Дар Париж – пойтахти Фаронса Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ босуръат идома доранд.
Мусобиқаи дзюдо байни занон дар вазни то 52 килограмм ба охир расид. Диёра Келдиёрова, ки шарафи кишварамонро ҳимоя кард, бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид ва ин медал дар таърихи Бозиҳои олимпӣ миёни занони кишвари мо ҳамчун аввалин медали тилло ба зарварақи таърих бо ҳарфҳои тилло сабт шуд.
Ин муваффақияти Диёра Келдиёрова дар он аст, ки дар кишварамон ба рушди варзиши занона таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Қаблан дар мусобиқаҳои бонуфуз иштирок кардани занон имконнопазир буд. Имрӯзҳо занон натанҳо дар варзиш, балки дар дигар соҳаҳо низ пешсаф буда, шаъну шарафи мамлакатро дар ҷаҳон баланд мебардоранд.
Диёра Келдиёрова 13-уми июли соли 1998 дар Самарқанд таваллуд ёфтааст. Дар синни шашсолагӣ бо самбо, баъд бо дзюдо машғул мешавад. Дар озмунҳои варзишии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок карда, дар болои худ беист меҳнат кард. Соли 2013 Диёра дар Бозиҳои осиёии наврасон дар Нанкини Чин дар тоифаи вазни 44 килограмм медали биринҷӣ ба даст овард. Солҳои 2016 ва 2018 дар чемпионати Осиё оид ба дюздо миёни наврасон ба медали биринҷӣ сазовор шуд.
Соли 2016 дар Тошканд дар мусобиқаи Гран-при байни калонсолон то финал тамоми рақибонашро мағлуб карда, соҳиби медали нуқра гардид. Худи ҳамон сол Диёра Келдиёрова бо қарори Президент бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сарфароз гардид. Солҳои 2018-2022 дар чанд мусобиқаи бонуфуз, аз қабили чемпионатҳои қитъа ва ҷаҳон, мусобиқаҳои Гран-при ва «Тоскулоҳи бузург», Бозиҳои осиёӣ соҳиби як қатор медалҳо гардидааст.
Диёра дар чемпионати ҷаҳон соли 2023 дар Доҳаи Қатар медали нуқра, дар мусобиқаи «Тоскулоҳ»-и дар Гурҷистон ва Муғулистон соҳиби медалҳои тилло ва биринҷӣ гардид. Дар Бозиҳои осиёӣ, ки мизбон Чин буд, ӯ бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, барандаи Бозиҳои осиёӣ гардид ва аввалин медали тиллоро ба даст овард. Инчунин ӯ дар мусобиқаи дастаҳои омехта соҳиби медали нуқра гардид.
Мавсими имсола барои дюздочиёни мо низ пур аз муваффақият шуд. Нахуст дар мусобиқаи Гран-при дар Португалия ва баъдан дар мусобиқаи «Тоскулоҳ» дар Бокуи Озарбойҷон медали тиллоро ба даст даровард. Ҷиҳати дигари муҳим он аст, ки ба ивази ин ғалабаҳо пешсафи рейтинги ҷаҳонӣ гардид. Ӯ дар Ҳонгконг дар чемпионати Осиё байни калонсолон бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб ташкил гардид, ҷойи дуюмро ишғол кард.
Диёра, ки дар чунин мусобиқоти бонуфуз ғолиб омад, дар остонаи баргузории Бозиҳои олимпӣ дар чанд тамриноти байналхалқӣ ба олимпиадаи «Париж – 2024» омодагӣ дид. Қарори Сарвари давлат «Дар бораи омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони Ӯзбекистон ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ва паралимпии XVII» дар ин бобат барномаи муҳим гардид.
Дараҷаи баланди тайёрӣ ва мақсади калони ба пеш гузошта самараи худро дод.
Дар пурнуфузтарин озмуне, ки дар сол як бор баргузор мешавад, Диёра Келдиёрова иштироки худро аз марҳилаи 1/18 оғоз кард. Дар талоши аввал дзюдочии мо бо чемпиони чаҳоркаратаи ҷаҳон ва ғолиби Бозиҳои олимпӣ Ута Абегаи ҷопонӣ, ки 5 сол инҷониб мағлуб нашудааст, қувваозмоӣ намуд. Дар ин вохӯрӣ Диёра рақиби пурқувваташро ба ивази иппон мағлуб сохт ва рақибаш бо чашмони пурашк майдонро тарк кард.
Д. Келдиёрова дар даври чорякниҳоӣ бо барандаи медали тиллоии мусобиқаи «Тоскулоҳ»-и соли 2023 дар Тошканд, соҳиби медали биринҷии охирин чемпионати ҷаҳон Маша Боллхаусри олмонӣ ва дар нимниҳоӣ ноиби чемпиони олимпӣ, ситораи дзюдои Фаронса Амандин Бушар, инчунин дар вохӯрии финалӣ бар Дистрия Красничӣ, ки аз рӯйи рейтинги ҷаҳон баъд аз ӯ дуюмин аст, ғалаба карда, натанҳо дар дзюдо, балки дар таърихи варзиши мо сазовори медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ гардид.
Албатта, ин ғалаба худ аз худ ба даст намеояд ва барои худи варзишгар ба ин пирӯзӣ расидан душвор аст. Ғолиби Бозиҳои олимпӣ гаштани Диёра, пеш аз ҳама, натиҷаи имкониятҳои васеъест, ки кишварамон барои варзишгарон фароҳам овардааст.
– Мо ба бозиҳои олимпӣ муддати дароз тайёрӣ дидем. Ман медонистам, ки ҳар як рақиби ман қавӣ аст. Дарк намудам, ки то тавоноҳоро мағлуб накунам, тавоно шуда наметавонам. Ман дар ҳар як баҳс парчами кишварамонро баланд бардошта, дар андешаи исбот кардани он будам, ки то миллати ӯзбек дар ҷаҳон аз ҳеч кас кам нест ва кам нахоҳад шуд. Баъди ғалаба дилам аз ифтихор пур шуд. Ман худро хушбахттарин бонуи дунё ҳис мекардам. Асоси пирӯзиҳои ман заҳмати мураббиён, масъулони соҳа ва саъю ҳаракати роҳбари кишварамон аст, ки ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда истодаанд. Ман аз мардуми мо, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекунанд ва дар ҳаққи ман дуо мегӯянд, миннатдорам, – гуфт ғолиби Бозиҳои олимпӣ Диёра Келдиёрова.
Оре, имрӯзҳо дар мамлакатамон шумораи варзишгарони дорои таҷрибаи калон, ки қуллаҳои Олимпро фатҳ мекунанд, зиёд мешавад. Онҳо бо қадамҳои далерона ба арсаи ҷаҳонӣ мебароянд. Ояндаи мамлакате, ки фарзандонаш ба чунин ғалабаҳои бузург ноил мешаванд, бузург аст.
Умедворем, ки варзишгарони мо, ки дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ шарафи Ӯзбекистонро ҳимоя мекунанд, минбаъд низ халқи моро бо ғалабаҳои бузурги худ шод хоҳанд кард.
Ҷавоҳир ТОШХӮҶАЕВ,
мухбири ӮзА.