Дар як рӯзи тобистони солҳои шастуми асри бист, яъне замони шӯравӣ дар тармими мадрасаи Шердори Регистони Самарқанд ду гурӯҳ устоҳои тармимгари соҳаи ёдгориҳои меъмории миллӣ кор мекарданд.
Ҳар ду устокалонҳо дар касби худ ба авҷи камолот расида буданд. Яке Шермуҳаммад ном дошту дигаре Илёсқул. Симои зоҳирии онҳо аз ҳамдигар фарқ мекард. Шермуҳаммад марди қадбаланд, чорпаҳлу, мӯйлабдор буда, дар тан шиму пиҷаки одӣ ва дар сар тоқии чоргули чустӣ дошт. Илёсқул бошад лоғарандому қадпаст буда, ба сар саллачаи хурду дар тан яктаки сабук ва миёнасол бошад ҳам, мисли муллоҳо риш дошт.
Шермуҳаммад аз устозодаҳои асили Самарқанд буд. Илёсқул дар асл муллозодаи бухороӣ буда, бисёр солҳо боз дар Самарқанд зиндагӣ ва кор мекард. Ҳар ду шогирдони зиёд дошта тибқи оинномаи қадимаи ҳунармандӣ ба онҳо тарбия медоданд. Дар вақти тақсими кор роҳбарон ба чунин хулоса омаданд, ки кори аз ҳама мураккабтар ва гаронбаҳотар, яъне тармими тасвири шеру хуршедро ба Шермуҳаммад супоранд.
Роҳбари асосии ин кор аз донишмандони таърихи меъмории миллӣ, рассоми касбӣ Засипкин буд ва Илёсқул гумон мекард, ки ба ҳамин урус диндории сахти ӯ нафоридааст ва ба ҳамин сабаб гурӯҳи ӯро аз ин кори барои ҳар як усто ифтихорӣ – тармими пештоқи ба тамоми ҷаҳон машҳур маҳрум кардаст. Аммо ин урус ба мисли бостоншинос Вяткин, бо вуҷуди ба дараҷаи комил донистани забони форсӣ ва лаҳҷаи мардумони Самарқанд, аз дӯстони академик усто Ширин буда, нозукиҳои ин касбро хеле хуб медонист. Усто Ширин бошад, дар Академияи санъати меъмории мардумӣ дар Самарқанд ба Шермуҳаммад нозукиҳои касби тармимгариро омӯзонида буд. Шермуҳаммад аз устодони худ муносибати самимӣ ва саховатро омӯхта буд ва бо кӯмаки ӯ шогирдонаш мопедсавор шуда буданд ва ба кор ҳечгоҳ дер намемонданд. Шогирдони Илёсқул бо автобусҳои мусофиркаш, ки доим аз одам пур буданд, хаставу шалпар ва асабонӣ ба кор дер меомаданд.
Устокалон Илёсқул ба кору рафтори шогирдони Шермуҳаммад бо диққат менигаристу айбҷӯӣ мекард. Устокалон Шермуҳаммад инро пай бурда буд ва пайт мепоид, ки усто Илёсқулро панд диҳад. Рӯзе ҳангоми шом, ки шогирдон аз кор фориғ мешуданд, чунин имконият даст дод.
Он ҳангом ин устокалонҳо дар майдони Регистон дар сояи дарахте нишаста чой менӯшиданд. Илёсқул дид, ки шогирдони Шермуҳаммад ҳама мопедсавору олуфтанамоянд, аз Шермуҳаммад савол кард: – Усто, ҳамин мегум, шогирдонатон ба қоидаҳои худамо чӣ қадар риоя мекунанд? Ҷудо ҳам стилягаҳо барин. Намоз мехонда бошанд?
Усто Шермуҳаммад табассум карду гуфт: – Намозхонӣ кори шахсии ҳар кадомаш. Ман ба одобаш эътибор медиҳам. Одами покиза аст ё не. Аз гапатон фаҳмида шуд, ки шумо танҳо намозхонҳоро покиза меҳисобед.
Дар ин ҳангом яке аз шогирдони Шермуҳаммад ба назди мопеди худ мешитобид, ки устокалон ӯро наздаш даъват кард.
Шогирд ҷавони хушбурути 20-сола дар тан куртаи сафеди дарзмолкарда, шими ҷинсӣ ва дар пой кроссовка дошт. Мӯйҳояш силиқ ба қафо шона задагӣ, яъне олуфтаи соф.
– Аз кисаҳот чизе дорӣ, барор! – гуфт Шермуҳаммад.
Ҷавон шона, оиначаи гирда ва рӯймолчаи тозаи чорқатро баровард.
– Акнун куртаро каш.
Ҷавон куртаро аз тан берун кард. Майка сап-сафед барф барин.
Усто боз як фармон дод: – Шиматро поён кун!
– Айб нест магар? – гуфт ҷавон.
– Не, ин як санҷиш, – гуфт устокалон.
Ҷавон шимро поён кард ва устоҳо диданд, ки плавкаи наву тоза пӯшидааст.
– Пӯш, акнун метавонӣ равӣ, – гуфт Шермуҳаммад.
Шермуҳаммад ба Илёсқул рӯ оварда гуфт: – Акнун шумо яке аз шогирдонатонро даъват кунед.
Бо даъвати Илёсқул яке аз шогирдони ӯ, ки онҳо низ аз дарвозаи мадраса мебаромаданд, назди устокалонҳо омад.
Ин шогирд дар тан куртаи дарзмолнадидаи рангпарида дошт.
– Дар кисаҳо чизе ҳаст, барор, – гуфт Шермуҳаммад.
Ҷавон аз киса якто рӯймолчаи ғиҷимшудаи чиркинро берун овард.
– Акнун куртаро каш!
Ҷавон куртаро аз тан берун кард. Майкаи сафеди кайҳо ношуста хокистарранг шуда буд.
– Акнун шиматро поён фурор, – гуфт Шермуҳаммад.
Ҷавон саволомез ба ҷониби устои худ нигарист. Усто Илёсқул гуфт: «Фурор!»
Ҷавон бо дили нохоҳам рӯ турш карда шимашро то ба зону фаровард. Устокалонҳо диданд, ки трусӣ кайҳо тағораи ҷомашӯиро надидааст.
– Пӯш! – гуфт Шермуҳаммад ва ба Илёсқул рӯ оварда гуфт: «Акнун рафтем ҷойи асбобҳои кориро мебинем». Аввал ба ҷойи асбобҳои Шермуҳаммад омаданд. Дар як тарафи ҳуҷраи рафдор асбобҳои шогирдони Шермуҳаммад, дар тарафи дигар асбобҳои шогирдони Илёсқул меистоданд. Асбобҳои ба Шермуҳаммад мутааллиқ ҳама медурахшиданд. Яъне барои он ки занг назанад, равғанмол шудаанд. Аммо шогирдони Илёсқул асбобҳои кориро ҳатто пок накарда, гузошта рафтаанд. Устокалон Илёсқул сархам меистод. Шермуҳаммад бо меҳрубонӣ даст ба китфи Илёсқул гузошта гуфт: – Устокалони мӯҳтарам, ман намедонам, ки шогирдонам намоз мехонанд ё не, аммо он чӣ дидед, ҳоҷат ба тафсир надорад!
Баъди он устокалонҳо аз назди ҳуҷраҳои либосҳои кории шогирдон мегузаштанд, ки Шермуҳаммад гуфт: – Ин ҷоро ҳам мебинед?
Устокалон Илёсқул эҳтимол маҷоли сухан надошт, ки ба нишони инкор сар ҷунбонд.