Аксарият медонад, ки дар шаҳри Бухоро, дар шафати «Боғи Сомониён» ва «Бозори Калон» бо ин ном маҷмӯаи таърихӣ мавҷуд аст, вале на ҳама медонанд, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Хайробод»-и ноҳияи Вобканд низ бо ин ном ёдгории таърихӣ мавҷуд.
10-25 сентябри соли 2023 дар шаҳри Ар-Риёди Арабистони Саудӣ дар сессияи 45-уми ЮНЕСКО ҳафт ёдгории таърихии Бухоро, ки ба даҳлези Зарафшону Қароқуми Роҳи бузурги абрешим дахл дорад, шомили Рӯйхати мероси мадании ҷаҳонӣ гардид. Чанд рӯз муқаддам бо мақсади хубтар шиносшавӣ бо ёдгории таърихии «Чашмаи Аюб» сӯи маҳаллаи «Хайробод»-и ноҳияи Вобканд раҳсипор гардидам. Мо тавассути роҳи калони «Шофиркон – Бухоро» ба маркази Вобканд расида, ба роҳи магистрали «Тошканд – Бухоро...» баромадем.
Вақте ки ба маҳаллаи Хайробод расидем, дар идораи маҳалла бо раиси собиқи он ҷо, ҳоло фаъоли маҳалла Умар Ширинов вохӯрдем. Маълум гардид, ки раиси маҳалла Обид Муродов бо мақсади кӯмакрасонӣ ба ободкунандагони «Чашмаи Аюб» назди ҳашарчиён рафтааст. Мо низ назди ӯ омадем. Дар атрофи масҷид – ёдгории таърихии «Чашмаи Аюб» ҷараёни корҳои ободгардонӣ дар авҷ буд. Ин ҷо кормандони идораи ободонӣ, ҳашарчиён таҳти роҳбарии ҷонишини ҳокими ноҳия Султонмурод Тешаев ва масъулони дигар гирду атрофро ба тартиб медароварданд. Ба он ҷо техникаи гуногун кӯмак мерасонд. Сӯҳбати мо бо раиси маҳалла О. Муродов, сарвари собиқадорони меҳнати маҳалла Мадад Саидов хеле давом кард.
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хайробод ҳафт деҳаро ба бар гирифта, 4007 нафар аҳолӣ дорад. Дар ҳудуд мактаби миёнаи таълимоти умумии рақами 24, се боғчаи бачагон, бунгоҳи тиббӣ, маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ», клиникаи хусусӣ, дорухона, «толори зебоӣ», нуқтаҳои хидмати маишӣ, 9-то хоҷагии фермерӣ, беш аз 20 дукони тиҷоратӣ фаъолият доранд. Мувофиқи Барномаи давлатии «Де-ҳаи обод» соли 2022 дар ин ҷо корҳои зиёди ободгардонӣ сурат гирифтааст. Аҳолӣ бо барқ, газ, оби ошомиданӣ таъмин шуда, роҳҳо асфалтпӯшу шағалпӯш гаштаанд.
***
Маълумот дар бораи сохта шудани ин маҷмӯа гуногун аст: дар як ҷой соли 605-уми ҳиҷрӣ (1208-уми милодӣ) омада бошад, дар ҷои дигар соли 650-уми ҳиҷрӣ (1252-1253 милодӣ) оварда шудааст. Ҳамин тариқа гуфтан мумкин аст, ки таърихи мақбара аз 800-сол зиёдтар аст. Маълум аст, ки дар бораи пайғамбар Аюб (алайҳиссалом) нақлу ривоятҳо бисёранд. Дар асри XIV бо супориши Амир Темур устоёни хоразмӣ болои чашма ва чоҳи ин ҷо хонақоҳ бунёд кардаанд. Нақшу тасвирҳои гунбази болои чоҳ хоси услуби хоразмист. Дар масҷиди ин ҷо чор манораи начандон баланд ва гунбад шукӯҳ бахшидааст. Дар даруни мақбара ҳадисшинос Абӯсаъд-ал-Харгӯшӣ (соли вафоташ 1017) дафн гардидааст. Маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мақбара ҳамчун масҷид ва хонақоҳи дарвешон хидмат кардааст. Дар мазор ва сари роҳи тиҷорат сохта шудани ёдгорӣ инро собит месозад. Воқеаҳои таърихию табиӣ, ғоратгариҳо ба ҳолати умумии «Чашмаи Аюб» бетаъсир намондааст. Имрӯз фақат қисми даромад ва як ҳиссаи девори ба он васлгардида то замони мо расидааст.
Мо бо ҳамроҳони худ ёдгории боқимондаро аз назар гузарондем. Дарвоза – даромадгоҳи қадимӣ ва қисми девори аз тарафи рост ба он васлгардида ёдгории таърихии асосии меъмории ин ҳудуд буда, он ба назарҳо пуршукӯҳ метобад ва ба дарвозаҳои қадимии мадрасаҳои Бухоро шабоҳат дорад. Чӣ хеле ки бостоншиносон мегӯянд, вай бо ёдгории «Мағоки атторӣ»-и шаҳри Бухоро дар як вақт сохта шуда, услуби бунёдшавиаш бо ёдгории номбурда, «Исмоили Сомонӣ», «Манораи Калон», «Намозгоҳ»-и шаҳри шариф ягона аст. Ҳангоми таъмир бо услуби консерватсия барқарор кардани нақшу нигор, кошинҳои ин ёдгорӣ лозим будааст. Мутаассифона, ҳамоно сири тайёр кардани «сирҳои кошиндор» боз нагаштааст. Дар дарун рӯ ба рӯи дарвоза қабри солҳои истиқлол таъмирёфтаи Абӯсаъд Харгӯшӣ ва ба қарибии он ҳамон чашмаи таърихӣ, ки бо номи «Чашмаи Аюб» дар олами ислом машҳур, воқеъ гаштааст. Дар давоми асрҳо мардуми гирду атроф аз ин чашмаи муқаддаси шифобахш баҳри муолиҷаи бемориҳои пӯст ва ғайра истифода бурдаанд. Мо низ бо шарикони худ оби шӯрмазаи ин ҷоро чашидем. Чил метр дуртар аз он дар самти офтоббаро чоҳи дигар мавҷуд аст. Ҳамсӯҳбатон гуфтанд, ки дар поёнтар чанори калоне буд, вале он чанде пеш бо таъсири раъду барқ сӯхта аз байн рафтааст.
Солҳои истиқлол масҷиди ин ҷо расман кушода шуда, ҳоло тадбирҳои идона гузаронида мешавад.
Чун дар тамоми мамлакат дар вилояти Бухоро низ ҷараёни ободгардонӣ вусъат меёбад. Мувофиқи қарорҳои дахлдори Девони Вазирон ва Агентии мероси маданӣ, инчунин Садорати мероси мадании вилоят барои ин 83,4 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардидааст. Ҳоло барои иҷрои 19 лоиҳа бештар аз 200 усто фаъолият нишон медиҳанд. Аз ҷумла бо мақсади ба харитаи сайёҳон ворид намудани ёдгории таърихии «Чашмаи Аюб» кӯшишҳо беш аз пеш афзуда, ҳудуди ёдгорӣ ба ҳашаргоҳи азим табдил ёфтааст. Аз тарафи дигар роҳҳои хати сайёҳӣ бо шиддат асфалтпӯш карда мешаванд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.