Яман: 45 нафар бар асари обхезӣ ҳалок шуданд

Бар асари обхезӣ дар вилоятҳои Таиз ва Ал-Ҳудейда дар ҷанубу ғарби Яман дасти кам 45 нафар ҳалок шуданд.

Тибқи иттилои Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ ба шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер), рӯзи 2 август дар вилояти Таиз борони шадид боиси обхезӣ шуд. Дар натиҷа дастикам 15 нафар ҷони худро аз даст доданд. Он ҳамчунин ба инфрасохтор, хонаҳо ва заминҳои кишоварзӣ осеб расонд.

Ҳамчунин, шабакаи телевизионии "Ал-Масира", ки ба ҷунбиши шӯришиёни "Ансор Аллоҳ" (ҳусиҳо)-и Яман тааллуқ дорад, хабар дод, ки боришоти шадид рӯзи 6 август ба минтақа зарар расондааст. Бар асари обхезии ахир дастикам 30 нафар ҳалок ва панҷ нафар бедарак шудаанд. Зиёда аз 500 оила маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд, хабар медиҳад tass.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: