ДИПЛОМДОРОНИ ХОНАШИН

ё чаро мутахассисони дипломдор ба кӯдакистонҳо ба кор ҷалб намешаванд?

Иттифоқ афтод, ки дар ҷараёни аз суҳбат гузаштани як гурӯҳ занону духтарони маҳаллӣ ширкат кунам. Онҳо аз зумраи даъвогароне буданд, ки танҳо баъди гузаштан аз суҳбат имкони ба кор даромаданро соҳиб мешуданд. 
Маълум шуд, ки нисбат ба ҷойи кор теъдоди даъвогарон тақрибан се карат зиёд аст. Барои ҳамин ҳайати махсуси шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Сӯх дар баробари суҳбат даъвогаронро аз санҷиши сабук – тест низ мегузаронид. Аксарияти даъвогарон коллеҷи омӯзгории Сӯхро хатм кардаанд ва хонашин мебошанд. 
– Даъвогарон хеле зиёданд, барои ҳамин мо тасмим гирифтем, ки аз роҳи суҳбат ва тест беҳтаринҳоро интихоб карда, шомили кор намоем. Шукр, ки теъдоди кӯдакистонҳои давлатӣ дар ноҳияамон ба 28 адад расидааст ва фарогирии кӯдакон 71,8 дарсадро ташкил мекунад. Аммо ба кор таъминкунии онҳое, ки дипломи коллеҷи омӯзгориро дар даст доранд, ҳанӯз мушкили сарбаста боқӣ мондааст, – гуфт мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактаби ноҳия Фозилҷон Мирзоев,–  дар кӯдакистонҳо, чи давлативу чи хусусӣ, бояд шахсони соҳибмаълумот кор кунанд. 
Гузашта аз ин, шахсони синнашон ба нафақа наздик ё расидаро бояд муайян кунем ва аз роҳи ба нафақа гуселонидани онҳо чанд даъвогари ҷавонро бо кор таъмин намоем. Ҳоло роҳи дигари алтернативӣ вуҷуд надорад.   
– Ман соҳиби се фарзанд ҳастам. Ду сол муқаддам коллеҷи омӯзгориро хатм кардам. Ҳоло омадаам, ки аз суҳбат гузарам ва соҳиби ҷойи кор шавам, – мегӯяд яке аз даъвогарон Мадина Сангинова.
– Ман аз зумраи дипломдорони хонашин ҳастам. Бо дугонаам Нисохон Рауфова борҳо ба шуъбаи таълими томактабӣ ва мактаби ноҳия муроҷиат кардем, аммо ягон натиҷа ҳосил нашуд, – мегӯяд сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақири ноҳия Одина Мирзоева. – Дар деҳа машғулияти дигар нест, ки ба кор дароем. Мисли мо занону духтарон дар деҳаҳои дигар низ хеле зиёданд. 
– Барои ду кӯдакистони нав, ки чанде муқаддам аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва маблағи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Себзор ва Қақири деҳкадаи Ҳушёр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дар маҷмӯъ 14 нафар бо кор бояд таъмин шаванд: шаш нафар тарбиячӣ ва ёварони онҳо, ду мудири хоҷагӣ, ду посбон, ду ҳамшираи тиббӣ ва ду муаллими мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ. Аммо шароит моро маҷбур намудааст, ки ба ҷойи як нафар панҷ нафарро ба кор гирем. Ҳоло маоши як нафар, ки ҳудуди як миллиону 500 ҳазор сӯмро ташкил мекунад, ба ҳамаи онҳо тақсим мешавад, – мегӯяд мудири кӯдакистони рақами 28-ум Нилуфар Аҳмадхӯҷаева.
Тавре ки вай боз тазаккур медиҳад, бо ду-се кӯдакистон наметавон теъдоди зиёди дипломдорҳоро ба кор таъмин намуд.   
Кӯдакистони оилавии «Happy kids academy», ки таҳти роҳбарии Шабнам Адҳамбекова фаъолият мекунад, 40 нафар фарзандони сокинони деҳаи Девайронро бо таълиму тарбия фаро гирифтааст. Ин кӯдакистон танҳо соҳиби ду штати корӣ мебошад, вале ду нафар ба ҳайси тарбиячӣ, як нафар ёвари тарбиячӣ ва як нафар ошпаз ба кор истихдом шудаанд. 
– Аслан мо ба кор занону духтаронеро бояд ҷалб кунем, ки соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, вале чунин кадрҳо дар ноҳияи Сӯх ангуштшуморанд. Ҳоло се нафар тарбиячӣ ва ёвари онҳо баъди хатми коллеҷ машғул ба коранд, як нафари онҳо дар донишкада ғоибона таҳсил мекунад, – мегӯяд Ш. Адҳамбекова дар рафти суҳбат.
– Гузаронидани машғулиятҳои дарси мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ бар дӯши кист?
– Онро худи тарбиячиён мегузаранд, зеро маоше, ки муқаррар шудааст, аксарияти муаллимони ин ду соҳаро қанеъ намесозад.  
– Дар масъалаи забономӯзии кӯдакон чӣ метавон гуфт?
– Худам мутахассиси забони англисӣ ҳастам ва забони русиро низ хеле хуб медонам. Барои ҳамин дар кӯдакистон таълими ин ду забонро ба роҳ мондаам.   
Барои кушодани гурӯҳи сеюм дар кӯдакистон борҳо ба идораҳои болоӣ муроҷиат намудем, аммо ин муроҷиатҳоямон ягон самар надоданд. Дар шафати деҳаи Девайрон қисми низомӣ мавҷуд аст ва ташкили гурӯҳи сеюм имкон медиҳад, ки кӯдакони низомиён низ ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шаванд. Агар ин кор ба вуқӯъ пайвандад, боз се нафар занони маҳаллӣ, ки соҳиби диплом ҳастанд, бо кор таъмин хоҳанд шуд, – гуфт ҳамсуҳбати мо Ш. Адҳамбекова.  
Дар ноҳия солҳост, ки коллеҷи омӯзгорӣ дар тайёр кардани кадрҳо ҳиссаи калон мегузорад. Директори он Ихтиёр Сайфиддиновро ба суҳбат кашидем. 
– Дар ин давраи фаъолият коллеҷ 450 нафар мутахассисони соҳаи таълими томактабӣ тайёр кардааст. Аксарияти хатмкунандагони он дар кӯдакистонҳо машғули кор мебошанд. 
– Дар коллеҷи омӯзгории шумо чанд нафар мутахассис кор мекунад, ки барои идомаи фаъолият ҳақдор ҳастанд?
– Ҷамъи кормандони моро 17 нафар ташкил медиҳад ва ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Аммо аз ин шумор танҳо шаш нафар мутахассисоне ҳастанд, ки дар донишкадаҳои гуногун бахши таълими томактабиро хатм кардаанд. 
– Нақшаҳо чӣ гунаанд? Оё қабул ба гурӯҳҳои таълими томактабӣ минбаъд низ давом хоҳад кард?
– Аз тарафи ҳокимияти ноҳия тайёр кардани 330 нафар кадри таълими томактабӣ дархост шудааст. Аз ин шумор 150 нафар ба тарзи дуалӣ, яъне ҳам таҳсил ва ҳам кор хоҳанд кард. Ғайр аз ин, дар курси дуюм 153 нафар ҷавонон ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд, ки соли оянда коллеҷамонро хатм хоҳанд кард, – мегӯяд И. Сайфиддинов.
Дар айни ҳол кӯдакистонҳои давлативу хусусӣ ба 30 нафар муаллими мусиқӣ, ҳудуди 25 нафар мураббиёни тарбияи ҷисмонӣ, тахминан 20 нафар мудирони хоҷагӣ, 87 нафар ёвари тарбиячӣ ва амсоли он эҳтиёҷ доранд. 
– Соли равон қабули чанд нафар талаба ба нақша гирифта шудааст? 
– Қарор аст, ки соли таҳсили 2024-2025 ҳудуди 90 нафар талаба қабул мекунем. Ин рақам метавонад ба тарафи мусбат тағйир ёбад. Аз 90 нафар танҳо 30 нафар дар гурӯҳи ёварони тарбиячӣ ва 30 нафар дар гурӯҳи ғоибонаи тарбиячиён таҳсил хоҳанд кард. Зеро дар аксари кӯдакистонҳои хусусӣ дар штатҳои тарбиячиён ва ёварони онҳо занону духтарони бидуни диплом фаъолият мекунанд. 
– Тавре шумо қайд намудед, ниёзи кӯдакистонҳо ба муаллимони тарбияи ҷисмонӣ ва мусиқӣ ба масъалаи басо муҳим табдил ёфтааст. Тайёр кардани соҳибони ин тахассусҳо оё дар коллеҷи шумо имконпазир мебошад?
– Бале, аммо бояд тазаккур диҳам, ки кӯдакистон масканест, ки дар он ҷо фарзандони аз 3 то 6 солаи мардум таълиму тарбия мегиранд. Барои ҳамин бо таассуф қайд мекунам, ки ба ин ҷиҳати масъала дар кӯдакистонҳои зиёд, бахусус кӯдакистонҳои оилавии шаҳраку деҳоти ноҳия, чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ҳоло 50 дарсади ходимони онро шахсони ғайримутахассис ташкил медиҳанд. Агар дар кӯдакистон мутахассисони соҳибмаълумот ба кори таълиму тарбияи томактабӣ машғул нашаванд, натиҷаи қаноатбахш ба даст нахоҳад омад.
– Дар мавриди ошпазҳо, мудирони хоҷагии кӯдакистонҳо чӣ назар доред?
– Дар ҳар як кӯдакистон, новобаста аз он ки давлатӣ ё хусусӣ аст, ҳадди ақал якуним штат марбути ошпаз мебошад. Аммо дар ҳамин ҳол 16 нафари ошпаз дар кӯдакистонҳо соҳиби диплом намебошанд ва аз роҳҳои гуногун ба кор ҷалб  шудаанд. Гуфтаниам, ки пухтани хӯрок барои кӯдакони 3-6-сола низ малакаву маҳорати хос тақозо мекунад ва на ҳар як ошпаз қобилияти онро дорад.
Ногуфта намонад, ки бо қарори Девони Вазирон дар вилояти Фарғона аз 14 коллеҷи омӯзгорӣ 12-тои он ихтисор гардидааст. Ихтиёр Сайфиддинов дар ин робита изҳор намуд, ки ноҳияи Сӯх минтақаи эксклави Ӯзбекистон ба шумор меравад, барои ҳамин коллеҷи омӯзгории Сӯх мавриди ихтисор қарор нагирифт, баръакс аз соли таҳсили 2025-2026 он ба ҳайси техникуми омӯзгорӣ фаъолияташро идома хоҳад дод. Ин маскани касбу ҳунар дар оянда аз рӯйи тахассусҳои муаллимони мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, инчунин аз рӯйи соҳаҳои бизнес ва тиҷорат низ кадр тайёр хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: