АФЗАЛИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ ВА НАВЪҲОИ ПУНБАДОНА

Сарвари давлатамон дар анҷумани видеоселекторӣ, ки моҳи июли соли равон баргузор гардид, таъкид намуд, ки кластери пахтаву матоъ манбаъҳои асосии даромади молиявӣ аст.

Ҳоло дар вилояти Самарқанд 13 кластер вуҷуд дошта, дар 4,4 ҳазор гектар замин технологияи инноватсионии сарфакории об ҷорист. 
Боиси хушнудист, ки аз сабаби татбиқ гардидани усулҳои кластерӣ парвариши пахта ва ҳосилнокӣ афзуда истодааст. Масалан, се сол қабл аз ин ҳосилнокӣ  32 сентнерӣ буд, соли гузашта ба 37 сентнерӣ расид. Имсол аз ҳар гектар замин 40 сентнерӣ ҳосил гирифтан ва ба хирман 292 ҳазор тонна пахта ирсол намудан пешбинӣ шудааст.
Имрӯзҳо дар вилояти Самарқанд дар 73 ҳазору 246 гектар майдон парвариши ғӯзапоя дар авҷ мебошад. Фермерҳои соҳибтаҷриба инчунин  дар 7 ҳазору 325 гектар замин навъҳои хориҷии  пунбадона, ки аз  Чин, Туркия, Ҳиндустон оварда шудааст, парвариш мекунанд. 
– Чанд сол аст мо тухмиро аз Чин оварда кишт менамоем, ки ҳосилнокӣ  ба  мо  хурсандӣ меоварад, – иброз дошт роҳбари  хоҷагии фермерии «Фозилов Собирота» аз  ноҳияи Оқдарё  Лола Баҳромова, – дар як  ниҳол  то 50 мӯғҷа мавҷуд. Гулҳои  ғӯзапоя  беҳисоб. 
Технологияи инноватсионӣ ва навъҳои хориҷии пунбадона самараи хуб дода истодааст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: