Умри инсон даргузар аст.
Мегӯянд, ки танҳо нафаре пушаймон нест, ки умри худро сарфи хидмати халқ карда, баъди худ зурриёти солеҳ ва шогирдони неку содиқ боқӣ гузошта бошад.
Агар ба зиндагиномаи шодравон Абдуллои Раҳмон, назар афканем, бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки ӯ аз умри хеш қаноатманду ризо буд.
Бо ташаббуси Маҳкам Ҷаъфарзода китобе бо унвони «Абадзинда» аз нашр баромад, ки алҳол мухлисони сершумори шоир бо паҳлуҳои зиндагӣ ва осори ӯ ҳарҷониба ошно мешаванд.
Китобро варақ мезанам. Зиёда аз 28 мақолаву хотира, ёдбуди шоир, ки аксари онҳо дар саҳифаҳои рӯзномаву моҳномаҳо чоп шуда буданд.
Дар китоб ду мақолаи камина низ ҷой дорад, ки яке «Мартабаи баланд аз ҳама унвонҳо», дигаре сӯгвории «Аз дори дунё бо ҳазорон дарди бедармон гузашт» аст.
Ба ҷойи сарсухан китоб бо пешгуфтори ба нахустмаҷмӯаи Абдулло Раҳмон – «Қадаҳи лола» навиштаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ибтидо мегирад.
«Дубайтиҳои Абдулло Раҳмон бо забони фасеҳ, шоирона, дардмандона ва бенуқс суруда шудаанд» – менависад ва дубайтиеро намуна меоварад:
Ду-се нокас ба ғафлат
доварӣ кард,
Ки ор аз шеваи лафзи
дарӣ кард.
Хиёнат бар Ватан созад,
касе к-ӯ,
Хиёнат бар забони модарӣ
кард.
Шогирди дигари Абдуллои Раҳмон Асадуллоҳ Исмоилзода аз дидорбинии охирини худ ҳарф зада, паҳлуи дигари истеъдоди шоирро рӯшан менамояд. Шоир пешомади умри худро медонист, ҳангоми беморӣ даҳчанд зиёдтар ба эҷод даст зад, аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ ҳар чӣ зиёдтар ҳаққи худро ситондан мехост. Чил ғазали Бобораҳим Машрабро бо маҳорати баланд ба тоҷикӣ гардонд, тарҷума дар шакли китоб ба табъ расид. Шоир китобро бӯсиду шукрона гуфт.
Мақолаи дигари шогирди шоир, «Ҳама гӯянд, ки ӯ беш аз он аст, ки мегӯӣ» ном дорад, ҳурмату эҳтиром ва ташаккури самимии худро изҳор намудааст, Саодат Сангинова мебошад, ки бо дастгирии Абдуллои Раҳмон ба майдони шеъру шоирӣ бо қадамҳои устувор ворид гардидааст.
Шоир Абдулбароти Қоди-рӣ (Огаҳӣ), аз хотираҳои ширини худ бо эҳтиром сухан ронда, бо шеъри шоир ҳусни хотима мебахшад:
Занӣ сад бор тирам зинда
монам,
Ман аз баъде, ки мирам
зинда монам.
Ба хокам гар супоранд,
аҳли байтам,
Миёни байти шеърам
зинда монам.
Дар қисмати дуюми китоб 21 марсияи ба ёди шоир бахшидаи дӯстон, шогирдон ва ҳамқаламони Абдуллои Раҳмон гирд омадааст.
Иноят ҶӮРАЕВА,
муаллимаи собиқадор.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.