ШИРКАТҲОИ ХИТОЙ ДАР ФАРҒОНА ТАВЛИДИ МАҲСУЛОТИ ГУНОГУНРО БАРНОМАРЕЗӢ МЕКУНАНД

Зимни мулоқоти ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров бо намояндагони ширкати «Nanjing Fiberglass» таҳти роҳбарии директори генералии он Сунг Мин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи истеҳсоли нахи вижаи шишагӣ, маснуоти базалт ва нахи оптикӣ барои саноат ва сохтмонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Гуфта шуд, ки зимни сафари ҳайати Фарғона ба Чин дар моҳи июни соли ҷорӣ бо роҳбарони ин ширкат гуфтушунид сурат гирифтааст. Ҷонибҳо оид ба таъсиси корхонае ба тавофуқ расидаанд, ки маблағи 20 миллион доллари ИМА -ро тақозо менамояд ва ба истеҳсоли нахи вижаи шишагӣ, маснуоти базалт ва нахи оптикӣ барои саноат ва сохтмон ихтисос дода мешавад.
Дар мулоқоти дигаре, ки ҳокими вилоят бо роҳбарони ширкати «Shandong Wo Si Huo Te Machinery Equipment» Ҷей Силю ва Ли Ҷингуан анҷом дод, татбиқи лоиҳаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳо мадди назар мебошад. 
– Имрӯз дар Ӯзбекистон саноати мошинсозӣ босуръат ривоҷ ёфта истодааст. Барои ҳамин  истеҳсоли маҳсулоти сифатнок ва арзон натанҳо дар кишвари мо, балки дар хориҷ низ эҳтиёҷи зиёд пайдо намудааст, – гуфт Хайрулло Бозоров. 
Интизор меравад, ки маҳсулоти дар Фарғона тавлидшуда зери тамғаи «Made in Uzbekistan» ба бозорҳо бароварда хоҳад шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: