СУХАН АЗ ДӮСТӢ ХУШ БУВАД

Ба шарафи Рӯзи дӯстии халқҳо 30 июли соли равон дар маҷлисгоҳи мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 5-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё чорабинии фарҳангие баргузор гардид, ки онро Маркази милливу мадании тоҷикон ва бахши маънавият ва маърифати ҳокимияти ноҳия роҳандозӣ карданд.

Дар чорабинӣ як идда кормандони ҳокимияти вилояту ноҳия, намояндагони қавму миллатҳои гуногун, аҳли санъату адабиёт, омӯзгорони дабистонҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ ширкат доштанд. Онҳо зери як шиор – «Ӯзбекистон хонаи умумии мо» гирдиҳам омада ва сухан аз дӯстиву рафоқат кушоданд. 
Чорабинӣ бо суханҳои муқаддимавии муовини мудири шуъбаи томактабӣ ва мактабии таълими халқи ноҳия оид ба маънавият ва маърифат  Ӯктам Тошбоев оғоз гардид. Вай гуфт, ки якҷо бо таҷлили Рӯзи дӯстии халқҳо рӯнамоии ду китоби адиби маҳаллӣ, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Карим Тошқулов низ баргузор мегардад, ки шукуҳи ин ҷашнро хоҳад афзуд. К. Тошқулов рисолаи «Камолоти инсони комил ва маърифати он» ва дастури услубии «Маслиҳат ба ҷавонон андар боби камолот»-ро иншо кардаву бо гранти давлатӣ ба нашр расонидааст. 
Дар идомаи суҳбатҳо як гурӯҳ иштирокдорони чорабинӣ, аз ҷумла, кормандони идороти гуногуни вилоят ва ноҳия Шермуҳаммад Раҷабов, Шарофат Ашурова, Қаҳҳор Раҳимов, Чорӣ Эшқулов ва Эшонқул Ҳамроев ба сухан баромада, ҳар кадом аз дӯстии заволнопазири миллатҳои тоҷику ӯзбек сухан гуфтанд. 
Баромади хотирмони ҳофизон Фармони Азим, Фурқат Ҷӯраев, Достон Мирзоев ва Фарҳод Тошқулов музайян карда, қироати шеърҳои шоир Карим Тошқулов низ дар мавзуъҳои тараннуми ватан ва дӯстӣ аз ҷониби як гурӯҳ хонандагон шунида шуд. 
Дар интиҳо муовини ҳокими ноҳияи Деҳқонобод дар бахши маънавият ва маърифат Сардор Маҳмудов ба раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳия Карим Тошқулов «Ташаккурнома»-и ҳокимияти ноҳияро супорид.  

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: