Ширкатҳои ҳавопаймоии United, Delta ва British Airways эълон карданд, ки парвозҳоро ба Исроил бекор намуданд. Дар ин бора The Times of Israel хабар додааст.
“Ширкатҳои бузурги ҳавопаймоии ИМА ва Бритониёи Кабир дар пасманзари ташаннуҷ бо Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва Эрон парвозҳоро ба Исроил бекор мекунанд", гуфта мешавад дар хабар.
Даҳҳо ҳазор исроилиҳо ба далели бекор шудани парвозҳо дар Амрико дармондаанд. Ширкатҳои ҳавопаймоии Delta ва British Airways парвозҳоро 2 август ва United парвозҳоро 6 август бекор хоҳанд кард.
United Airlines ба REN TV гуфт, ки ин ширкат парвозҳои мунтазамро ба Тель-Авив қатъ мекунад.
Онҳо илова карданд, ки маҷбур шудаанд, ки бар асоси “ба далелҳои амниятӣ” чораҳои дахлдор андешанд. United Airlines изҳор дошт, ки минбаъд низ вазъиятро бодиққат назорат мекунад ва дар бораи барқарор кардани хидмат қарор қабул мекунад, хабар медиҳад ren.tv.