УСТОИ МОҲИР ВА ИНСОНИ КОМИЛ

Ҳамин шабону рӯзон аз устохонаи оҳангарии ӯ пойи мизоҷон канда нест.

Ҳар замон касе сар халондаву аз барои рафъи кадомин мушкили рӯзгораш муроҷиат мекунад. Усто Раҳмонқул Расулов ҳам дар таҳаммул гӯш ба тақозои корфармо дода, баъд аз байъу шаръ ба кор шуруъ месозад. Гоҳ овози вазнини ба оҳани тафсон ё сангдон бархӯрдани путк ба гӯш расад, гоҳе садои кадомин таҷҳизоти суфтагарӣ паҳн мегардад. Бӯйи оҳани тафтаву ҳаври дудолуди ангишти сӯхта ба машом нишаста, вуҷуди одамро ба ғалаён водор мекунад. Усто чолокона гоҳе даст ба сӯи путки гарон барад, гоҳе ба ҷониби сӯҳонҳои дандонааш хурду бузург меёзад. Агар дар пораи оҳан, ки пас аз заҳмати бисёри ӯ ба қиёфаи корд, дос ё ягон асбоби рӯзгор даромадааст, рафту заррае камбудӣ мушоҳида кунад, бе ягон андешаву диранги зиёдӣ аз нав ба коми оташ месупорад. Бо анбӯри дастадароз аз як лабаш гирифта, болои лахча мегузорад. 
– Ҳамин хел оҳанро об медиҳанд, – мегӯяд усто Раҳмонқул. – Ин амал чандин бор такрор ёбад, оҳан билохира ба пӯлод мубаддал мегардад. Обутоб ёфтани пӯлод ҷараёни мураккаб аст ва аз устои оҳангар маҳорати баланд талаб мекунад.
Саромади хонадонро Усто Рустам мегуфтаанд. Ин марди таҳамтан дар ҳунари оҳангарӣ беҳамто будааст. Баъдан касби ӯро писараш Абдурасул идома медиҳад. Аммо усто Абдурасул соли 1924 бар асари як шабохуни дастаи хуношоми босмачиҳо дар Ғелон ҳадафи тир қарор мегирад. Босмачиҳо баъд аз як муноқиша деҳаи Ғелонро оташ мезананд ва марду зани бисёреро ба ҳалокат мерасонанд. Дар ин миён оҳангари номии деҳа усто Абдурасул низ будааст. Вай дар сина чандин тири ҷонсӯзи адӯ дар қатори даҳҳо тан аҳли Ғелон дар қабристони деҳа мадфун аст. Минбаъд касби ӯро писараш Абдуралӣ идома медиҳад. Абдуралӣ Расулов чаҳор писари худро касби оҳангарӣ меомӯзонад. Маълум гардид, ки дар Ғелон бист сол пеш аз ин 15 дӯкони оҳангарӣ фаъол будааст, ки ҳама ба пайвандони ин хонадон тааллуқ доштаанд. Азбаски талаб ба маҳсулоти оҳангарӣ зиёд буд, дӯконҳо беист кор мекарданд ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро истеҳсол менамуданд. Аммо баъдтар зайли замона тағйир ёфта, маҳсулоти дӯконҳои оҳангарӣ аз мӯд монданд. Бо вуҷуди ин дар ин деҳаи сернуфус ҳамагӣ чаҳор дӯкони оҳангарӣ фаъол аст, ки онҳо ҳам мавсимӣ дари худро ба рӯйи ниёзмандон мекушоянд. Устоҳои оҳангар дар зимистон дари дӯконҳои худро боз мекунанд ва вақти холии худро бештар ба сохтани асбобҳои гуногун сарф месозанд. Мардум ҳам барои амалҳои деҳқонию чорводории худ гуна-гуна асбоб фармудаву ба корҳои баҳорӣ омода мешаванд. 
Назар ба нақли усто Раҳмонқул Расулов, ҳамон чаҳор дӯкони оҳангарӣ ҳам ба хонадони онҳо мутааллиқ аст. Аммо худи Раҳмонқул пушти чаҳоруми сулолаи оҳангарони Ғелон буда, фарзанди сеюми хонадони усто Абдуралӣ маҳсуб меёбад. Вай 25-уми сентябри соли 1959 ба дунё омадааст ва дар мактаби деҳа таҳсил карда, вақтҳои холии худро дар дӯкони оҳангарии падар, дар бари қиблагоҳу бародарони калонии худ – усто Тӯйчиву Ҷумъақул мегузаронд. Ин тавр, нозукии ин пешаро аз падару бародаронаш омӯхта ва оғозан аз синфи ҳашт мустақил ба кори оҳангарӣ шуруъ намудааст. Минбаъд тақдир ӯро бо Фотима ном духтар пайваст.
Усто Раҳмонқул гуфт, ки писаронаш Раҳимқулу Рӯзиқул ҳам дар пешаи оҳангарӣ дасти баланде доранд, аммо азбаски оҳангарӣ имрӯзҳо як касби камдаромад аст, на ҳама ҷавонон таҳаммули даромади ночизу машаққати зиёди онро доранд. Ин аст, ки писарони ӯ ҳам ба муваққат аз касби бобоӣ канор рафтаву ҳоло дар шаҳрҳои Русия машғули хонасозӣ ҳастанд.
– Замоне оҳангарон обрӯю эътибори зиёд доштаанд ва ҳатто дар феҳристи ҳокимони давр қарор гирифта, мудом навозишҳо медидаанд, – бо фахр мегӯяд усто Раҳмонқул. – Охир, онҳо барои муҳофизони Ватан силоҳҳои гуногун, ба монанди шамшер, ҷавшан, тоскулоҳ, гурзу пайкон... низ сохтаву як табааи хеле машҳур ва дар чашми ҳукком манзур будаанд. 
Рӯзибойи Қурбониён, устоди дабистони рақами 58-уми деҳаи Ғелон ба сӯҳбат пайваставу гуфт, ки каландҳои дастисохти Раҳмонқул дар шароити кӯҳистон хеле тобовар буда, аз қазо ба санг бархӯранд, он ҷинси кӯҳиро ду мекафонанд, вале дами тезашон ҳамоно маҳфуз мемонанд. Чунки усто ин навъ асбобҳоро чунон обутоб медиҳад, ки оқибат ба пӯлоди асил мубаддал мегарданд.  
Устохонаи оҳангарии Раҳмонқул аз чойхонаи мӯйсафедон, китобхонаи деҳаи Ғелон, санги ёдмон ба шарафи шаҳидони набардҳои замони босмачигарӣ ва Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар як қадам масофа ҷой гирифтааст. Онсӯтар чашмаи машҳури русто воқеъ гаштааст, ки оби он ба воситаи лӯлаҳои гуногунқутр то хонаҳои мардум интиқол меёбад ва дар зеҳнҳо шарёни бешумори хунгузарро таҳрик медиҳанд. Дӯкони оҳангарии акои Раҳмонқул аз як бинои назарногире иборат аст. Дару девори одие дорад ва ба хонаҳои атроф ҳамранг афтодааст. Ду зинаи сангинро баромада, дохили ин хонаи пур аз ҷиҳози кор ва маҳсулоти омодаву ашёи хоми он мегардед. Ва чуноне ки ишора рафт, ҳамин шабону рӯзон гарму боҳаловат аст ... Ғолибан кор ҳам меҷӯшад. Агар як пораи шабу панҷ вақти намозро ба ҳисоб нагирем, боқии авқот мардуми корафтода дарову буро карда, ба ҳавои дили худ ягон асбоби рӯзгор – ба монанди бел, каланд, дос, доскола, аррадос, бухорӣ, карною каҷкарной, сатилу тағора, наълу рикоб ё гулмехҳои андозаашон гуногунро... мехаранд. Ё таъмири ягон асбобро фармоиш дода, агар вақт дошта бошанд, дар суфачаи хурдакак муддате нишаста, аз ину он гуфтаву шунида занги дил мебароранд. Суфачаи гиландова ҳамеша мизбони мизоҷон аст. Дар атрофаш, рӯи як гилеми нимдошт, чанд кӯрпачаи қуроқӣ паҳн карда шудааст. Ду - се лӯлаболишт ҳам вуҷуд доранд, ки одамон такя зада, гоҳ чой нӯшанд, гоҳе тахтаи шоҳмотро пеш кашида, мӯҳра меронанд. Аммо даҳону забонашон ҳамеша ба гуфтор моил аст. Агар ягон мавзӯи баҳс пайдо кунанд, тамом – рӯзи пагоҳи Худоро ба бегоҳ мубаддал мекунанд, то ба умқи масъала нарасанд, мӯйшикофиро идома медиҳанд. Ана ҳоло Карим қассоб даромад. Вай дар таҳдашт зиндагӣ мекунад. Аз остини ҷомааш ду себи хушрангу миқдоре ғӯлингро ба рӯи дастурхон гузошта, аз рӯи як лаълии пур лифофаро бардошт. Дар як он ҳаври гӯшти бирён хеста, бӯйи хушаш дӯконро пур кард. Ҳайрати аҳли суфа боло рафт.
– Устоҷон, мани калтафаҳмро бахшед, – гуфт гунаҳкор сар хам карда. – Бо чанд гапи беҷо дили шуморо ранҷондам. 
– Хайр.., ҳеҷ гапе нест, ман кайҳо фаромӯш кардаам, – фурӯтанӣ кард оҳангар.
– Ҳамон корди говкушие, ки таъмир карда додед, баъд аз хидмати шумо дар ҳақиқат беҳтару хубтар шудааст. Аз ин пеш ба чанд оҳангар нишон додаву дамашро тез карда бошам ҳам, ин хел бароҳат кор накарда будам. 
– Эҳ қассоб, аммо шумо бовар накардед. Бар замми ин тамасхур ҳам задед, – дар оҳанги диловезе гуфт Раҳмонқул ва ҳамон дам табассум кушода: – Зарар надорад, қассоб, ман кинагир нестам. Муҳим, кори мо ба шумо мақбул гаштааст, – гуфт ба китфи ӯ мулоим даст монда. 
– Кӯтоҳӣ аз ман гузашт, устоҷон. Ана, пули хидмататонро пурра овардам. Ин неъмат, – ба гӯшту меваҳо ишора кард қассоб, – ҳамту аз барои дил, аз барои рафъи заҳри забон. Қабул кардам гӯед, усто. Ман гунаҳкор...
Як ҳафта пеш Карим қассоби Миракӣ ду корди молкушиашро аз барои таъмир ба дасти усто супорида буд. Вай забон ба шикоят кушод, ки  ягон усто табъи дилаш фармоиши ӯро иҷро накардааст. Зуд дамаш чаппа гашта, корро душвор месозанд. Аммо усто чун аз пайи иҷрои фармоиш гашт, ҳамон корди назаррабои дастааш ҷавҳардори қолибисохт, ки шояд кори устоҳои Чуст буданд, ба табъаш нанишаст. Бинобар ин оҳанашро ҷудо карда, хеле гудохт, обашро ба тоб оварда ва чун ба дилаш форид, бо усули худ пардоз дод. Муддате хидмат карда, як асбоби кории хубе сохт. Акнун чунон корди тезе шуда буд, ки агар ба устухон мерасид, бемуҳобо ду тақсим мекард. Ногаҳон ба чизи сахте занед ҳам, дами тезаш халал намеёфт. Вақте он асбобро ба соҳибаш супорида, ҳаққи кор талаб намуд, қассоб оташин шуд ва аз ҷайб чанд сӯмаке баровардаву бо зарда ба рӯи суфа гузошта, усторо ба ноинсофӣ муттаҳам намуд. Аммо усто табассум ҳам нашикаст, ҷавобан ҳарфи беҷое ҳам нагуфт. Агарчи ба дилаш каме сахт расида буд, зуд худро ба кори дигаре андармон карда, ин муносибати сардро ногузир ба доми фаромӯшӣ супурд. Ана, ҳоло худи Карим қассоб омадаву узру манзур дорад. Охир насибаат ҳалол бошад, ягон бандаи худо дастдарозӣ карда наметавонад...
Дар ҳаёти усто Раҳмонқул чунин воқеот хеле зиёд рух медиҳанд. Вай дили софу нияти поке дорад ва як инсони аз кибру ғурур дур аст. Маҳз хоксорӣ ва меҳнати ҳалол ӯро дар чашми мардум манзур кардаву соҳиби обрӯ гардондааст. Усто Раҳмонқул устои ҳамакора аст ва ҳатто асбобҳои мусиқӣ низ месозад, ки овози дилнишин доранд. Аз чӯби дилхоҳ табақу чумчаҳои гуногун метарошад. Вай чун аксари бошандагони деҳаи Ғелон деҳқонӣ ҳам мекунад, як миқдор чорвои реза дорад, ки маҷбур аст, чорвопарварӣ ҳам бикунад. Хулоса, аҳли русто ба ҳар навъ кор даст задаву нони худу аҳли оилаашонро таҳия месозанд. Шароити кӯҳистон тақозо мекунад, ки кас ҳамакора бошад. Усто Раҳмонқул чойхонаи мӯйсафедонро низ сару бар менамояд. Ҳангоми зарурат дар хидмати мӯйсафедони деҳа қарор гирифта, рӯбучини ин макони сӯҳбатҳои гармро бар ӯҳда дорад. Чандин сол аст, ки ин корро ройгон ба сомон мерасонад – аз барои савоб ва дуои аз таҳти дили пирони рӯзгордидаи Ғелони латиф.
Бояд таъкид кард, ки дар фасли тобистон аслан дӯконҳои оҳангарӣ фаъол нестанд, зеро касе коре намефармояд. Аммо чун зарурате пеш ояд, усто Раҳмонқул нею нестонро канор гузошта, зуд дари дӯкони худро боз мекунад ва ҳоҷати мардумро мебарорад. Ин аст, ки мардуми Ғелон ҳам ҳар кори худро дар ҳар вақти мақбул бо дили пур ба усто Раҳмонқул мефармоянд. 
Таровати зиндагӣ ҳам аз вуҷуди чунин инсонҳои хоксор бештар мегардад. Аммо усто Раҳмонқул имрӯзҳо аз он шод аст, ки ҳукумат ба соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ таваҷҷуҳи хосе медиҳад ва бо шарофати зиёд шудани меҳмонони хориҷиву дохилӣ ба Ғелон кори дуконҳои оҳангарӣ ҳам як зарра рамақ пайдо мекунад. Вай иқрор шуд, ки меҳмонон кордҳои дастисохти ӯро бо камоли майл харидаву ба кишварҳои худ мебаранд. 
– Дар як рӯз чанд корд месозед? – мепурсам аз ӯ.
– Чанд ко-орд..? – мад кашидаву бо як табассум суоли маро такрор мекунад ва баъд роиҷ иқрор мешавад: 
– Мухбирҷон, дар бадали се рӯзи расо як корд месозам. Сохтани чунин асбоб кори саҳле нест. Заҳмат мехоҳад, – аз ҳайрати ман маънӣ бардошта, шарҳ медиҳад ӯ. 
– Баъд ҳар як кордро 500-600 ҳазор сӯм нарх мегузорам. Харидани чунин кордҳо барои мардуми одӣ гарон аст, чунки ба ин миқдор маблағ аз мағоза чандин корд метавон харид. Аммо сифати кордҳои дастисохт дигар аст...
Аз нигоҳи дар ҳадди меҳрубонӣ ва ниҳоят содаву самимии усто Раҳмонқули Ғелонӣ як олам маънӣ чидаву аз фурӯтании ин инсон ба ваҷд омада, роҳи худро идома медиҳам, аммо дер гоҳ дӯкони оҳангарии ӯ, ки аз садои путки гарону виз-визи нолаи сӯҳон, ҷиз-ҷизи ба оби сард даромадани оҳани тафсон... пур гаштааст, мағзи маро машғул медорад... 
– Агар дар Ғелон як инсони комил бошад, бешак Раҳмонқули мост, агар рафту ду нафар бошанд, як нафари онҳо ҳамин устои оҳангарамон мебошад! – шафтолуи гапро мегӯяд устод Рӯзибойи Қурбониён ва аз забони ӯ боз чанд ҳарфи муҳаббат шунидаву дар роҳ ба сӯи осиёи қадимаи ин хокҷой дар олами андешаҳои худ ғарқ мешавам. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: