Натиҷаҳои гуфтушунид бо созишномаҳо мустаҳкам карда шуданд

  • Натиҷаҳои гуфтушунид бо созишномаҳо мустаҳкам карда шуданд

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Ҷомарт Тоқаев ба Баёнияи муштарак, инчунин қарорҳои Шӯрои олии байнидавлатӣ дар бораи тасдиқи Барномаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ барои солҳои 2024-2034 ва таъсиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ имзо карданд.

Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни боздид маҷмӯи ҳуҷҷатҳо қабул карда шуданд, ки доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро фаро  мегиранд, аз ҷумла:

– Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи тартиби сарҳади давлатӣ; – Баённомаҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи гузаргоҳҳо тавассути сарҳади давлатӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

– Нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои солҳои 2024-2025;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

 – Баёния дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои иқтисод;

– Баёнияҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи танзими монополияҳои табиӣ ва сиёсати рақобат;

– Меморандум дар бораи таъсиси Шӯрои коршиносони Ӯзбекистону Қазоқистон;

– Созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ байни Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фонди «Отандастар»-и Ҷумҳурии Қазоқистон;

– Нақшаи амалии чорабиниҳо оид ба густариши ҳамкориҳо байни ҳокимияти шаҳри  Тошканд ва акимати Остона дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ барои солҳои 2024-2026.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: