Дар Бухоро бо ҳамкории шуъбаи вилоятии Маркази «Маънавият ва маърифат»-и ҷумҳурӣ, Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон, Садорати вилоятии Иттиҳоди маҳалла марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маънавиятчии ҷавон – 2024» баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани ин тадбир таъмин намудани майли ҷавонон ба пухта омӯхтани асосҳои маънавияту маърифат ва соҳаҳои дигар, афзун гардондани фаъолӣ ва иштироки онҳо дар сатҳи байналмилалӣ, муайян ва дастгирӣ кардани ҷавонони иқтидорнок мебошад.
Иштироккунандагони озмун аз рӯи чор шарт дониш ва малакаҳои худро маълум карданд. Доварон ин ҷараёнро ҳаматарафа ба назорат гирифта ғолибонро муайян намуданд.
Ҷои якум ба роҳбалади ҷавонони «Навбаҳор»-и шаҳри Бухоро Асадбек Насимов, ҷои дуюм ба роҳбалади ҷавонони маҳаллаи «Фурқат»-и шаҳри Когон Беҳрӯз Давлатов ва ҷои сеюм ба омӯзгори фанни забони англисии мактаби таълими умумии рақами 31-уми ноҳияи Ҷондор Азиза Файзиева насиб кард.
Ғолиби марҳилаи вилоятии озмун Асадбек Насимов ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.