Мадина рӯзе бо дугонаҳояш ба тарабхонае рафт.
Онҳо чор нафар буданд. Суҳбати дугонаҳо сари мизи пур аз нозу неъмат қаймоқ баст. Одаташон он буд, ки ҳар кадом аз рӯзгори худ қиссае мекарданд ва ин тавр вақтро ба домани хушиҳо мекашиданд. Чун навбати сухан ба Мадина расид, ҳикояти марғубе кард, ки марбути наврасияш буд. Вай ҷуръае аз нӯшобаи ширин нӯшида, ба нақли худ оғоз кард:
– Ман дар оила фарзанди калонӣ ҳастам ва он айём дувоздаҳсола будам. Маҳлиё ном хоҳараке дорам, ки ҳамон вақтҳо шаш сол дошт. Падарам дар мағозаи калоне чун назоратгар кор мекард. Модарам омӯзгори мактабамон буд. Корҳои падарам ҳеч барор намеёфт. То омадани маош ҳамеша аз касе қарз мегирифт ва чун моҳонаи худро дастрас мекард, қарзҳояшро пардохт менамуд. Хонаамон хеле таъмирталаб шуда буд. Дар фасли зимистон ҳеч гарм намешуд, зеро таҷҳизоти гармидиҳиаш корношоям гашта буд ва иваз кардани он маблағ мехост. Аз ин рӯ, падарам як қисмати моҳонаашро пасандоз мекард, то ба шикасту рехти хона сарф созад. Падарам қариб ҳар рӯзи Худо аз мағоза нон мехарид ва оварда рӯйи мизи ошхона мегузошт. Замини ангори мо киштбоб аст ва саросар маҳсулоти полизӣ парвариш меёбанд. Он тарафтар сойи калоне ҷойгир шуда буд. Рӯзе хоҳарам Маҳлиё нисфи нони падарам овардаро шикаста, ба куҷое ғайб зад. Модарам чун ғизо омода сохта, ба косаҳо кашиду рӯйи хон гузошт, дар ҳайрат аз ман пурсид:
– Мадина, нисфи ин нон ку? Камтар сабр мекардӣ, бо хӯрок ҳама якҷоя мехӯрдем!
– Модарҷон, нонро ман не, Маҳлиё гирифт.
– Хуб, дар куҷост Маҳлиё? Ҷеғ зан, ки бо ҳам хӯрок хӯрем.
– Намедонам,– китф дарҳам кашидам ман. – Ба куҷое баромада рафт.
Хоҳарам Маҳлиё шашсола бошад ҳам, гап заданро наметавонист. Барои табобаташ маблағ лозим буд, ки мо надоштем. Падару модарам ба раҳми Худованд умед баста, мунтазир буданд, ки рӯзе забони фарзандашон гӯё хоҳад шуд. Пас, агар ба берун баромадаву ӯро ҷеғ занам ҳам пайдо кардан душвор буд.
Ман аввал ба кори хоҳарам чандон эътибор надодам. Аммо нисфи нонро гирифтаву ба берун рафтани Маҳлиё қариб ҳар рӯз давом мекард. Модарам пурсад, ҳеҷ чиз намегуфт. Рӯзе падарам аз забони модарам ин кори Маҳлиёро шунида: «Балки гурусна монда худаш мехӯрдагист», гӯён ҷавоб дод. Аммо Маҳлиё баъд аз хӯроки чошт ҳам нисфи нонро гирифта мерафту вақти шом баргашта меомад. Ҷиҳати аҷибаш ин буд, ки ӯ ҳар вақт аз берун гурусна баргашта, хӯроки шомро чунон бо иштиҳо мехӯрд, ки гӯё аз саҳар чизе ба даҳон набурда бошад. Ҳамон лаҳза аз сари ман садҳо савол мегузаштанд. Хоҳари ман бо ин ҷисми хурдакак ним нонро хӯрда, чаро сер намешавад? Ҳамин тавр, аз байн як моҳ гузашт. Рӯзе дидам, ки Маҳлиё боз нисфи нонро бурида, берун давид. Ман хостам аз дунболаш назора кунам, аммо ҳамон лаҳза овози хандаҳои падару модарамро шунидам, ки аз дохили хона меомад. Онҳо аз чизе бисёр хурсанд буданд ва шодмонӣ мекарданд. Ба наздашон рафта, сабаби хурсандиҳояшонро пурсидам. Модарам ҷавоб дод:
– Соҳиби мағозае, ки падарат кор мекард, барои меҳнатҳои софдилонааш ба ӯ мукофот додааст, яъне вазифаашро баландтар бардошта, маошашро зиёдтар кардааст. Минбаъд мо ҳам имкон пайдо хоҳем кард, ки хушбахт ва бекаму кост зиндагӣ намоем. Хонаамонро аз таъмир барорем, муҳим хоҳаратро табобат кунем.
Аз ҳарфҳои модарам ман ҳам хурсанд шудам ва зуд аз паси Маҳлиё равон гаштам. Ба рӯйи ҳавлӣ баромада дидам, ки ӯ лаблаби рӯд равон аст. Ман ҳам аз паси ӯ рафтам. Маҳлиё нисфи нонро гирифта ба назди чоҳи хурде рафт, ки дар атрофаш сангҳои калон ҷой гирифтаанд. Аз дур ҳарчанд хурд метофт, чун аз наздик дидам, як чоҳи бопаҳное буд. Хоҳарам маро дида, дар ҳайрат афтод ва табассум карда, аз бараш ҷой дод. Дар дохили он ғори обканда гурбае бо чор фарзандаш мезист. Маҳлиё ҳар рӯз нисфи нонро оварда, ҳамон гурбаи бачадорро сер мекардааст. Пойҳои модаргурба латтапеч буданд. Ба фикрам, шикораш нобарор омада, ба таъқиби сагҳо дучор гаштааст ва пойҳояш аз дандони он таъқибгарони бешафқат захм бардоштаанд. Маҳлиё аз барои табобат пойҳои маҷрӯҳи он гурбаро бо матоъе бастааст. Яқин буд, ки гурбаи бечора, агар хоҳарам хабар намеёфт, аз гуруснагӣ ва захми хуншор нобуд шавад. Шояд фарзандони вай ҳам рӯзи рӯшноиро намедиданд.
– Ман аз ин воқеаҳо ба чунин хулоса омадам, ки боиси барори кори падарам аз покии қалб ва хайри беминнати хоҳарам Маҳлиё будааст. Зеро Худованд ягон некиро бе подош намегузорад, – ба нақли худ хотима дод Мадина.
Пас, Ойиша ном дугонааш аз Мадина пурсид:
– Маҳлиё ҳоло гап зада метавонад?
– Албатта! Баъдтар падарам ӯро ба бемористон бурдаву аз назорати табибони зӯр гузаронид. Пас аз табобат ранҷҳояш бартараф шуданд.
Ин тавр, суҳбати дугонаҳо ба анҷом расида ва ҳама бо як олам таассуроти нек ба хона баргаштанд.
Моҳчеҳра РАСУЛОВА, донишҷӯйи факултаи
филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз.