Шаҳрам Гиёсов пирӯзии навбатии худро ба даст овард

Шаҳром Ғиёсов, ки дар бокси касбӣ дар вазни ним миёна мағлубнопазир боқӣ мемонад, имрӯз бо Мигел Перраи мексикоӣ ба ринг баромад.

Дар ин қувваозмоии 10-раундӣ, ки дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА баргузор шуд, Шаҳрам Ғиёсов рақибашро бо ҳисоби холҳо шикаст дод. Дар даври 7-уми набард яке аз доварон аз зарбаи Шаҳрам ҳамчун зарбаи мамнӯъ як хол кам кард.

Аммо дар анҷоми мубориза муштзани мо Шаҳрам Ғиёсов бар рақибаш бо ҳисоби холҳо пирӯз шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: