НАМОИШИ САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ САМАРҚАНД ДАР ЧИН

Аз рӯйи маълумотҳои расмии омори вилоят дар шаш моҳи соли равон аз ҳама бештар сайёҳон ба шаҳри Самарқанд аз Чин ташриф фармудаанд.

Таъкид шуд, ки риштаи дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар асрҳои аср арзи вуҷуд дорад. Далели раднопазир Роҳи бузурги абрешим аст.
Аз ин рӯ, масъулони соҳаи туризм ва намояндагони ташкилотҳои сайёҳӣ бо сарварии ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов барои омӯхтани салоҳияти сайёҳии шаҳри Сиан ба Чин ташриф фармуданд. 
Дар вохӯрӣ бо масъулони соҳа масъалаҳои боз ҳам такмил додани муносибатҳои тарафайн муҳокима гардид. 
Дар анҷумани матбуотӣ барномаи «Самарқанд–дарвозаи сайёҳии Ӯзбекистони Нав» намоиш дода шуд.   
Рустам Қобилов оиди ислоҳоти соҳаи туризм ва шароити барои сайёҳони хориҷӣ фароҳамовардашуда, маълумотҳои шавқангезу ҷолиби диққат дода, ҳозиронро ба ҳамкорӣ даъват намуд.   
Дар форум байни ҳокимияти вилояти Самарқанд ва провинсияи Шенсӣ, ки шаҳри Сиан дар тасарруфи он аст, меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. 
Дар поёни чорабинӣ ошпазҳои Самарқанд барои мизбонон палав пухта, анъанаҳои миллии худро нишон доданд.

 

 

БАРНОМАИ  ХОТИРНИШИН

Дар  асоси қарори сарвари давлат «Дар бораи тайёрӣ  ва баргузор кардани ҷашни  сиюсесолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар саросари вилояти Самарқанд таҳти шиори «Танҳо бо ваҳдат – мо халқи ягона, танҳо якҷо – мо кишвари муқтадир!» фестивалҳои маънавию маърифатӣ ба  вуқӯъ пайваст. 
Дар амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд ҷамъбасти  хотимавии  чорабиниҳои мазкур баргузор гардид.
Санъаткорони зиёд бо сурудҳои дилошӯбу дилнишин  ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд. 
Анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ бо барномаи «Чилла – мавсими истеъдодҳо» ба поён расид.

 

 

«ТАРОНАҲОИ ШАРҚ» ДАР РЕГИСТОН БАРГУЗОР НАМЕГАРДАД
Ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои Шарқ» бори нахуст дар соли 1997 ташкил ёфт ва аз 31 кишвари ҷаҳон ҳунармандон ширкат варзиданд. Аз сабаби пандемия ин ҷашнвора чанд муддат ташкил нашуда буд. Он то ҳол дар майдони Регистон баргузор мегардид.

Ниҳоят  боз Ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои Шарқ» 26-30-юми августи соли равон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар маҷмӯаи «Шаҳри абадӣ» идома хоҳад ёфт. 
Дар ин  бора коргардони фестивал Шамсиддин Усмонов ба вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ иттилоъ дод. 
– Сабаби дар майдони Регистон нагузаштани ҷашнвораи «Таронаҳои Шарқ» аз он иборат аст, ки маҷмӯаи Регистон ҳамчун мероси мадании гузаштагони мо барои насли оянда ҳифз хоҳад шуд, – гуфт Шамсиддин Усмонов, – ғайр аз он барои сайёҳони хориҷӣ «Шаҳри абадӣ» имконият ва шароити хуби истироҳату дар меҳмонхонаҳои замонавӣ зистанро доранд. 
Боиси хушнудист, ки аллакай дар ин ҷо барои гузаронидани анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ тайёрӣ дида мешавад. 
Аз рӯйи нақша беш аз 300 нафар санъаткорон қариб аз 80 кишвари ҷаҳон барои иштирок дар анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ариза додаанд. 
Сипас, масъулони чорабинии мазкур ба саволҳои журналистон ҷавоб дода, таъкид намуданд, ки ташрифи вакилони расонаҳои ахбори оммавии хориҷӣ низ ба назар гирифта шудааст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: