ҶАШНИ ЯКАСРА МУБОРАК БОД!

Инак, як аср боз «Овози тоҷик» ба хонадони тоҷикони мамлакатамон меояд.

Дар ҳар шумораи он фактҳо, воқеаву ҳодисаҳои вобаста ба тақдири кишвару мардуми вай инъикос меёбанд. Онҳо мақолаҳое мебошанд, ки таърихи зиндаи  моро акс мекунанд. 
«Овози  тоҷик» аз нашрияҳои муҳтарам ва бонуфузи чопии на фақат ҷумҳурӣ, балки Осиёи Марказӣ ҳам ҳаст. 
Ғалабаҳои сершумор дар озмунҳои касбӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, аз маҳорати баланди муаллифон шаҳодат медиҳанд. Аз ин рӯ, ба онҳое, ки ба рӯзнома содиқ монда, барои равнақи вай саъйу ғайрат мекунанд, ташаккур.
Ба собиқадорони рӯзнома, ки пояи анъанаҳои журналистикаи касбии миллиро гузоштаанд, ҳамчунин ба онҳое, ки имрӯз кори гузаштагони бузурги худро содиқона давом медиҳанд, аҳсан!
Садсолагии «Овози тоҷик» воқеаест, ки аз доираи мамлакат берун мебарояд. Дар ин ид аз ҳайати таҳририя таманно дорем, ки ҳамеша комёб, бо замон ҳамқадаму ҳамнафас ва дар асри технологияи иттилоотӣ муваффақ бошанд.
Қалам гуфто, ки ман 
шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад 
мерасонам.
Бигузор, қаламатон ҳа-меша сабзу ҳамсафари доимиатон бошад!

Алӣ ЧОРИЕВ,
роҳбари садорати Агентии кинематографияи ҷумҳурӣ дар вилояти Бухоро, номзади илмҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: