Дар ИМА робот аввалин амали дандонпизишкиро дар ҷаҳон анҷом дод

Ширкати Perceptive дар шаҳри Бостони ИМА як роботи дандонпизишкиро офарид, ки дар заминаи зеҳни сунъӣ кор мекунад.

Вай бори аввал раванди тайёр кардани дандонро барои гузоштани колиб мустакилона ичро кард.

Одатан, духтури дандон барои чунин тартиб тақрибан ду соат вақт сарф мекунад, аммо робот ин корро дар 15 дақиқа анҷом дод.

Директори генералӣ ва муассиси ширкат Крис Сириэлло аз он хушнуд аст, ки аввалин расмиёти пурраи автоматии роботии дандонпизишкиро дар ҷаҳон бомуваффақият анҷом дод. Вай гуфт, ки ин пешрафт дар тиб дақиқӣ ва самаранокии муолиҷаи дандонпизишкиро зиёд мекунад.

Корхона бо усули «бо асбоби дастӣ скан кардани холигии даҳон» дар асоси технологияи томографияи оптикии когерентӣ мӯҳлати табобатро хеле кам кард.

Perceptive мегӯяд, ки технологияи нави оптикии 3D-и он назар ба рентгенҳои кунунии 2D, ки ҳамагӣ 45 дарсад муассир аст, шонси бештари ошкор кардани кариесро дорад.

Ба гуфтаи Крис Сириэлло, ширкат ба нақша гирифтааст, ки тавоноии роботро афзоиш диҳад. Санҷишҳои ибтидоӣ дар ихтиёриён бомуваффақият гузаштанд ва робот қодир аст ҳатто дар ҷойҳои душвори дастнорас ва дар шароити душвор, бахусус ҳангоми ҳаракати бемор корро анҷом диҳад.

Бо вуҷуди ин, робот дар ҳоли ҳозир иҷозати Идораи озуқа ва дорусозии ИМА (FDA)-ро надорад, бинобар ин, то он даме, ки ҳамаи беморон аз он истифода баранд, метавонад солҳо тӯл кашад, хабар медиҳад korrespondent.net.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: