст бори муқаддаси сарварию пешвоиро комилу солим то манзили мақсуд бирасонад... Исмоили Сомонӣ на раъийяти сарзамини хеш, балки хонадону авлодашро муқаддам дошт ва дар бодлохи салтанати авлодӣ фурӯ рафта, ғӯтавар дар ин пиндори ғалат шуд, ки гӯиё танҳо зиҳу зоти ӯ ба сарварию ҳокимӣ баргузида шуда бошаду дигарон ба чокарию фармонбардории ин хонадон. 
Муҳити шоҳдухти афиф – Зебуннисо ҳам олудаву махуф буд. Ӯ узви хонаводаи ҳуккоми хашану хуношоми нимаасримиёнагие буд, ки бо намояндагӣ аз муғул як сарзамини паҳновару номдори ҷаҳон – Ҳиндро дар чангол медошт. Бамаврид аст, ёд кунем, ки ҳукумати худкома, ки дар он ба ҷойи қонун ғаразу майлону хостаҳои ҳокими худраъю атрофиёнаш ҷорӣ аст, ба назар мисли роҳи ҳамворест, пур аз  домҳо. Ин домҳои иштиёқу майлонҳои нафсонист, ки пас аз ба қудрат расидан муҳити муносиб меёбанд ва ба қуввату шиддат зоҳир мешаванд. Ё худ, тамаллуқу чоплусию мадҳу саноҳои бемағзу мояи гурӯҳе аз халқ аст, ки ҳокимро ба доми кибру ғурур афканда, фирефта месозад. 
Маддоҳон на аз рӯйи эътиқоду ростӣ, балки бо кизбу рӯсиёҳӣ мамдуҳи гумроҳшударо таҳрик ба хештандӯстию худписандӣ мекунанд, то ба ин васила луқмаи ноне ва ё фармони шуғле ва ё мансабу ҳукумате ба даст оранд. Аммо Зебуннисо ҳамчун зодаи чунин муҳит ва фарзанди хонадони як императории овозадори ҷаҳон, ҳеч гоҳ дар манҷалоби кибру ғурур фурӯ нарафт, ғарра ба сарвату ҷоҳу дороӣ нагашт ва таҷаммулу ишрату худнамоӣ пеша накард. Агарчи пайвандони вай бо ҳирси нафасгир дар нафсонияти олам фурӯ рафта буданд, ӯ дар роҳи дигар буд! Шунъату шаририи фарзандони падараш наздик буд, ки Зебуннисоро ҳам ба балои баде гирифтор кунад. Ӯ дар боргоҳи салтанати падар ҳеч гоҳ саъй ба тасарруфи мақоме накард, беҷову баҷо милку амлоке аз дигаронро ба ком накашид, ҳатто орзу накард, ки ба истилоҳ, малика бошаду, аз зумраи ҳокимони худхонда дар миёни анбӯҳи чоплӯсони лоуболу сарафканда худнамоӣ кунад. Зебуннисоро анбоштаҳои боғи дониш ба эминмақоми накуномӣ кашид ва хуб дарк кард, ки дар олами фонӣ бояд аз худ номе гузошт, аммо на ба бедоду бадӣ, балкӣ бо донишу доду накуӣ. 
Гуфтанист, ки Зебуннисо аз миёни фарзондон азизтару маҳбубтар буд дар назди падар, зеро ҳушу ройи боландаву барозандае дошт. Падараш ба омӯзишу парвариши вай эътибори вижае медод, ки Ҳафиза Марям – бонуи закию бомаърифати дарборро ба тарбияти ӯ гумошт. Гузаштагони Ҳафиза Марям, ба ривояте бухороӣ будаанд. Бад-ин тариқ, Зебуннисо дар даҳсолагӣ улуми динӣ, аз ҷумла қироати Қуръон, маъонии оёт, тавзеҳ ва тафсири ҳар сураву ҳадису ахборро фаро гирифт. 
Ӯ баъдан зери тарбияи донишмандону адибони дарбор сарфу наҳви арабӣ, нуҷум, фалсафа, мантиқ, адабиёту таърихро омӯхт ва дар навиштани хатҳои настаълиқ, насх ва шикаста мумтоз гашт. Дар омӯзиши илмҳои роиҷи даврони худ низ иштиёқу салиқаи беназир намоиш дод, шоира дар нуҷуму фалсафаву адабиёт соҳибназар буд. Табъи баланди ӯро дар бадеҳасароӣ, мадҳ, ҳаҷв ва чакома низ ситудаанд. Чунонки рӯзе ходима ойинаи нафисеро наздаш меовард, ки иттифоқан бар замин афтоду шикаст. Ходима бо ҳарос лаб кушод: 
Аз қазо ойинаи чинӣ 
шикаст! 
Ва Зебуннисо билофосила ҷавоб дод: 
Хуб шуд, асбоби худбинӣ 
шикаст! 
Маъмулан суол меоранд, ки чаро ӯ дар тӯли умр арусӣ накард. Бояд гуфт, вай дар ҷавонӣ ба писарамаки худ Сулаймоншукӯҳ номзад шуда буд ва ба ӯ ихлосу эҳтиром дошт. Аммо пайки аҷал ногаҳон Сулаймоншукӯҳро гиребон гирифт ва пас аз даргузашти ӯ Зебуннисо тан ба фурқат доду худ номуродона то поёни умр ҷазабаи ёди пурдарди гумкардаёрро ба ҳаваси пироҳани арусӣ бадал накард.
Зебуннисо бо истифода аз дороиҳову имконоти дастраси хеш китобхонаи бузурге бунён ниҳод ва онро дар хидмати алоқамандон гузошт. Ин ибтикор аз нодирафъоли асилзодагони дарбор, ба вижа шоҳзодагон будааст ва гумон аст, ки бидуни корномаи Зебуннисо, дар таърихи хонадони яккатозони мансаб собиқае дошта бошад. 
Зебуннисо дар китобхонаи хеш ҳамвора адибону донишмандонро ба даври хеш ҷамъ меовард ва онҳоро дар ҳар кору ибтикор бо эҳдои ҷоизаю подош ташвиқ менамуд. Ба ҳиммат ва ҳимояти ин шоҳдухтари маърифатписанд китобҳои сершуморе аз сӯйи донишмандони улуми мухталиф таълифу тасниф шуд. Аз ҷумла, асарҳое ба монанди «Зеб-ут-тафосир»-и Муҳаммад Сафии Ардабилӣ, «Зеби исмат» ё «Исматнома»-и Абдулҳамиди Калонурӣ, «Шарҳи «Ҳисну-л-ҳусайн»-и Абулфатҳ Мударриси Мултонӣ, «Шарҳи Шофия»-и Муҳаммадтақӣ ибни Ҷамол маҳз ба дастури ӯ навишта шудаанд.
Бо ин ҳама, номи ин шоҳдухт дар таърихи адабу фарҳанги порсӣ на чун фарзанди як императори муқтадир, балки ҳамчун суханвари тавонову беназир сабт гаштааст. Ӯ дар бистуяксолагӣ бо тахаллуси «Махфӣ» ба шеъргӯӣ оғоз кард. 
Булбул аз гул бигзарад, чун дар чаман бинад маро, 
Бутпарастӣ кай кунад, гар барҳаман бинад маро!
Дар сухан Махфӣ шудам монанди бӯ дар барги гул, 
Ҳар кӣ хоҳад диданам, 
гӯ, дар сухан бинад маро! 
Агар Зебуннисо ҳеч наменавишт, ҷуз ин ду байт, кофӣ буд, ки номаш дар радифи адибони зубдаи порсӣ боқӣ бимонад: 
Ништаре дорам ниҳон 
дар синаи ҳар нолае, 
Бас дили аҳли ситам 
афгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон 
ину аҳли қибла ин, 
Риштаи тасбеҳро зуннор 
хоҳам карду рафт. 
Зебуннисо дар нигориш аз шоирони зиёди адаби порсӣ пайравӣ намуда, ба Ҳофизу Урфӣ тамоюлу гароиш бештар нишон дод ва ғазал дар осораш жанри аслӣ буд. Ашъораш бештар ҷанбаи ошиқона ва гоҳе ҳам ранги орифона гирифтааст. Бар ин бино ишқе, ки ӯ тасвир мекунад, ҳам ба мафҳуми табиию заминӣ ва ҳам ба маънои ирфонӣ ҷило медиҳад. Ин аст, ки Зебуннисо ба достонҳои ошиқонаи Маҷнуну Лайло ва Фарҳоду Ширин ишораҳои омехта ба рамзу истиора мекунад ва дар ашъораш аз достони Юсуфу Зулайхо низ борҳо ёд кардааст. Мавзӯоти дигари ашъори Зебуннисо аз тасвири беҳуқуқии занон, ғаму андӯҳ ва орзую умеди онҳо дар шароити мураккаби замон иборат аст. Аз он ки духтари шоҳ буд, ифтихор надорад, балки дар фақирӣ зистанро бартар аз ҳар чӣ мешумурд: 
Гарчи ман лайлиасосам, 
дил чу Маҷнун дар ҳавост,
Сар ба саҳро мезанам, 
лекин ҳаё занҷири пост.
Булбул аз шогирдиям шуд 
ҳамнишини гул ба боғ,
Дар муҳаббат комилам, 
парвона ҳам шогирди мост...
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба 
фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам, 
номи ман Зебуннисост.
Китоби «Зеби тафсир» (тафсире бар Қуръони маҷид) мутааллиқ ба Зебуннисо хонда мешавад. Ӯ ҳамчунин «Зеб-ун-нишот» ном маҷмӯаи руқаот ва «Иродати фаҳм» ном баёзе тартиб дода будааст. Ба навиштаи Шиблии Нуъмонӣ, соҳиби «Тазкират-ул-ғароиб» маҷмӯаи руқаоти Зебуннисо – «Зеб-ун-нишот»-ро дида будааст. Мутаассифона, «Зеб-ун-нишот» то имрӯз ба мо нарасидааст. Баёзи «Иродати фаҳм»-ро яке аз канизакони Зебуннисо ҳангоми бӯрони сахте ба оби ҳавз афтонида, талаф кардааст. Дар ин баёз Зебуннисо ба ғайр аз ашъори худ, ҳамчунин намунаҳоеро аз шеъри шоирони дӯстдоштааш гулчин карда будааст. Муаллифи тазкираи «Нақли маҷлис» ашъори вайро понздаҳ ҳазор байт баршумурда, аммо китоби ӯ, мунташиршуда дар Лакҳнав (соли 1929) шомили 5 ҳазор байт аз ғазал, қасида, рубоӣ ва қитъа аст. Забони ашъораш содаву равон, ташбеҳ ва тасвирҳояш басо табииянд.

Обид ШАКУРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: